logo

фарҳанг

ПАЁМ. БАРДОШТИ ЯК ҶАВОН

Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ, мисли солҳои пешин пурмуҳтаво буд ва муайян намуд, ки минбаъд барои пешрафти соҳаҳои гуногун чӣ корҳо бояд анҷом пазиранд. Аз паёмҳои пешин ба он тафовут дошт, ки беш аз 50 дарсади ширкаткунандагон  дар толор ҷавонон буданд. Ин бори дигар собит месозад, ки Ҳукумати мамлакат нисбат ба ҷавонони кишвар ғамхории зиёд зоҳир менамояд ва ба қудрати созандаи онҳо итминони комил дорад.
Тавре ки медонем, соли 2017 - Соли ҷавонон эълон гардида буд ва ба хотири дастгирии ҷавонон дар ин муддат корҳои зиёде анҷом пазируфтанд. Ҷавонон ҷавобан ба ин ғамхориҳои Ҳукумати кишвар дар ин муддат ба як қатор дастовардҳои назаррас ноил гардида, тавонистанд Тоҷикистонро берун аз кишвар сазовор муаррифӣ намоянд.
Пешвои миллат дар Паёми навбатиашон изҳор дош-танд, ки: «Ғамхориҳои Ҳукумат нисбат ба ҷавонон танҳо ба Соли ҷавонон маҳдуд намешавад. Баръакс, ҳалли масъалаҳои вобаста  ба наврасону ҷавонон минбаъд низ самти муҳимтарини  фаъолияти мо хоҳад буд».
Ин иқдом дар татбиқи сиёсати давлатӣ оид ба дастгирии ҷавонон нақши муҳим мебозад ва онҳоро ба ояндаи нек дилгарм менамояд.
Масъалаи дигари баррасигардида ин тамоюли ҷаҳонишавии фарҳанг ва ба яке аз проблемаҳои глобалии арсри XXl  табдил ёфтани он аст. Дар робита ба ин масъала таъкид гардид, ки: «Дар ин марҳилаи муҳим мақсаду вазифаҳои фарҳанг бештар ба ташаккули маънавиёт, омӯзиши амиқи таъриху фарҳанги гузаштаву муосири халқи тоҷик, баланд бардоштани ифтихори миллӣ ва ҳисси ватандорӣ, инчунин, дар тафаккури мардум, махсусан ҷавонон густариш додани эҳсоси эҳтиром ба муқаддасоти  милливу рамзҳои  давлатӣ равона мегардад».
Ин ташаббус барои боло рафтани ҳисси ватандӯстӣ, ташаккули масъалаҳои худшиносӣ, ифтихори миллӣ такони ҷиддӣ мебахшад. Воқеан, дар ин раванд мо - ҷавонон бояд, ки худ ташаббускори амалҳои созанда бошем, зиракии сиёсиамонро аз даст надода, дар ҳифзи Ватан ва арзишҳои миллӣ омода бошем.
Азиза АБДУКАРИМЗОДА,
магистри Академияи илмҳои
Ҷумҳурии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 27.12.2017    №: 261    Мутолиа карданд: 541
03.07.2020


ХУҶАНД. ИФТИТОҲИ ГУЗАРГОҲИ ЗЕРИЗАМИНӢ

ЗАРУРАТИ ТАВСЕАИ ҲАМКОРИҲО ТАЪКИД ГАРДИД

ДАР ТОҶИКИСТОН АЗ КОРОНАВИРУС 4690 БЕМОР ШИФО ЁФТ

ДЗЮДО. КУРСИ ТЕХНИКӢ БАРОИ МУРАББИЁН

АЛЕКСАНДР ЛУКАШЕНКО: «БЕЛАРУС БАР КОРОНАВИРУС ҒОЛИБ ОМАД»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

02.07.2020


77 ДАРСАДИ БЕМОРОН ДАР ТОҶИКИСТОН СИҲАТ ШУДАНД

КУМАКИ ШИРКАТИ “ПОМИР ЭНЕРҶИ” БА НИЁЗМАНДОН

ҚАРИБ 650 ШАҲРВАНДИ ТОҶИКИСТОН АЗ РОССИЯ БАРГАШТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

01.07.2020


ҚАРОР ДАР БОРАИ ТАЪЙИН ВА ПАРДОХТИ КУМАКПУЛИИ ИҶТИМОӢ

4568 МУБТАЛОИ COVID – 19 ДАР ТОҶИКИСТОН ШИФО ЁФТ

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ИҚТИСОДИИ ИДМ

НИШАСТИ САТҲИ БАЛАНД ДАР ҚОЛАБИ С5+1

ЛИГАИ ОЛӢ. ЭҲСОН ВА ВИТАЛИЙ БЕҲТАРИНҲОИ МОҲИ ИЮН

НАҚШАИ РУШДИ ИДМ БО НАЗАРДОШТИ COVID-19 ТАТБИҚ МЕШАВАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

30.06.2020


МУРАШКО: «РОССИЯ ОМОДА АСТ, ВАКСИНАҲОИ КОРОНАВИРУСРО БА БОЗОРИ ҶАҲОНӢ ВОРИД СОЗАД»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

26.06.2020


75 ДАРСАДИ СИРОЯТЁФТАГОНИ COVID – 19 ДАР ТОҶИКИСТОН ШИФО ЁФТАНД

БОХТАР. ХИЗМАТЧИЁНИ ДАВЛАТӢ САВГАНД ЁД КАРДАНД

ФУТБОЛ. БОЗИИ РАФИҚОНАИ ДУ КИШВАРИ ДӮСТ

СУТ ХУРУҶИ НАВИ КОРОНАВИРУСРО ДАР АВРУПО ТАСДИҚ НАМУД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

25.06.2020


COVID – 19. ДАР ТОҶИКИСТОН 4194 СИРОЯТЁФТА СИҲАТ ШУД

24.06.2020


ХУШХАБАР. ДАР ТОҶИКИСТОН 73,8 ДАРСАДИ МУБТАЛОЁНИ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТАНД

АРАБИСТОНИ САУДӢ ҲАҶРО БАРОИ ЗОИРИНИ ХОРИҶӢ МАНЪ КАРД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

23.06.2020


ТОҶИКИСТОН. БОЗ 44 СИРОЯТШУДА СИҲАТ ШУД

АШТ. ОҒОЗИ МУМФАРШКУНИИ РОҲИ ШАЙДОН - ПОНҒОЗ

БОЗГАШТИ ШАҲРВАНДОНИ ТОҶИКИСТОН АЗ ҚАЗОҚИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН

ТАБИБОН НИШОНАҲОИ АСОСИИ КОРОНАВИРУСРО ДАР КӮДАКОН МУАЙЯН НАМУДАНД

ЛИГАИ НАВРАСОН ФАРДО БО ИШТИРОКИ 9 ТИМ ОҒОЗ МЕШАВАД

ИҚТИСОДИ ҶАҲОНӢ АЗ ПАНДЕМИЯ КАМАШ $126 МИЛЛИАРДРО ТАЛАФ ДОД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед