logo

сиёсат

ИЛМ ВА АМНИЯТИ МИЛЛӢ

Аз ҷиҳати сиёсӣ истилоҳи  “амният” ҳаммаънои калимаи “давлат” буда, таҳти мафҳуми  “давлат” муҳимтарин системаи сиёсӣ - зарурати таъмини амнияти худи инсон ва ҷомеа дар назар дошта мешавад. Амнияти миллӣ хосси як самт набуда, ҳамаи кори давлатдорию давлатсозӣ, аз ҷумла ҳимояи сарҳад, иқтисод, фарҳанг, дин, пешгӯи аз бесарусомониҳо, зуҳури гурӯҳҳои экстремистӣ, террористӣ ва боз чандин ҷабҳаҳои дигарро зери назорати худ мегирад.

Амнияти давлат мафҳуми системавӣ буда, он аз ячейкаи одии давлат оғоз ва дар олитарин муассисаҳои давлатӣ ба тарзи принсипиалӣ таҷассум меёбад. Муҳтавои ин масъала дар Конститутсияи асосии кишвари мо низ сабт гаштааст. Тибқи он, дар давлат шахсият, муассиса, корхонае вуҷуд надорад, ки амали вай берун аз манфиатҳои таъмини амнияти давлат мавриди назар гирифта шавад.
Агар ба хотири барпо кардани давлат чи қадар ҷоннисориҳо шуда бошад, барои ҳифз кардан, дар амну осудагӣ ва рушду тараққӣ нигоҳ доштани он на камтар аз он ҷоннисорӣ мехоҳад. Фаъолияти ҳаррӯзаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -  Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нишонгар ва намунаи олии ҳамин гуна муносибат ба тақдири имрӯзу ояндаи давлати мо мебошад.
Хатарҳое, ки зидди осудагии як миллат, барои ба гирдоби бало андохтани он тарҳрезӣ  мешаванд, зуҳуроти тасодуфӣ нестанд. Дар асоси нақшаҳои муайян коркардашуда, аз ҷумла таҷрибаи хадамоти махсуси давлатҳои манфиатдор роҳандозӣ мегарданд. Терроризм, экстремизм, дигар намудани тахрибкорӣ ба муқобили субъекти муносиботи байналхалқӣ, давоми “сиёсати сиёҳ” - и кишварҳои манфиатдор бо роҳ, усул ва методҳои дигар мебошад.
Падидаҳои “ДОИШ”, “Ал - Қоида”, “ҲНИТ”, “Ваҳҳобия”, “Салафия”, “Ҳизбу - т - таҳрир” ва монанди ин ҷараёнҳои террористиву тундрав зуҳуроти нав нестанд. Ин гуна ҳаракатҳо дар таърихи инсоният ҳазорҳо сол инҷониб вуҷуд доштанд, аммо ба  шаклҳои дигар.
Таҳлили нутқи хаттӣ ва шифоҳии ашхоси муайяни мавриди назар тавассути воситаҳои электронӣ, ки аз дуриҳои дур гоҳ - гоҳе “доди ватанхоҳӣ” мезананд, мисоли ҳамин гуна тасаввуроти сода, омиёна нисбат ба миллат, давлат, давлатсозӣ ва давлатдорӣ мебошад. Онҳо ин корро саҳл шумурдаанд. Мехоҳанд бо ҳар роҳ ба он даст дошта бошанд, бо тақдири миллат бозӣ кунанд.
Дар замоне, ки қудрати офариниши инсон ба дараҷаи ҳайратангез расида, қадри арзишҳои маънавӣ коҳиш меёбад, такрор ба такрор рӯ овардан ба мероси маънавии ниёгон тақозои замон аст.  Дар гузашта инсонҳоро ба василаи зӯроварӣ ва пӯшондани “пӯсти уштур” манқурт месохтанд. Имрӯз ба тариқи ВАО ва технологияи муосир ин амалро ба сомон мерасонанд. Инро дар мисоли кинофилмҳо, киноклипҳо, интернет, шиорҳои озодӣ метавон дид.
Дар тақдиру толеи инсоният ҳеҷ гоҳ монанди имрӯз барои рушд ва инкишофи сохтори тафаккуру тасаввур имконият фаро нарасида буд. Дар замоне, ки мо онро пасонавгароӣ (пасомодернизм) мехонем, зарур аст, ки “инсоншиносӣ”, “психология ва таҳлили психологӣ” барин илмҳо ба ҷавонон боз ҳам васеътар омӯзонда шаванд.
Хулоса, омӯзиши фарохтари донишҳои илмӣ дар самти таъмини амнияти миллӣ нақши муассир дошта метавонад. Бе донишҳои илмӣ ба осонӣ метавон мафтуну пойбанди овозаҳо, суханҳои бофта, беасос, ғаразнок, айбҷӯии бедалели хатарнок ва хурофот гашт.
Абдусаттор АЗИЗЗОДА,
донишҷӯи ДДТТ ба номи Абуалӣ ибни Сино


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 25.12.2017    №: 259    Мутолиа карданд: 845
15.04.2021


ВМКБ. ВОХӮРӢ БО НАМОЯНДАГОНИ МАРКАЗИ ИЛМӢ-ФАРҲАНГИИ РОССИЯ

ВАО: РАИСИ ҶМЧ БА ИШТИРОК ДАР САММИТ ОИД БА ИҚЛИМ МАЙЛ ДОРАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

НАВБАҲОР ГУЛ МЕКУНАД

НОҲИЯИ ФИРДАВСӢ. ҲАВАСМАНДГАРДОНИИ ХИЗМАТЧИЁНИ ҲАРБӢ ДАР МАДДИ АВВАЛ

“ПАРВИН”. БЕҲТАРИНҲО ҚАДР ШУДАНД

14.04.2021


ҶАМЪБАСТИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ "САЙРИ ГУЛИ ЛОЛА"

ҲИЛОЛИ АҲМАРИ ТОҶИКИСТОН. КУМАК БА ЗИЁДА АЗ 9300 НИЁЗМАНД БА МУНОСИБАТИ МОҲИ РАМАЗОН

Навидҳои фарҳанг

Табрикоти кайҳоннавардон ба муносибати 60-солагии парвози инсон ба кайҳон

Ҷаҳон дар як сатр

12.04.2021


КИТОБИ «ТОҶИКОН» ДАСТРАСИ СОКИНОНИ НОҲИЯИ САНГВОР ГАРДИД

НУРОБОД ДАР СӢ СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТ

СУҒД. ФЕСТИВАЛИ ВИЛОЯТИИ «ҲУНАР БЕҲТАР АЗ ЗАР БУВАД» БАРГУЗОР МЕГАРДАД

СУҒД. 420 000 СОМОНӢ ГРАНТ БАРОИ ЗАНОНИ ҲУНАРМАНДУ ЭҶОДКОР

МЕРОСИ ТАЪРИХИЮ ФАРҲАНГӢ. ҲАМОИШИ МУҲИМИ КОРШИНОСОН

«КАДБОНУИ БЕҲТАРИН» МУАРРИФИИ ҒОЛИБОНИ ОЗМУН

ЛИГАИ ОЛӢ

09.04.2021


ТОҶИКИСТОН ВА АМА. ГУСТАРИШУ ТАҲКИМИ ҲАМКОРИҲО ТАЪКИД ШУД

ОЛМОН БО РОССИЯ ОИД БА ДАРЁФТИ «СПУТНИК V» МУЗОКИРОТ МЕГУЗАРОНАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

08.04.2021


ТОҶИКИСТОН – МАҶОРИСТОН. САҲИФАИ НАВИ ҲАМКОРӢ БОЗ ШУД

САРВАРИ ВКХ ПОКИСТОН РОССИЯРО ОМИЛИ УСТУВОРӢ ДАР МИНТАҚА ВА ҶАҲОН НОМИД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ТАСВИРИ ОБ ДАР АСАРҲОИ РАССОМОНИ ТОҶИКИСТОНӢ

«ХУҶАСТА БОД ИСТИҚЛОЛ!»

Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин бо Армида Салсия Алишаҳбана

МАГНОЛИЯ. НИҲОЛИ НОДИР ДАР ХУҶАНДИ БОСТОН

07.04.2021


МИСГАРӢ — БОЗГӮИ РАМЗҲО ВА АНЪАНАҲОИ МАРДУМӢ

«ТЕРРОРИЗМ РЕЛИГИОЗНЫХ ЭКСТРЕМИСТОВ...»

Лавров: «СММ низоъҳоро дар дунё муваффақона ба низом меоварад»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ФУТБОЛ

06.04.2021


ВМКБ. НАҚШАИ ДАЪВАТ ДАР ЯК РӮЗ ИҶРО ШУД

ИШКОШИМ. ҒОЛИБОН БА НОҲИЯ БАРГАШТАНД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед