logo

иҷтимоиёт

ПОЙТАХТ. ТАТБИҚИ ҚОНУНИ ТАНЗИМ ДАР МЕҲВАРИ ТАВАҶҶУҲ

Ба татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар пойтахти  мамлакат шаҳри Душанбе таваҷҷуҳи зиёд зоҳир мегардад.
Бино ба гуфтаи Абдуалим Нораков, мудири шуъбаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросими миллии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, иҷрои муқаррароти қонун зери назорати ҷиддӣ қарор дошта, давоми 11 моҳи соли ҷорӣ дар шаҳр 129 ҳолати қонуншиканӣ вобаста ба танзим сабт шудааст. Нисбат ба онҳое, ки ба қонуншиканӣ даст задаанд, протокол тартиб дода шуда, барои чораандешӣ ба суд пешниҳод гардидааст.
Зимни санҷиш аз тарафи комиссияҳои доимии танзими анъана ва ҷашну маросими миллии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он маълум гардид, ки дар бархе аз тарабхонаҳо тартиби истифодаи шартномаҳои тарафайн дуруст ба роҳ монда нашудааст. Аз ин рӯ, бо мақсади ба низом даровардани кор дар ин самт ва дигар масоили вобаста ба татбиқи қонун, дар ҳамкорӣ бо кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросими миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 1678 санҷиши муштарак доир ба ошкор ва пешгирии қонуншиканиҳо гузаронда шуд.
- Ҳамзамон, бо иштироки намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди конститутсионӣ, Суди Олӣ, Вазорати адлия, Маркази миллии қонунгузорӣ, кумитаҳои оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросими миллӣ, кор бо занон ва оила, ҷавонон ва варзиш, Академияи илмҳо, Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, иттифоқҳои нависандагон ва рӯзноманигорон, ҷиҳати фаҳмондани муҳтавои асосии тағйиру иловаҳои воридшуда ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 28 августи соли 2017 дар шаҳраку маҳаллаҳои пойтахт як қатор мулоқоту вохӯриҳо доир шуданд, - гуфт Абдуалим Нораков.
Қурбон АҲМАДЗОД,
“Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 25.12.2017    №: 259    Мутолиа карданд: 124

18.04.2018


Вохӯрии Сироҷиддин Аслов ва Рашид Мередов

Сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ матраҳ гардиданд

Тақвияти мубориза алайҳи терроризм

Тавсеаи ҳамкориҳои гумрукӣ

Футболи соҳилӣ дар Тоҷикистон

МАЛАЙЗИЯ. Дастоварди навбатии хонандагони тоҷик дар олимпиада

Меркел зарурати вохӯрӣ бо Путинро таъкид намуд

Могерини: «24-25 апрел дар Брюссел қазияи Сурия баррасӣ мегардад»

Аз чор се ҳиссаи аҳолии Яман ниёзманди ёрии башарист

Туркманистон бандари $2 миллиардиро мекушояд

17.04.2018


Омодагӣ ба интихоботи миёнадаврӣ

«Роҳбалади беҳтарин» озмуни КИ ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб

Рӯзи илм таҷлил гардид

Дурахши дзюдогарони кишвар дар ҷомҳои Аврупову Осиё

Вашингтон вақтҳои наздик низомиёнашро аз Сурия мебарорад

Нигаронии президенти Олмон аз дуршавии бештари Русия ва Ғарб

Департаменти ИМА барои идомаи муколама бо Димишқ шарт гузошт

Коршиносон то 100 доллар расидани нархи нафтро пешгӯӣ карданд

16.04.2018


Баргузории ҷаласаи Кумитаи тадорукоти Конференсияи байналмилалии сатҳи баланд

Вохӯрии Сироҷиддин Аслов ва Ли Ён Хо

Иҷлосияи 23-юми Шӯрои вазирони корҳои хориҷии Созмони ҳамкории иқтисодӣ доир мешавад

НОҲИЯИ РӮДАКӢ. Ифтитоҳи ду бинои таълимӣ

13.04.2018


Оғози бунёди «Қасри Бахт»

Густариши ҳамкориҳои байнипарлумонӣ

Мулоқоти Ҳамрохон Зарифӣ ва Кэйҷи Фуруя

Баррасии масъалаи дастрасии хизматрасониҳои молиявӣ ба соҳибкории хурду миёна ва аҳолӣ

«Шоми мақом»

Варзиш

Меркел ба зарбазании Сурия ҳамроҳ шудан нахост

Пушков: «Бе Русия СММ дуюм НАТО мешавад»

Меваю сабзавоти Осиёи Миёна бо ёрии Вашингтон ба Прибалтика меравад

Ҷанҷоли «нобелӣ» дар академияи Шведсия

Роҳандозии низоми шинохти фаврии чеҳра дар Чин

12.04.2018


НОҲИЯИ ҶАББОР РАСУЛОВ 93 км роҳ таъмир мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед