logo

иҷтимоиёт

БАРҚ. ГУФТАНИҲОИ НОГУФТА

Инак, баъди интизориҳои тӯлонӣ нахус-тин мавсими тирамоҳу зимистон аст, ки тамоми гӯшаву канори Тоҷикистон ба таври ҳамешагӣ бо барқ таъминанд. Ҳар кас, вақте ки мафҳуми барқро мешунавад, дар тасаввуроташ ҳатман рӯшанӣ ва фаротар агар равад, мафҳуми гармӣ падидор мегардад. Аммо имрӯзҳо мардуми ҳунарманду гулдасти диёр барқро ба манфиати корҳои судмандтаре истифода бурда истодаанд, ки боиси хурсандист.

Абдураҳмон Розиқов, муҳандиси таҷ-рибадор, синнаш аз 80 гузашта бошад ҳам, имрӯзҳо чароғи устохонааш ҳар рӯз, баъзе маврид шабҳо ҳам фурӯзон аст. Ӯ қариб ҳама намуди асбоби барқиро таъмир мекунад. Мардуми деҳаи Ғазантараки Ҷамоати деҳоти Ғазантарак асбоби таъмирталаби худро пеши ӯ меоранд ва тавассути барқи доимӣ мушкилашонро зуд ҳал мекунанд.
- Бисёр хуб шуд, ки бо ташаббус ва дастгириҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҳдудияти барқ аз байн рафт. Ин иқдом на танҳо рӯшаниву гармӣ овард, балки барои оилаҳои камбизоат манбаи даромадро низ афзуд. Чунки ҳанӯз ҳам ҳастанд баъзе хоҷагиҳо, ки аз норасоии ҳезум, ангишт ва дигар маводи зарурии зимистонгузаронӣ танқисӣ мекашанд, - изҳор дошт Абдураҳмон Розиқов.
Обид Холов, сокини ноҳияи Рӯдакӣ дар ин маврид андешаҳояшро чунин изҳор дошт: «Набудани барқ, тамошо накардани телевизион ва камчин будани васоити ахбори омма дар фасли зимистон касро ба «беморӣ» - и бекорӣ гирифтор мекунад. Зеро воқеан ҳам, ба қавли донишмандону равоншиносон, бекорӣ бемории бисёр мудҳишест. Аммо ин мавсим ҳамроҳи писарам аз он беморӣ халос шудаем. Мо аслан, устои чӯбкорем. Дар хона сандалӣ, тахтаву тирак, сандуқ ва дигар асбоби рӯзгорро месозем. Аксари асбоби дар чӯбкорӣ истифодашаванда имрӯз бо барқ кор мекунанд ва ба зуддтару босифат шудани кор ёрӣ мерасонанд. Аз ин сабаб, бо доимӣ шудани барқ кори мо ҳам пешрафт кардааст».
Пирумшоҳ Қурбонзода, омӯзгор аз ноҳияи Нуробод дар суҳбат бо мо баён дошт, ки барқи доимӣ ба рушди мактабу маориф низ ҳиссаи бузург дорад. Ба гуфтаи ӯ, аксари дарсҳои технологияи информатсионӣ, ки марбут ба кори компютерист, бе дарсҳои амалӣ мегузашт. Хонанда дар бораи фаъолият ва сохтори компютер маълумоти шифоҳӣ мегирифт, аммо амалан омӯзгор бо ӯ кор карда наметавонист. Имӯзҳо таълим бо амалия тавъам гузаронда мешавад, ки албатта ба шарофати барқ аст.
Замира Муҳаммадшоева, сокини ноҳияи Рӯдакӣ ҳамчун кадбону афкори ҷолибе дошт: «Дар аксари ҷашну маросим ва идҳо маҳсулоти ширӣ ва шириниро аз бозор мехаридем. Аммо ҳоло барқ, ки дорем, аксари шириниҳоро худамон мепазем, хӯроку хӯришҳои гуногунро низ дар хона омода мекунем. Аз тарафи дигар, ба духтарони худ, ки ояндаи тарбияи фарзанд, пешбурди рӯзгор ва ҳунармандӣ аз онҳо тақозо мешавад, пухтупази маҳсулоти гуногун, хӯрок ва кор бо асбоби барқиро низ меомӯзонем».
Фирдавс Комилзода, сокини ноҳияи Деваштич низ аз имкониятҳои мавҷуда истифода бурда, бинои бекорхобидаеро аз маркази ноҳия ба иҷора гирифт ва коргоҳи хурди мебелсозӣ сохт. Барқ доимӣ шуду ӯ ҳам кори доимӣ ёфт. Мебел месозад, таъмир мекунад ва рӯзгорашро аз ҳисоби даромади коргоҳаш мегузаронад.

Б. БАҲОДУР, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 21.12.2017    №: 257    Мутолиа карданд: 203

13.07.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Ясмин Гуедар

Баррасии Барномаи дастгирии рушди неруи инсонӣ

Баргузории конфронси «Ҳунарҳои мардумӣ: эҳё, ҳолат, рушд ва дурнамо»

Пирӯзии теннисбози тоҷик дар ИМА

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Дар СҲШ зарурати тақвияти мубориза алайҳи терроризмро таъкид карданд

Трамп: «Путин рақиби ман аст, лек метавонад дӯст гардад»

Русия сазовори ҷоми макроиқтисодии ҷаҳон шуд

Бонки ҷаҳонӣ: «Бесаводии духтарҳо $30 триллион зарар меорад»

12.07.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Чари Атаев

Боздиди Прокурори генералӣ аз Бадахшон

Форуми ҷумҳуриявӣ дар Хоруғ ҷавононро ба ҳам меорад

Озмун бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

ДАНҒАРА. Ҷамъоварии ҳосили фаровони ғалла

Ҷаҳон дар як сатр

Дар Чин аз хавфи тӯфони «Мария» қариб 400 ҳазор нафар кӯчонда шуд

Созмони ҳамкории исломӣ ба музокироти сулҳ дар Афғонистон даъват мекунад

Чин бори нахуст ба раддаи 20 инноватсионитарин кишвар роҳ ёфт

Қазоқистон истеҳсоли гӯшти мурғро чор маротиба зиёд карданист

11.07.2018


Иштироки Музаффар Ҳусейнзода дар Муколамаи сатҳи баланд

Гулистон. Мактаби санъат сохта мешавад

Шуъбаи бемориҳои сироятии кӯдакона таҷдиду азнавсозӣ шуд

Аввалин толори намоиш ва фурӯши маҳсулоти ҳунарҳои мардумӣ ташкил гардид

БОХТАР. Озмуни "Намоиши ҳунарҳои мардумӣ"

Тайёрӣ ба Чемпионати Осиё оид ба қаиқронӣ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Помпео мавзӯъҳои асосии музокироти Путин ва Трампро ном гирифт

Дар ҳамоиши НАТО маблағгузории неруҳои амнияти Афғонистонро ҷонибдорӣ мекунанд

Аҳолии Замин дар як сол 83 миллион нафар афзуд

Қазоқистон истихроҷи нафтро зиёд мекунад

10.07.2018


Ҷаласа таҳти раёсати Сарвазири мамлакат

Баррасии пешгирии амалҳои коррупсионӣ

Дар арафаи Ҷашни 27 - солагии Истиқлолияти давлатӣ аввалин эстакада ба истифода дода мешавад

Пирӯзии навбатии Дилшод


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед