logo

фарҳанг

КИНО. АЗ КАМБУДИҲОИ ҶОЙДОШТА ТО БАРНОМАИ РУШД

Синамо як ҷузъи муҳими фарҳангро ташкил дода, муаррификунандаи таъриху тамаддун ва инъикоскунандаи ҳаёти имрӯзи мардум маҳсуб меёбад. Тамошогари тоҷик ба филмҳое, ки гузаштаву имрӯзро воқеъбинона инъикос намоянду  масъалаҳои муҳими ҳаёти ҷомеаро тасвир сохта, тарғибгари анъанаҳои миллӣ бошанд, беш аз пеш ниёз дорад. Ҳукумати мамлакат ҷиҳати таҳким бахшидани соҳа як қатор барномаҳои давлатиро қабул намудааст.
Бо мақсади дастгирии соҳа соли 2005 “Барномаи рушди кино барои солҳои 2006 - 2010” қабул гардид. Он то соли 2015 тамдид ҳам карда шуд. Дар ин давра як қатор корҳои назаррас анҷом ёфтанд. Аз ҷумла, азнавсозии заминаи моддию техникии “Тоҷикфилм” роҳандозӣ гардида, 44 филми гуногунмазмун рӯйи навор омад. Ҳамчунин, солҳои 2011 - 2015 аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ ба соҳа беш аз 7 миллион сомонӣ ҷудо гардид, ки дар доираи он “Тоҷикфилм” 50 филми нав, аз ҷумла 12 филми ҳунарӣ, 22 филми мустанад, 9 филми кӯтоҳ, 1 филми кӯдакона ва 6 филми аниматсионӣ истеҳсол кард. Соли равон аз ҷониби Ҳукумати ҷумҳурӣ “Барномаи рушди кинои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018 - 2022” қабул шуд.
Тавре Толиб Раҳматуллоев, муовини директори Киностудияи давлатии “Тоҷикфилм”, иброз дошт, барномаи мазкур самтҳои афзалиятнок, вазифа ва механизми татбиқи сиёсати давлатиро дар соҳаи кино муқаррар намуда, барои баланд бардоштани сифати истеҳсол ва намоиши филмҳо шароит фароҳам меорад. Асоси ин барномаро истеҳсоли кинои ватанӣ ташкил медиҳад.
Дар натиҷаи татбиқи он дар назар аст, ки 10 филми ҳунарӣ барои синамобазмҳои байналмилалӣ, 9 силсилафилми ҳунарӣ, 15 филми мустанад вобаста ба сохтмонҳои аср ва шахсиятҳои маъруф, 10 филми кӯтоҳи бадеӣ, 8 филми аниматсионӣ, 5 силсилафилми аниматсионӣ, 10 филми кӯтоҳи омӯзишӣ аз ҷониби мактаби кинематографистони ҷавон офарида шуда, 25 филм тарҷума ва дубляж карда шавад. Ҳамчунин, кинотеатрҳо низ барқарор мешаванд.
Боиси тазаккур аст, ки  солҳои охир саноати филмофарии тоҷик ба марҳилаи  нав ворид гардида, истеҳсол  ва мазмуну мундариҷаи филмҳо беҳтар гардид. Филмҳои  «Оинаи беҷило», “Гунҷишки сафед”, “Хоби ҳамдуна”  ва «Муаллим» ҷоизаҳои кинофестивалҳои байналмилалиро соҳиб гардиданд. Аммо, бо вуҷуди ин, камбудиҳо дар ин самт ҳанӯз ҳам ҷой доранд. Ҳамсуҳбати мо дар ин бора чунин гуфт:
- Воқеан ҳам, нарасидани мутахассисон аз масъалаҳои муҳими соҳа мебошад. Ҳоло «Тоҷикфилм» ба 36 мутахассис, аз ҷумла  коргардону филмноманависон, садобардору танзимгари  синамо ва садо, пиротехникҳо, наворбардорон, коргардони овоз, пардозгари  филм ва рассомон ниёз дорад, - афзуд Т. Раҳматуллоев. - Дар Корхонаи воҳиди давлатии “Тоҷиккино” низ вазъият чунин аст. Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати ба номи Мирзо Турсунзода яке аз муассисаҳои асосии омода намудани мутахассисон аст. Аммо он ниёзи соҳаро пурра қонеъ карда наметавонад. Аз ин рӯ, ба нақша гирифтаем, ки дар доираи барномаи мазкур ва дар ҳамкорӣ бо Вазорати маориф ва илм донишҷӯёнро ба донишгоҳҳои кинематографии хориҷи кишвар, аз ҷумла Русияю Фаронса ва Англияю Италия сафарбар намоем, то аз таҷрибаи пешқадам бархӯрдор гардида, ба ин восита барои рақобатпазир шудани синамои миллӣ саҳм гузоранд.
Набудани кинотеатрҳо аз мушкилиҳои дигари соҳа мебошад. Беш аз 70 дарсади аҳолии кишвар дар деҳот зиндагӣ мекунанд. Мутаассифона, дар бештари нуқтаҳои аҳолинишин  толорҳои намоиши филмҳо фаъолият намекунанд ва бо таҷҳизоти рақамии замонавӣ ҷиҳозонида нашудаанд. Кинотеатрҳои пойтахт низ аз қабили “Ватан”, “Орлёнок”, “Зебунисо” ва  “Ситора” ба таъмиру тармим ниёз доранд.
- Ҷиҳати мусбати барнома он аст, ки бо роҳи барқарор намудани толорҳо пеши тамоюли аз байн рафтани намоиши кино гирифта мешавад ва анъанаи хеле муҳими соҳа эҳё мегардад, - мегӯяд Сафар Ҳақдод,  раиси Иттифоқи синамогарони Тоҷикистон. - Чун тамошои филм дар кинотеатр таъсири дигар дорад ва муҳимтар аз ҳама фишангҳои фоидаовари иқтисодии синаморо ба кор медарорад. Ба андешаи ман аз барқарор кардани кинотеатрҳои пешин дида, сохтани кинотолорҳои нав (мултиплексҳое, ки 80 – 100 – 220 нафар ҷой доранд) қулайтар аст. Дар онҳо системаи ягонаи билети кинотеатрро ҷорӣ намуда, метавон намоиши сартосарии филмҳоро дар ҷумҳурӣ ба роҳ монд.  Маблағе, ки аз пахши филмҳо ба даст меояд, агар як қисмаш барои нигаҳдории толору бо таҷҳизот таъмин намудани он сарф шавад, қисми дигараш заминае мешавад, барои истеҳсоли филмҳои нав.
Мутахассисони соҳа пешниҳод менамоянд, ки бояд сохтори алоҳидаи кинематографияи миллӣ таъсис дода шавад ва сиёсати давлатиро дар соҳа татбиқ намуда, муносибати истеҳсол, пахш ва филмворидкунандаро  назорат ва ба танзим дарорад.

Меҳрангез ҚОДИРОВА, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 21.12.2017    №: 257    Мутолиа карданд: 563
03.07.2020


ХУҶАНД. ИФТИТОҲИ ГУЗАРГОҲИ ЗЕРИЗАМИНӢ

ЗАРУРАТИ ТАВСЕАИ ҲАМКОРИҲО ТАЪКИД ГАРДИД

ДАР ТОҶИКИСТОН АЗ КОРОНАВИРУС 4690 БЕМОР ШИФО ЁФТ

ДЗЮДО. КУРСИ ТЕХНИКӢ БАРОИ МУРАББИЁН

АЛЕКСАНДР ЛУКАШЕНКО: «БЕЛАРУС БАР КОРОНАВИРУС ҒОЛИБ ОМАД»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

02.07.2020


77 ДАРСАДИ БЕМОРОН ДАР ТОҶИКИСТОН СИҲАТ ШУДАНД

КУМАКИ ШИРКАТИ “ПОМИР ЭНЕРҶИ” БА НИЁЗМАНДОН

ҚАРИБ 650 ШАҲРВАНДИ ТОҶИКИСТОН АЗ РОССИЯ БАРГАШТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

01.07.2020


ҚАРОР ДАР БОРАИ ТАЪЙИН ВА ПАРДОХТИ КУМАКПУЛИИ ИҶТИМОӢ

4568 МУБТАЛОИ COVID – 19 ДАР ТОҶИКИСТОН ШИФО ЁФТ

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ИҚТИСОДИИ ИДМ

НИШАСТИ САТҲИ БАЛАНД ДАР ҚОЛАБИ С5+1

ЛИГАИ ОЛӢ. ЭҲСОН ВА ВИТАЛИЙ БЕҲТАРИНҲОИ МОҲИ ИЮН

НАҚШАИ РУШДИ ИДМ БО НАЗАРДОШТИ COVID-19 ТАТБИҚ МЕШАВАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

30.06.2020


МУРАШКО: «РОССИЯ ОМОДА АСТ, ВАКСИНАҲОИ КОРОНАВИРУСРО БА БОЗОРИ ҶАҲОНӢ ВОРИД СОЗАД»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

26.06.2020


75 ДАРСАДИ СИРОЯТЁФТАГОНИ COVID – 19 ДАР ТОҶИКИСТОН ШИФО ЁФТАНД

БОХТАР. ХИЗМАТЧИЁНИ ДАВЛАТӢ САВГАНД ЁД КАРДАНД

ФУТБОЛ. БОЗИИ РАФИҚОНАИ ДУ КИШВАРИ ДӮСТ

СУТ ХУРУҶИ НАВИ КОРОНАВИРУСРО ДАР АВРУПО ТАСДИҚ НАМУД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

25.06.2020


COVID – 19. ДАР ТОҶИКИСТОН 4194 СИРОЯТЁФТА СИҲАТ ШУД

24.06.2020


ХУШХАБАР. ДАР ТОҶИКИСТОН 73,8 ДАРСАДИ МУБТАЛОЁНИ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТАНД

АРАБИСТОНИ САУДӢ ҲАҶРО БАРОИ ЗОИРИНИ ХОРИҶӢ МАНЪ КАРД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

23.06.2020


ТОҶИКИСТОН. БОЗ 44 СИРОЯТШУДА СИҲАТ ШУД

АШТ. ОҒОЗИ МУМФАРШКУНИИ РОҲИ ШАЙДОН - ПОНҒОЗ

БОЗГАШТИ ШАҲРВАНДОНИ ТОҶИКИСТОН АЗ ҚАЗОҚИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН

ТАБИБОН НИШОНАҲОИ АСОСИИ КОРОНАВИРУСРО ДАР КӮДАКОН МУАЙЯН НАМУДАНД

ЛИГАИ НАВРАСОН ФАРДО БО ИШТИРОКИ 9 ТИМ ОҒОЗ МЕШАВАД

ИҚТИСОДИ ҶАҲОНӢ АЗ ПАНДЕМИЯ КАМАШ $126 МИЛЛИАРДРО ТАЛАФ ДОД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед