иқтисод
«ДУНЁИ НАВ» МАКОНИ КОРУ ИСТИРОҲАТ
Тайи чанд соли охир бо бунёди биноҳои баландошёнаи истиқомативу хизматӣ, майдончаҳои варзишӣ ва иншооти азим ҳусни пойтахти кишвари азизамон - шаҳри Душанбе ба куллӣ дигаргун гаштааст. Ин ободкориҳо дар мисоли пойтахти мамлакат, дар маҷмӯъ баёнгари он аст, ки Тоҷикистони маҳбуб сол ба сол рушду тараққӣ меёбад.
Дар кӯчаи Соҳилии ноҳияи Фирдавсии пойтахт бинои ҳаштошёнае бо номи “Дунёи нав” қомат афрохтааст, ки бо тарҳи зебояш, таваҷҷуҳи ҳар бинандаро ба худ ҷалб месозад. Ин бинои хуштарҳу замонавӣ бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва маблағгузории соҳибкори ватанӣ Авазхон Кабиров бунёд ва мавриди истифода қарор гирифтааст.
Дар ошёнаи аввали бино занону духтарони ҳунарманд ба қолинбофӣ машғул буда, дар табақаи ҳафтум барои фаъолияти нафарони имконияташон маҳдуд шароити мусоид фароҳам оварда шудааст. Дар ошёнаҳои дигар низ нафарони соҳибкасб ба дӯхтани рахти хоб, кӯрпаву кӯрпача, сарулибос, қолинбофӣ ва сӯзанидӯзӣ машғуланд. Дар ин иншоот 500 нафар соҳиби ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб гардидаанд. Ба ҳусни “Дунёи нав” беш аз 150 ниҳоли сояафкан ва дар масоҳати 60 метри мураббаъ гулҳои гуногуни ороишӣ, инчунин, фаввораҳои ду тарафи бино ҳусни тоза зам мекунанд.
Ба гуфтаи Авазхон Кабиров, дар шароити кунунӣ бояд пеш аз ҳама, дар андешаи ободии Ватан ва фароҳам овардани шароити арзандаи зиндагӣ барои мардум бошем. Соҳибкори муваффақ тасмим гирифтааст, ки минбаъд дар шафати ин бино боз маҷмааи истироҳатию фароғатӣ, аквапарк, иншооти варзишӣ ва хизматрасонии коммуналию маиширо мавриди баҳрабардорӣ қарор диҳад.
Сафаргул АЛИМОВА,
“Ҷумҳурият”
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 02.01.2018 №: 1 Мутолиа карданд: 509