logo

иҷтимоиёт

БЕМОРИҲОИ МАВСИМӢ Чӣ тавр худро солим нигоҳ дорем?

Зимистон фаслест, ки дар пайи сардиҳо авҷи як қатор бемориҳоро низ ба бор меорад. Табибон як иддаи онҳоро номбар мекунанд, ки мавсимӣ буда, аксаран дар ин вақт хуруҷ менамоянд. Зуком, ларингит, трахеит, сирояти роҳҳои нафас аз зумраи онҳоянд. Мутахассисон аз он изҳори нигаронӣ доранд, ки баъзе нафарон дар сурати  гирифтор шудан ба  ин навъи бемориҳо онҳоро ҷиддӣ намеҳисобанд ва ба табибон  муроҷиат намекунанд. Инчунин, мардум бе таъйиноти духтур аз доруҳои гуногун истифода мебаранд, яъне ба худтабобаткунӣ даст мезананд, ки паёмадаш  нохуб  мебошад. Ин  омил дар соҳа мушкилоти ҷиддиро ба миён овардааст. 
- Мутаассифона,  дар бисёр мавридҳо бемор вақте ба мо муроҷиат мекунад, ки он аллакай дар пайи худ оризаҳои зиёдеро ба вуҷуд овардааст. Ҳоло ҳам дар мо одат нашуда, ки  дар марҳилаи аввали беморӣ ба табиб муроҷиат намоянд. Як муддат  аз доруҳои  гуногун истифода мебаранд. Диданд, ки сиҳатиашон муддати тӯлонӣ барқарор нашуд, баъд назди духтур мераванд, – мегӯяд Маъруфҷон Шодиев, мудири шуъбаи тибби оилавии Маркази саломатии № 12 - и шаҳри Душанбе.
Тибқи тавсияи мутахассисони соҳа  пешгирӣ ва табобати  саривақтии  беморӣ калиди  солимӣ   аст. Аммо бе таъйиноти духтур истифодаи  дору агар як бемориро рафъ созад, дар вуҷуди инсон бемориҳои дигарро ба вуҷуд меорад. Дар робита ба ин мавзӯъ Фирдавс Рауфов, сардори шуъбаи  ташкиливу дастурии Маркази ҷумҳуриявии таълимию клиникии  тибби оилавии кишвар,  мегӯяд: «Яке аз бемориҳое, ки дар фасли зимистон бештар ба назар мерасад, зуком аст. Ин беморӣ сироятӣ буда, тавассути ҳаво паҳн мегардад. Аз ин рӯ, дар як муддати кӯтоҳ ба мардуми зиёде сироят мекунад. Аксар  гирифторони ин беморӣ ба духтур муроҷиат намекунанд. Дар натиҷа чунин нафарон ба оризаҳои гуногун, аз қабили диққи нафас, илтиҳоби шуш ва ташаннуҷи шушҳо гирифтор мешаванд, ки  онҳо марҳилаҳои душвортари беморӣ маҳсуб меёбанду табобаташон низ душвор аст».
Мушкили дигар дар ин самт нагузаштан аз ташхис ва худсарона истифодаи  антибиотикҳо мебошад. Табибон мегӯянд, ки то дақиқ муайян шудани беморӣ шахс набояд аз антибиотикҳо истифода барад. Онҳо натиҷаи ин ҳолатро дар бештари маврид манфӣ  арзёбӣ мекунанд ва андеша доранд, ки дар бунияи инсон устувории зидди микробӣ ё устувории  зидди  антибиотикҳо сурат мегирад.
Пизишкон тавсия медиҳанд, ки дар ҳолати бемор шудан, пеш аз ҳама, ба табиби оилавӣ  бояд муроҷиат кард ва аз тавсияҳои ӯ истифода намуд.
Дар ин самт шаҳрвандон бояд масъулияти бештарро эҳсос намоянд. Дорувор, хусусан антибиотикҳо   бояд, ки баъди гузаштан аз ташхиси пурраи лабораторӣ, дақиқ   муайян шудани беморӣ ва ба даст овардани  дорухати  духтур  истифода гардад. Дар акси ҳол, бар ивази пули зиёде, ки барои харидани дору сарф мегардад, метавон ба саломатӣ ба ҷойи фоида зарар расонд.
Фарзона ФАЙЗАЛӢ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 26.12.2017    №: 260    Мутолиа карданд: 270

13.07.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Ясмин Гуедар

Баррасии Барномаи дастгирии рушди неруи инсонӣ

Баргузории конфронси «Ҳунарҳои мардумӣ: эҳё, ҳолат, рушд ва дурнамо»

Пирӯзии теннисбози тоҷик дар ИМА

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Дар СҲШ зарурати тақвияти мубориза алайҳи терроризмро таъкид карданд

Трамп: «Путин рақиби ман аст, лек метавонад дӯст гардад»

Русия сазовори ҷоми макроиқтисодии ҷаҳон шуд

Бонки ҷаҳонӣ: «Бесаводии духтарҳо $30 триллион зарар меорад»

12.07.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Чари Атаев

Боздиди Прокурори генералӣ аз Бадахшон

Форуми ҷумҳуриявӣ дар Хоруғ ҷавононро ба ҳам меорад

Озмун бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

ДАНҒАРА. Ҷамъоварии ҳосили фаровони ғалла

Ҷаҳон дар як сатр

Дар Чин аз хавфи тӯфони «Мария» қариб 400 ҳазор нафар кӯчонда шуд

Созмони ҳамкории исломӣ ба музокироти сулҳ дар Афғонистон даъват мекунад

Чин бори нахуст ба раддаи 20 инноватсионитарин кишвар роҳ ёфт

Қазоқистон истеҳсоли гӯшти мурғро чор маротиба зиёд карданист

11.07.2018


Иштироки Музаффар Ҳусейнзода дар Муколамаи сатҳи баланд

Гулистон. Мактаби санъат сохта мешавад

Шуъбаи бемориҳои сироятии кӯдакона таҷдиду азнавсозӣ шуд

Аввалин толори намоиш ва фурӯши маҳсулоти ҳунарҳои мардумӣ ташкил гардид

БОХТАР. Озмуни "Намоиши ҳунарҳои мардумӣ"

Тайёрӣ ба Чемпионати Осиё оид ба қаиқронӣ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Помпео мавзӯъҳои асосии музокироти Путин ва Трампро ном гирифт

Дар ҳамоиши НАТО маблағгузории неруҳои амнияти Афғонистонро ҷонибдорӣ мекунанд

Аҳолии Замин дар як сол 83 миллион нафар афзуд

Қазоқистон истихроҷи нафтро зиёд мекунад

10.07.2018


Ҷаласа таҳти раёсати Сарвазири мамлакат

Баррасии пешгирии амалҳои коррупсионӣ

Дар арафаи Ҷашни 27 - солагии Истиқлолияти давлатӣ аввалин эстакада ба истифода дода мешавад

Пирӯзии навбатии Дилшод


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед