logo

иҷтимоиёт

КОРКАРДИ ГИЁҲ. РУШДИ СОҲАРО ЗАМОНА ТАҚОЗО МЕКУНАД!

Дар Паёми имсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаи саломатии аҳолӣ, бавижа коркарди гиёҳҳои шифобахши кишвар таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид. Дар ин замина, таъкид шуд, ки бо вуҷуди мавҷуд будани зиёда аз 3500 намуди гиёҳҳои дармонӣ ҷараёни коркард ва пешниҳоди онҳо ба мардум қонеъкунанда нест. Дар ин маврид, суҳбате доштем бо директори Маркази таълимӣ -  истеҳсолии «Ҷамъоварӣ ва коркарди гиёҳҳои шифобахш» Муҳсиддин Холбобоев.
-  Дар маркази мо се дастгоҳи замонавӣ барои коркард ва истеҳсоли доруҳои гиёҳӣ фаъоланд. Онҳо барои гиёҳҳоро резаву хока кардан ва барои омода сохтани халтачаҳои полоишӣ хизмат мекунанд. Бо пешниҳоди Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон аз соли 2018 воридоти технологияҳои навтарин барои корхонаҳои дорусозӣ аз андоз ва арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод карда мешаванд. Бовар дорем, ки аз ин имконияти муносиб истифода бурда, шумори дастгоҳҳоро зиёд мекунем ва гиёҳҳои дигарро низ мавриди истифода қарор медиҳем. Ҳоло дар муассисаи мо даҳ намуди гиёҳчой: пудина, гули бобуна, субинак, чойкаҳак, сӯзанкаҳ, чачрақӣ истеҳсол шуда, ба дорухонаҳои ҷумҳурӣ тақсим карда мешавад, - изҳор медорад Муҳсиддин Холбобоев.
Ба гуфтаи ӯ, аксари гиёҳҳое, ки ҳоло Тоҷикистон роҳу усулҳои коркарди онро пайдо кардааст, дар замони шӯравӣ набуд ё ба истеҳсоли онҳо таваҷҷуҳи кам зоҳир мегашт. Муассисаи мазкур фаъолияти худро аз 25 сентябри соли 2013 дар заминаи осоишгоҳи муассисаи давлатии таълимии  коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ ба роҳ монда, асосан барои истеҳсоли доруворӣ, коркарди гиёҳҳои шифобахш, савдои чаканаи маводи доруӣ ихтисос ёфтааст. Ин гиёҳшинос соли ҷорӣ бо донишҷӯёни ихтисосманд ба минтақаҳои Сари Хосор, Канаск, Шамсиддин Шоҳин, Харангон сафар намуда, шинохти гиёҳҳо, шарту шароити хушконидан, коркарди аввалия ва дигар вижагиҳои гиёҳдармониро амалан ба онҳо омӯзондааст.
Пас аз дидани коргоҳ ва анбори маҳфуздории гиёҳҳо маълум гашт, ки барои истеҳсоли гиёҳҳои дармонӣ техникаву технологияи мураккабу гаронарзише лозим нест. Роҳи омода карданашон басо содаву аз назари хароҷот ҳам гарон нест. Ду таҷҳизотро худи роҳбарият ва мутахассиони ин коргоҳ дуруст кардаанд ва дастгоҳи қуттисозиро аз Чин овардаанд. Марказ аз рӯзи таъсисёбӣ то имрӯз 50 ҳазор қуттии гиёҳчой истеҳсол намудааст. Кору фаъ-олияти он бо машғулиятҳои амалии донишҷӯёни факултети кори форматсевтӣ якҷоя ҷараён мегирад.
- Аксари кишварҳои пешрафта гиёҳҳоро на танҳо барои омода кардани доруворӣ, балки барои истеҳсоли маҳсулоти гуногуни тозашӯӣ, собун, атр, гулоб, хокаҳои гуногуни дандошӯӣ ва ғайраҳо васеъ истифода мебаранд. Бавижа, дар Чин гиёҳдармонӣ чунон рушд ёфтааст, ки  ҳатто молу маҳсулот, аз ҷумла гиёҳчойҳои чинӣ имрӯз дар Тоҷикистон мавриди истифодаи мардум қарор дорад. Аммо, агар дар кишвари мо чунин гиёҳҳои шифобахш набошанд, пас бояд рӯ ба дигар маҳсулоти хориҷӣ овард. Вақте ки сарзамини худамон аз чунин гиёҳҳо саршор асту дар гузашта низ мактаби бузурги гиёҳдармонӣ дорем (дар саргаҳаш Ибни Синову Закариёи Розӣ меистанд), бояд худамон истеҳсол кунем. Мо дар оянда нияти истеҳсоли зиёда аз 40 намуди гиёҳчойро дорем, - таъкид мекунад Муҳсиддин Холбобоев.
Мақсади ташкил намудани чунин марказ пеш аз ҳама омода кардани мутахассисони соҳаи гиёҳдармонӣ, ки дар Тоҷикистон теъдодашон кам аст ва беҳтар сохтани раванди таълим тавассути таҷрибаомӯзӣ дар коллеҷ маҳсуб меёбад.
Сарвари давлат ҷиҳати бо таҷҳизоти муосир таъмин намудани озмоишгоҳи ташхиси маводи доруворӣ ва молҳои тиббӣ ба масъулон супоришҳои мушаххас дода, таъкид намуданд, ки фаъолияти 32 корхонаи хурди соҳа ва 240 номгӯйи маводи доруворӣ ва тиббӣ ҳанӯз ниҳояти кор нест. Аз ин рӯ, истифода аз имконот, овардани технологияи муосир, сарфи дурусти маблағҳои ҷудогардида ва ташкили инфрасохтори муосири табобативу солимгардонӣ ба рушди коркарди гиёҳҳо мусоидат карда, воридоти пайвастаи дорувории хориҷиро ба кишвар коҳиш медиҳад.
Бузургмеҳри БАҲОДУР,
«Ҷумҳурият»  


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 26.12.2017    №: 260    Мутолиа карданд: 296

17.10.2018


РАШТ. Гусели 40 нафар ба хизмати ҳарбӣ

ТОҶИКОБОД. Ду коргоҳи нав дар хизмати сокинон

Вусъати омодагиҳо дар ноҳияи Спитамен

НОҲИЯИ РӮДАКӢ. 414 иншоот бунёд меёбад

ВАРЗИШГАРОНИ ТОҶИК ДАР ҚУВВАОЗМОИИ ҶАҲОНӢ

Бозиҳои олимпии наврасон. МЕДАЛИ НУҚРАИ БЕЖАН

16.10.2018


Тасдиқи нақшаи чорабиниҳо оид ба шинондани ниҳолҳо

Мунтахаби Тоҷикистон дар мусобиқаи "Bangabandhu Gold Cup" ҷои дувумро гирифт

БОЗИҲОИ ОЛИМПИИ НАВРАСОН. Мо соҳиби медал шудем

10.10.2018


Ҷаласаи Шӯрои вазирони мудофиаи кишварҳои узви ИДМ баргузор мешавад

Таҳкими ҳамкориҳои Бонки миллии Тоҷикистон ва БАТР

Дар Душанбе Фестивали байналмилалии «Чакан» доир мегардад

СУҒД. Бунёд ва таъмири 110 иншооти фарҳангӣ

РАШТ. Сохтмони 140 иншоот

РОШТҚАЛЪА. Вусъати созандагӣ

“SLOW FOOD”. Муаррифии гулмоҳии амударёӣ ва оши палов

МУНТАХАБИ ТОҶИКИСТОН ДАР ФИНАЛИ МУСОБИҚАИ "BANGABANDHU GOLD CUP"

09.10.2018


БАЛҶУВОН. Рӯ ба рушд

РАШТ. Авлавият ба ҳифзи муҳити зист

ТАНЗИМ. Қонуншиканон 25 ҳазор сомонӣ ҷарима шуданд

Сипоси сарвари ОПЕК Муҳаммад Баркиндо аз Владимир Путин

Сарони Россия ва Ӯзбекистон ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ карданд

Неруҳои эътилофи байналмилалӣ дар Афғонистон амнияти интихоботро таъмин месозанд

Лондон зери об мемонад?

Ҷаҳон дар як сатр

08.10.2018


Даҳ соли минтақаҳои озоди иқтисодӣ

ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ. Мунтахаби Тоҷикистон – барандаи медалҳои нуқра

ДЗЮ-ДО. Натиҷаҳо аз Ҷоми Президенти Тоҷикистон

"ПАЛАНГИ ТИЛЛОӢ". Ғалабаи Ҷомӣ Ҳасанов

Сафари расмии Владимир Путин ба Ҳиндустон

Трамп ба вохӯрияш бо Путин дар Хелсинки баҳои баланд дод

Дар Туркия ҳамоиши чорҷониба оид ба Сурия баргузор мегардад

Селфи бо марг бозӣ кардан аст

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед