logo

иқтисод

АШЁИ ХОМ АЗ МО, ФОИДААШ АЗ ДИГАРОН. ЧАРО?

Имрӯз содироти пӯст асосан ба шакли маҳсулоти нимтайёр сурат  мегирад. Пашмро ҳам ба чунин тарз мебаранд. Маҳсулоти табиии ватанӣ ба шакли ашёи хом берун рафта, боз ба нархи даҳчанд ҳамчун моли тайёр ба бозорҳои ҷумҳурӣ бармегардад. Чанд сол муқаддам дар  шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ коргоҳҳои коркарди пӯсту пашм таъсис ёфта буданд. Аз ҷумла, Иттифоқи «Тоҷикматлубот» дар шаҳри Ваҳдат корхонаи коркарди пӯсту пашмро ба кор андохт. Коргоҳ дар оғози фаъолият дар як соат 8 тонна пашмро шуста, барои истифода омода мекард. Аммо баъди як муддати кӯтоҳи фаъолият ба мушкилӣ дучор шуду кор  қатъ гардид.
Соли 2008 Ҳукумати ҷумҳурӣ «Барномаи коркарди пурраи ашёи хоми чорво (пӯст ва пашм) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2015» - ро қабул  кард. Қабули барнома чанд баробар бештар коркард кардани пӯсту пашмро дар назар дошт. Соли 2015 мувофиқи нақша  бояд дар кишвар 2 миллион дона пӯст коркард гардида, маҳсулоти аввалияи пашм ба 6495 тонна  мерасид.
Бино ба иттилои Вазорати саноат ва технологияҳои нав, он сол дар кишвар 1 миллиону 117 дона пӯст коркард гардид, ки назар ба як соли пеш 1 ҳазору 400 дона бештар буд. Соли  гузашта дар ҷумҳурӣ коркарди аввалияи пӯст 492 ҳазору 524 дона ва давоми 9 моҳи соли равон 379 ҳазору  779 донаро ташкил медиҳад. Аммо айни замон  пӯст бе коркард, бар ивази ба ҳар тонна 300 евро супурдан ба хориҷи кишвар содирот  мешавад. Пашм бошад, соли пешин  6 ҳазору 409,5 тонна ва тӯли 10 моҳи соли ҷорӣ 6 ҳазору 622 тонна истеҳсол шудааст.
Месазад, ки корхонаҳои коркарди пӯсту пашмро фаъолтар гардонем.Ҷамъоварию захира кардани пӯст ҳам тартиботу назорати худро дошта, ба исрофи он набояд роҳ дод. Дар баробари сохторҳои марбутаи давлат дар шаҳру ноҳияҳо нуқтаҳои махсуси қабули пӯст вуҷуд надоранд. Пашму пӯст дар ҷумҳуриамон бисёр асту  туфлиҳои бадошту зебо ва сарулибос аз чарму пашми маҳаллӣ кам.
Шаш сол қабл Ҳукумати кишвар ба хотири  дар дохили ҷумҳурӣ бештар  мавриди истифода қарор гирифтани пӯсту пашм содироти коркарднашудаи ин ашёи хоми саноатиро муваққатан манъ карда буд. Масъулони мақомоти дахлдор он вақт гуфта буданд, ки ин иқдоми Ҳукумат коркарди пашмро  чор дарсад бештар кардааст. Бояд то имрӯз корхонаҳои соҳа  бештар фаъол мешуданду  маҳсулоти коркардшуда афзун. Аммо то ҳол кори назаррасе дар ин самт анҷом дода нашудааст. Корхонаҳои соҳа дар ҳалли мушкилоти пеши рӯи худ оҷизанду  бархеи дигар самти фаъолияташонро дигар кардаанд.
Пештар пашми дурушту сиёҳи дар ҷумҳурӣ чандон талабот надоштаро пас аз покизаву коркард кардан ба кишварҳои Русияву Эрон содир мекарданд. Чуноне мутахассисони соҳа зикр мекунанд, қариб 14 дарсади қолинҳои гаронарзиши ҷаҳон, ки бо даст бофта мешаванд, аз пашманд. Аз оне, ки қолинҳои қиматбаҳо дар кишварамон харидор надоранд, дар саноати сабук истифодаи пашми сиёҳ хеле ночиз мебошад.
Солҳои охир саршумори  чорво дар ҳоли афзоиш аст. Аз ҷумла саршумори моли майда дар қиёс ба соли гузашта афзуда, қариб  ба  5 миллиону 600 ҳазор сар баробар аст. Ин гувоҳи он мебошад, ки пӯсту пашм – ашёи хоми  саноатии аз ҷиҳати экологӣ тозаю табиӣ   барои пурра фаъолият кардани  корхонаҳои мавҷудаи соҳа ва таъсиси коргоҳҳои нав  дар оянда кофист. Пас, бояд тадбиру чора андешем. Ба   молу маҳсулоти хориҷӣ ҳавас дорем. Аммо намеандешем, ки ашёи хоми моро арзон харида, ба хости дилашон  нарх гузошта, боз ба мо мефурӯшанд. Имкон дорем, ки онро худамон истеҳсол намоему  арзонтар ба аҳолӣ фурӯшем. Илоҷи ин кор дар дасти сарварони Вазорати саноат ва технологияҳои нави ҷумҳурист, ки бояд барои ҳалли ин масъала тадбирҳои мушаххас андешанд.
У. МУРОД, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 25.12.2017    №: 259    Мутолиа карданд: 198

13.07.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Ясмин Гуедар

Баррасии Барномаи дастгирии рушди неруи инсонӣ

Баргузории конфронси «Ҳунарҳои мардумӣ: эҳё, ҳолат, рушд ва дурнамо»

Пирӯзии теннисбози тоҷик дар ИМА

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Дар СҲШ зарурати тақвияти мубориза алайҳи терроризмро таъкид карданд

Трамп: «Путин рақиби ман аст, лек метавонад дӯст гардад»

Русия сазовори ҷоми макроиқтисодии ҷаҳон шуд

Бонки ҷаҳонӣ: «Бесаводии духтарҳо $30 триллион зарар меорад»

12.07.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Чари Атаев

Боздиди Прокурори генералӣ аз Бадахшон

Форуми ҷумҳуриявӣ дар Хоруғ ҷавононро ба ҳам меорад

Озмун бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

ДАНҒАРА. Ҷамъоварии ҳосили фаровони ғалла

Ҷаҳон дар як сатр

Дар Чин аз хавфи тӯфони «Мария» қариб 400 ҳазор нафар кӯчонда шуд

Созмони ҳамкории исломӣ ба музокироти сулҳ дар Афғонистон даъват мекунад

Чин бори нахуст ба раддаи 20 инноватсионитарин кишвар роҳ ёфт

Қазоқистон истеҳсоли гӯшти мурғро чор маротиба зиёд карданист

11.07.2018


Иштироки Музаффар Ҳусейнзода дар Муколамаи сатҳи баланд

Гулистон. Мактаби санъат сохта мешавад

Шуъбаи бемориҳои сироятии кӯдакона таҷдиду азнавсозӣ шуд

Аввалин толори намоиш ва фурӯши маҳсулоти ҳунарҳои мардумӣ ташкил гардид

БОХТАР. Озмуни "Намоиши ҳунарҳои мардумӣ"

Тайёрӣ ба Чемпионати Осиё оид ба қаиқронӣ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Помпео мавзӯъҳои асосии музокироти Путин ва Трампро ном гирифт

Дар ҳамоиши НАТО маблағгузории неруҳои амнияти Афғонистонро ҷонибдорӣ мекунанд

Аҳолии Замин дар як сол 83 миллион нафар афзуд

Қазоқистон истихроҷи нафтро зиёд мекунад

10.07.2018


Ҷаласа таҳти раёсати Сарвазири мамлакат

Баррасии пешгирии амалҳои коррупсионӣ

Дар арафаи Ҷашни 27 - солагии Истиқлолияти давлатӣ аввалин эстакада ба истифода дода мешавад

Пирӯзии навбатии Дилшод


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед