logo

сиёсат

2018. АЗ РУШДИ САЙЁҲӢ ТО АФЗАЛИЯТ БА ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ

Сайёҳӣ ва ҳунармандӣ ду самти афзали сарватҳои миллӣ ҳастанд, ки бо ҳам алоқамандии зич доранд. Сайёҳон ба таваҷҷуҳ ба  ҳунарҳои миллӣ ба кишвар  рӯ меоранд ва тавассути онҳо чунин ҳунарҳо  ба ҷаҳониён муаррифӣ мегарданд. Ҳоло ин ду ҷода дар тамоми давлатҳо  дар якҷоягӣ аҳамияти зиёди иқтисодию иҷтимоӣ касб менамоянд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни Паёми навбатии хеш ба Маҷлиси Олии мамлакат соли 2018 - ро Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон доштанд. Ҷанбаъҳои дигари ин иқдоми муҳимро аз  мутасаддиёни соҳа пурсон шудем. Дар ин хусус Нуъмон Абдуғаффорзода, раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати кишвар чунин изҳор дошт:
- Бо эълони Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ Пешвои муаззами миллат боз имтиёзҳои дигарро барои беҳбудии бахши сайёҳии кишвар ва истеҳсоли маҳсулоти ҳунарҳои мардумӣ дастур доданд, ки дар масири пешбурди соҳа нақши калидӣ мебозанд. Кулли кормандони соҳаи сайёҳии мамлакат, аз ҷумла ширкатҳои сайёҳӣ, осоишгоҳу истироҳатгоҳҳо, меҳмонхонаҳо аз ин ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  неруи тоза гирифта, баҳри рушди соҳа тамоми донишу малака ва захираҳоро истифода хоҳанд бурд. Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ду ҷодаи ба ҳам пайванди ҳаёти мардум мебошанд. Моли истеҳсолнамудаи ҳунармандони кишварро аксаран сайёҳон харида, ҳамчун туҳфа ё савғот бо худ мебаранд. Истеҳсолоти ҳунармандон низ василаи ҷалби меҳмонони хориҷӣ ба мамлакат ва тарғиби таъриху фарҳанги халқ мебошад. Ин ду соҳаи ояндадорро бо ҳам тавъам сохтан иқдоми хирадмандона мебошад. Дар Паём Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири тараққӣ бахшидани ҳунарҳои мардумӣ фурӯши онро аз ҳама намуди андоз ва пардохти дигари давлатӣ аз якуми январи соли оянда озод намуд. Ин ташаббуси наҷиб ба кам гардидани арзиши аслии маҳсулот ва афзоиши ҳаҷми истеҳсолу содироти он мусоидат менамояд. Дар такя ба иқдоми пешгирифтаи Роҳбари давлат мо тасмим гирифтем, ки дар ҳама шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ гузаргоҳҳои доимоамалкунандаи ҳунармандонро боз намоем. Дар қатори дастгириҳои ширкатҳои сайёҳӣ, ки соли гузашта Сарвари давлат дар Паёми хеш ба Маҷлиси Олӣ ироа доштанд, имсол боз ҳам кумакҳои нав дар ин ҷода аз ҷониби Роҳбарияти олии мамлакат пешбинӣ гардид. Аз ҷумла, муҳлати бақайдгирии шаҳрвандони хориҷӣ то 10 рӯз тамдид хоҳад шуд, ки қаблан вақти ҷудошуда кифоят намекард. Дар маҷмӯъ бо боварӣ метавон гуфт, ки дастурҳои ироагашта, дар ояндаи наздик самараи дилхоҳ хоҳанд дод. Ҷавобан ба ғамхориҳое, ки аз ҷониби Роҳбарияти олии мамлакат зоҳир мегарданд ва бо мақсади дар сатҳи сазовор гузарондани ин соли пурифтихори соҳа кумита чорабиниҳои вижаеро омода намуда истодааст, то дастоварду муваффақиятҳои наверо соҳиб гардад.
Ташрифулло САЪДУЛЛОЕВ,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 26.12.2017    №: 260    Мутолиа карданд: 904

10.10.2018


Ҷаласаи Шӯрои вазирони мудофиаи кишварҳои узви ИДМ баргузор мешавад

Таҳкими ҳамкориҳои Бонки миллии Тоҷикистон ва БАТР

Дар Душанбе Фестивали байналмилалии «Чакан» доир мегардад

СУҒД. Бунёд ва таъмири 110 иншооти фарҳангӣ

РАШТ. Сохтмони 140 иншоот

РОШТҚАЛЪА. Вусъати созандагӣ

“SLOW FOOD”. Муаррифии гулмоҳии амударёӣ ва оши палов

МУНТАХАБИ ТОҶИКИСТОН ДАР ФИНАЛИ МУСОБИҚАИ "BANGABANDHU GOLD CUP"

09.10.2018


БАЛҶУВОН. Рӯ ба рушд

РАШТ. Авлавият ба ҳифзи муҳити зист

ТАНЗИМ. Қонуншиканон 25 ҳазор сомонӣ ҷарима шуданд

Сипоси сарвари ОПЕК Муҳаммад Баркиндо аз Владимир Путин

Сарони Россия ва Ӯзбекистон ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ карданд

Неруҳои эътилофи байналмилалӣ дар Афғонистон амнияти интихоботро таъмин месозанд

Лондон зери об мемонад?

Ҷаҳон дар як сатр

08.10.2018


Даҳ соли минтақаҳои озоди иқтисодӣ

ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ. Мунтахаби Тоҷикистон – барандаи медалҳои нуқра

ДЗЮ-ДО. Натиҷаҳо аз Ҷоми Президенти Тоҷикистон

"ПАЛАНГИ ТИЛЛОӢ". Ғалабаи Ҷомӣ Ҳасанов

Сафари расмии Владимир Путин ба Ҳиндустон

Трамп ба вохӯрияш бо Путин дар Хелсинки баҳои баланд дод

Дар Туркия ҳамоиши чорҷониба оид ба Сурия баргузор мегардад

Селфи бо марг бозӣ кардан аст

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ. Футболбозони навраси тоҷик дар финал

04.10.2018


Анҷоми озмуни. “Маҳалла ва ташкилоти беҳтарин” дар Бохтар

КОНИБОДОМ. Деҳқонон ғолиби мусобиқа

Баргузории фестивали “Оши палов”

ТАНДУРУСТӢ. Назорат пурзӯр мешавад

Як мулоқоти муҳим

НБО - и "РОҒУН". Корҳои сохтмонӣ вусъат мегиранд

Сафари варзишгарони тоҷик ба Буэнос - Айрес

ТОҶИКОБОД. 31 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед