logo

иқтисод

ТЕРМИНАЛ. САБР МЕВАИ ШИРИН ДОРАД

Тавре сокинону меҳмонони Душанбешаҳр шоҳиданд, бо мақсади танзими дурусти ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар  гӯшаю канори пойтахт  бунёди терминалҳои мусофиркаш ба самтҳои гуногуни кишвар ба роҳ монда шудааст, ки аз иқдомҳои созандаи шаҳрдорӣ ном бурда мешавад. Дар доираи чунин бунёдкориҳо дар маҳаллаи километри 7 - уми шаҳр барои самтҳои Душанбе - Рашт, Душанбе - Кӯлоб ва Душанбе - Бадахшон сохтмони таваққуфгоҳи автомобилӣ ҷараён дорад. То имрӯз ҳарчанд корҳои сохтмонӣ ҳанӯз пурра ба анҷом нарасидаанд, вале бо истифода аз шароити фароҳамомада ронандагону кироякашони манотиқи Рашту Кӯлоб фаъолияти хешро дар ин макон чандест, ки ба роҳ монданд. Вале мусофирони хатсайри Душанбе - Бадахшон ҳанӯз аз таваққуфгоҳи мазкур истифода намебаранд. Дар ин бора номаи дастаҷамъие ба идораи рӯзнома ворид шуд, ки мо онро пайгирӣ кардем.
Дар нома аз ҷумла омадааст:

«Дар радифи созандагию бунёдкориҳо беҳбудӣ бахшидани танзими ҳаракати воситаҳои нақлиёт яке аз ҳадафҳои роҳбарияти шаҳри Душанбе мебошад. Раиси шаҳр аз рӯзҳои нахустини фаъолияти хеш ба ин масъала диққати ҳамаҷониба зоҳир намуда, чораҳои зарурӣ андешид. Аз ҷумла, дар маҳаллаи километри 7 - и  пойтахт барои самтҳои Душанбе - Рашт, Душанбе - Кӯлоб ва Душанбе - Бадахшон терминалҳои замонавӣ бо ошхонаю меҳмонхона ва марказҳои дигари хизматрасонӣ сохта шуда, ба ҳусни шаҳр зебоӣ зам намуданд. Моро зарур аст, ки  иқдомҳои хуби раиси шаҳр муҳтарам Рустами Эмомалиро дастгирӣ намоему дар беҳбудии яке аз соҳаҳои муҳими ҷомеа хизматрасонии нақлиётӣ саҳмгузор бошем. Аммо, чандест, ки роҳбарияти «Автоколоннаи 2927», воқеъ дар кӯчаи Назаршоев, 149 намегузорад, ки ронандагону кироякашони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз  ҶДММ «Терминал - роҳи сафед Душанбе - Рашт - Кӯлоб - Бадахшон» истифода намоянд».
Саймуъмин Бобоназаров, муовини якуми директори ҶДММ «Терминал - роҳи сафед Душанбе - Рашт - Кӯлоб - Бадахшон», дар ин бора чунин изҳор дошт: «Бунёди иншооти номбурда бо мақсади беҳтар намудани танзими ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар пойтахт сурат гирифта истодааст. Ронандагону мусофирони  минтақаҳои Кӯлоб ва Рашт ҳоло аз терминали мазкур истифода мебаранд. Вале ронандагону мусофирони водии Бадахшон ҳанӯз ба ин ҷо наомадаанд ва дар «Автоколоннаи 2927» боқӣ монданд. Ҳол он, ки автоколоннаи номбурда дар маҳали марказии пойтахт ҷойгир буда,  дар шароити афзудани ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар пойтахт он барои хизматрасонии нақлиётӣ носозгор аст. Аз ин рӯ, мо барои ронандагону мусофирони минтақаҳои Рашту Кӯлоб ва Бадахшон дар самти шарқии шаҳр хизматрасонии терминалро роҳандозӣ намудем…».
Барои огоҳӣ аз воқеияти ҳол сӯйи  ҶСК «Автоколоннаи 2927», воқеъ дар кӯчаи Назаршоев, 149 ва ҶДММ «Терминал - роҳи сафед Душанбе - Рашт - Кӯлоб - Бадахшон», кӯчаи Айнӣ, 122 роҳ пеш гирифтем. Дар воқеъ ронандагону кироякашони водии Бадахшон дар ҶСК «Автоколоннаи 2927» ҷой гирифтаанд, аммо масъала ранги дигар дорад. Хуршед Хизиров, сардори автоколонна, изҳор дошт, ки тибқи ҳуҷҷатгузориҳо ҷамъияти мазкур  барои  фаъолияти терминалӣ дар самти шаҳру ноҳияҳои Бадахшон иҷозатнома таҳти № 0026787 – ро доро мебошад. Ин ҳуҷҷат аз ҷониби Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт ба ҶДММ «Шоҳроҳи Бадахшон», ки дар ҳудуди ҶСК «Автоколонна 2927» воқеъ аст, аз 29 марти соли 2017 ба муҳлати панҷ сол дода шуд. Инчунин, аз ҷониби КВД «Нақлиёти автомобилӣ ва хизматрасонии логистикӣ» дар хатсайрҳои мусофирбарии байнишаҳрии Душанбе – шаҳру ноҳияҳои ВМКБ «Автоколонна 2927» ба муҳлати 3 сол муваззаф гардидааст. Бо вуҷуди ин, мо барои рафтани ронандагони самти ВМКБ ба терминали мазкур ҳеҷ монеагузорӣ накардем.
Дар ҳамин ҳол Қурбон Саидзода, муовини раиси шаҳри Душанбе, гуфт, ки «Айни замон ҶДММ «Терминал - роҳи сафед Душанбе - Рашт - Кӯлоб - Бадахшон» аз Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт фақат ҳамчун таваққуфгоҳ иҷозатнома гирифтааст. Шароити  он ба талаботи боби 5 – и Қоидаҳои ҳамлу нақли мусофирон  ва бори дастию боғоҷ бо нақлиёти автомобилӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи талабот ба терминалҳо ва тартиби кори онҳо ҷавобгӯ нест. Ҳоло муваққатан ҷиҳати ба низом даровардани фаъолияти воситаҳои нақлиёт, таъмини риояи ҷадвали ҳаракати мошинҳо ва тамбашавии онҳо дар пойтахт ронандагону кироякашони водиҳои Рашту Кӯлоб ба ин таваққуфгоҳи нақлиётӣ гузаронда шуданд. Ронандагону мусофирони ВМКБ дар ҳудуди ҶСК. «Автоколоннаи 2927» боқӣ монданд». 
Ҳамин тавр, таҳлил нишон дод, ки мавзӯи мавриди баҳс чандон сарбаста набуда, дар ояндаи наздик ҳалшаванда аст. Танҳо каме вақт мехоҳад, то сохтмони ҶДММ «Терминал - роҳи сафед Душанбе - Рашт - Кӯлоб - Бадахшон» пурра анҷом ёбад ва барои фаъолияти ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир шароитҳои мувофиқ фароҳам оянд. Тавре масъулон гуфтанд, маҳз бо ҳамин сабаб ронандагону мусофирони ВМКБ то имрӯз ба таваққуфгоҳи мазкур наомадаанд.   Умед аст, ки роҳбарияти  терминал сохтмони пурраи иншоотро ба зудӣ ба анҷом мерасонад ва баҳри хизматрасонии нақлиётӣ ба самтҳои Рашту Кӯлоб ва Бадахшон шароити зарурӣ муҳайё менамояд.

Шаҳбоз АБРОР,
Ташрифулло САЪДУЛЛОЕВ,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 21.12.2017    №: 257    Мутолиа карданд: 361

20.10.2018


 ИДМ. Нозирони навраси тоҷик дар мақоми аввал

 Болоравии тавлидоти маҳсулоти саноатӣ

Рушди чорводорӣ

КАРТОШКАПАРВАРӢ. Талошҳо самар медиҳанд

 "Подоши амал" дар фестивали байналмилалӣ

 Дар ноҳияи Восеъ беш аз 200 иншоот месозанд

ҶОМИ ТОҶИКИСТОН. Ғалабаҳои "Истиқлол" ва "Хуҷанд"

17.10.2018


РАШТ. Гусели 40 нафар ба хизмати ҳарбӣ

ТОҶИКОБОД. Ду коргоҳи нав дар хизмати сокинон

Вусъати омодагиҳо дар ноҳияи Спитамен

НОҲИЯИ РӮДАКӢ. 414 иншоот бунёд меёбад

ВАРЗИШГАРОНИ ТОҶИК ДАР ҚУВВАОЗМОИИ ҶАҲОНӢ

Бозиҳои олимпии наврасон. МЕДАЛИ НУҚРАИ БЕЖАН

16.10.2018


Тасдиқи нақшаи чорабиниҳо оид ба шинондани ниҳолҳо

Мунтахаби Тоҷикистон дар мусобиқаи "Bangabandhu Gold Cup" ҷои дувумро гирифт

БОЗИҲОИ ОЛИМПИИ НАВРАСОН. Мо соҳиби медал шудем

10.10.2018


Ҷаласаи Шӯрои вазирони мудофиаи кишварҳои узви ИДМ баргузор мешавад

Таҳкими ҳамкориҳои Бонки миллии Тоҷикистон ва БАТР

Дар Душанбе Фестивали байналмилалии «Чакан» доир мегардад

СУҒД. Бунёд ва таъмири 110 иншооти фарҳангӣ

РАШТ. Сохтмони 140 иншоот

РОШТҚАЛЪА. Вусъати созандагӣ

“SLOW FOOD”. Муаррифии гулмоҳии амударёӣ ва оши палов

МУНТАХАБИ ТОҶИКИСТОН ДАР ФИНАЛИ МУСОБИҚАИ "BANGABANDHU GOLD CUP"

09.10.2018


БАЛҶУВОН. Рӯ ба рушд

РАШТ. Авлавият ба ҳифзи муҳити зист

ТАНЗИМ. Қонуншиканон 25 ҳазор сомонӣ ҷарима шуданд

Сипоси сарвари ОПЕК Муҳаммад Баркиндо аз Владимир Путин

Сарони Россия ва Ӯзбекистон ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ карданд

Неруҳои эътилофи байналмилалӣ дар Афғонистон амнияти интихоботро таъмин месозанд

Лондон зери об мемонад?

Ҷаҳон дар як сатр

08.10.2018


Даҳ соли минтақаҳои озоди иқтисодӣ

ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ. Мунтахаби Тоҷикистон – барандаи медалҳои нуқра


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед