logo

иҷтимоиёт

ТАНЗИМ. РИОЯИ ҚОНУН КАФОЛАТИ ЗИНДАГИИ ШОИСТА АСТ

Яке аз рукнҳои асосии фарҳанги миллӣ анъана ва ҷашну маросим ба ҳисоб рафта, дар ҳаёти ҳар миллат бо шаклҳои  гуногун зуҳур меёбад. Хушбахтона, дар кишвари азизи мо, зиёда аз даҳ сол боз Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии  Тоҷикистон» мавриди амал қарор дошта, дар зиндагӣ ва рӯзгори мардум навгонӣ ва тағйироти куллиро ба миён овард.
Пеш аз ҳама марҳилаи амалишавии қонуни миллӣ тавонист, дар ташаккулу тафаккури миллати тоҷик ҷиҳати танзими расму оинҳои миллӣ мақсаднок хизмат намояд ва барои аз байн бурдани расму оинҳои нолозиму бегона имкон фароҳам оварад. Чунончӣ, аз маълумоти оморӣ бармеояд,  дар доираи талаботи қонун ва камхарҷ гузарондани маъракаҳо ба буҷети шаҳрвандони кишвар зиёда аз 17 миллиард сомонӣ пасандоз гардидааст. Ин далел баёнгари он аст, ки ба низом даромадани  расму оин  ва маросими  милливу динӣ мардуми кишварро то андозае аз хароҷоти зиёдатӣ боздошта, дар афкору равобит, муносибатҳои ҷамъиятӣ ва беҳбудии зиндагӣ дигаргуниҳои назаррасро ба миён овард.
Қобили зикр аст, ки амали даҳсолаи қонуни мазкур мардумро дар меҳвари арзишҳои миллӣ муттаҳид сохта, заминаҳои воқеии рушди ҷомеаро ба миён овард. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониашон ба ифтихори 10 - солагии ин санади муҳим, иброз доштанд: «Бо гузашти як даҳсола маълум шуд, ки қонуни мазкур барои ҳифзи арзишҳои фарҳанги миллӣ асос гузошт, суннатҳои диниву мардумиро ба танзим даровард, анъана ва маросиму ҷашнҳои миллиро мушаххасу дақиқ намуд, пеши роҳи хурофоту таассуб, худнамоиву зоҳирпарастӣ ва исрофкориву зиёдаравиро гирифт ва ба ҷорӣ гардидани низому тартиботи ягонаи баргузории чорабиниҳои милливу мардумӣ роҳ кушод». Ин суханони Сарвари давлат ишора ба мартабаи баланди Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» намуда, моро ба шинохти бештари вижагиҳо ва аҳамияти он дар рифоҳи зиндагии хеш даъват менамояд. Аз ин рӯ, табиист, ки риояи талаботи қонун ва амал кардан дар доираи муқаррароти он моро аз хуб ба хубтар мебарад
 
Сафаралӣ  СОБИРОВ,
Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон,
ноҳияи Ёвон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 21.12.2017    №: 257    Мутолиа карданд: 397

18.01.2019


Таҳдидҳои асосӣ ба иқтисоди ҷаҳонӣ номбар шуданд

Гумонбари омодасозии ҳамла ба Қасри сафед ба даст афтод

Дар Чин қаллобонро барои фиреб ҳабси абад карданд

29 миллион сом зарари собиқадорони сохта

Ҷаҳон дар як сатр

17.01.2019


Тамдиди шартномаи ФФТ бо "Сомон Эйр"

60 ДАРАҶА ХУНУКӢ ВА ДАВИ 50 - КИЛОМЕТРАИ ЭКСТРЕМАЛИ МОЛДАВӢ

16.01.2019


Пирӯзии мунтахаби Тоҷикистон бар Эрон

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Роҳандозии моратории дусола дар Тоҷикистон

Нақшаи Brexit дар парламенти Британия рад карда шуд

Кремл роҳи ҳалли буҳрони Украинаро пешниҳод намуд

Ифтитоҳи онлайн-донишгоҳ барои гурезаҳо дар Италия

15.01.2019


Ҷаласаи ҷамъбастӣ таҳти раёсати муовини Сарвазири мамлакат

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Абдулазиз Комилов

Ёдгор Файзов: «Соли 2018 соли таҳкими волоияти қонун дар Бадахшон буд»

ХУҶАНД. 1548 медали варзишгарон дар як сол

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Созишномаи сулҳ – мавзӯи асосии мулоқоти Путин ва Абэ хоҳад шуд

Савдои хориҷии Чин соли 2018 натиҷаи рекордӣ нишон дод

Дар Алмаато гурӯҳи хориҷиёни террорист боздошт шуд

То соли 2024 аҳолии Қирғизистон бо оби ошомиданӣ пурра таъмин мешавад

10.01.2019


Дар Саразм осорхона ва меҳмонхонаи замонавӣ бунёд мешаванд

Вохӯрии Парвиз Давлатзода бо Владимир Норов

Ҷаласаи Шӯрои кор бо ҷавонон

“ГАНҶИ СУХАН” – маҳфили адибпарвар

РӮШОН. Ифтитоҳи маркази дуошёнаи савдо

Муҳаммад Салоҳ – беҳтарин футболбози Африқо

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Самарқанд мизбони нахустмулоқоти «Ҳиндустон – Осиёи Марказӣ»

Баргардондани 47 шаҳрванди Қазоқистон аз Сурия

Остона ба гузарондани Ҳамоиши ҷаҳонии туризми шаҳрӣ омодагӣ мегирад

Дар Беларус бори нахуст ҳукми қатл содир шуд

09.01.2019


Таҷлили 110 - солагии аллома Бобоҷон Ғафуров


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед