logo

фарҳанг

НАҚШЕ, КИ РАНГ БАСТ ЗИ «ИРФОН»

Номи Муассисаи нашриявии «Ирфон» аз маҳбубтарин номҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аст. Сарварии ин боргоҳи суханро устод Абулқосим Лоҳутӣ бар уҳда доштанд ва дар таҳкиму ташаккулаш устод Садриддин Айнӣ мақому хидмати шоиста доранд. Ин саромадони адабиёти навини тоҷик бо ҷалби афроди соҳибфазлу ботаҷриба ва соҳибистеъдоду бофарҳанги замон дар рушду нумӯ, ташаккулу такомули ин муассисаи фарҳангӣ хизмат кардаанд.

Чопи китоб бо забони модарии мо ба маънои пуррааш, мутобиқ бо барномаи ҳадафманд то таъсиси Ҷумҳурии мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон (1924) вуҷуд надошт. Ва, танҳо дар таърихи 7 октябри соли 1925 бо қарори раёсати Кумитаи инқилобии ҶМШС Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе «Нашриёти давлатии Тоҷикистон» ташкил ёфт.
«Нашриёти Давлатии Тоҷикистон» дар чанд моҳи фаъолияти худ дар соли аввали таъсисаш (1925) 8 номгӯй китоб нашр кард, ки аз он 4 – тоаш китобҳои дарсӣ буданд. Даҳ соли баъд, яъне соли 1935 номгӯйи китобҳои нашркардаи он ба 266 расид.
Моҳи апрели соли 1926 Абулқосим Лоҳутӣ ба Самарқанд меравад ва мутобиқи салоҳияте, ки ба ӯ дода шуда буд, шуъбаи самарқандии нашриётро таъсис медиҳад. Устод Садриддин Айнӣ вазифаи сармуҳарририи онро ба уҳда мегиранд. Раҳим Ҳошим ба муносибати таҷлили 60 - солагии нашриёт, ин иқдоми нек-ро ёдоварӣ намуда, нигоштааст: «Бо сабаби дар он рӯзҳо дар Душанбе мавҷуд набудани шароити нашри китоб,  муаллифон ва тарҷумонҳо қарор дода шуда буд, ки идораи нашриёт дар Самарқанд ба кор сар кунад». Устод Айнӣ бо ҷамъ овардани беҳтарин неруи адабиву зеҳнӣ аз зумраи Ҳ. Ирфон, С. Манофзода, И. Раҳматуллозода, Т. Зеҳнӣ, Х. Абдухолиқзода, Р. Ҳошим, С. Ализода ва дигарон ба кор мепардозанд. Баъдтар ба кори табъу нашр А. Деҳотӣ, А. Пирмуҳаммадзода, С. Ҷавҳаризода, Л. Бузургзода, Ш. Ҳусейнзода, Ҳ. Аҳрорӣ барин адибону олимони шинохта ҷалб мешаванд.
Нашриёт баробари китобҳои дарсию илмӣ ва сиёсию иҷтимоӣ ба чопи адабиёти бадеӣ низ шуғл меварзид. Соли 1927 повести «Одина» ва соли 1930 аввалин романи адабиёти тоҷик – «Дохунда» - и устод С. Айнӣ аз чоп баромад. Дафтари ашъори устод А. Лоҳутӣ, ҳикояҳои А. Деҳотӣ ва Ҷ. Икромӣ ба нашр расиданд.
Дар даврони Ҷанги дувуми ҷаҳон китобҳои нашриёт дар корхонаҳои полиграфии Ленинград чоп мешуд ва дар ин шаҳр намояндагии нашриёт фаъол буд, ки баъдтар ба шуъбаи мустақили он табдил гардид. Шуъба барои хондану тасҳеҳи нусхаҳо ва чопи китоб донишҷӯёни факултаи шарқшиносии Донишгоҳи Ленинградро ҷалб менамуд.
Тӯли солҳои 1947 - 1956 «Нашриёти давлатии Тоҷикистон» зиёда аз 2605 номгӯйи китобу ҷузва ва мусаввараю варақаро бо теъдоди умумии 27 миллион нусха аз чоп баровард. Солҳои 70 – 80 – уми асри гузашта дар таърихи фаъолияти «Ирфон» давраи ниҳоят пурмаҳсул, даҳсолаҳои пешрафти бузург ҳам аз ҷиҳати дархӯри замон будани мавзӯъву мундариҷа ва ҳам сифати чоп буд. Нимаи аввали солҳои 90 - ум бар асари мушкилоти иқтисодиву камбуди маводи чопӣ  нашри китоб хеле коҳиш ёфт. Бо вуҷуди ин, нашриёти «Ирфон» тавонист, ки тайи ин солҳо асарҳоеро аз қабили «Тоҷикистон дар роҳи демократия ва ҷомеаи мутамаддин», «Ваҳдати миллӣ мароми мост», «Тоҷикистон дар оинаи таърих», «Китоби сурхи Тоҷикистон» - ро манзури хонандагон гардонад.
Соли 2002 Созмони байналмилалии Бизнес Дайрекшн Инишиатив Муассисаи нашриявии «Ирфон» - ро бо медали тиллоии сифат  мукофотонид. Муассиса дар намоишгоҳ ва озмунҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил «Санъати китоб» барои нашри китобҳои беҳтарин ду маротиба сазовори ҷоизаи байналмилалӣ гардид. 
Алҳол  «Ирфон»  ҳамасола  аз  30  то 45 номгӯй китобу ҷузваро  бо  теъдоди  50 - 60  ҳазор  нусха  ба  табъ  мерасонад. Тамғаи «Ирфон» дар саросари кишвар  маълуму машҳур  мебошад, он  аз ҷониби КОА (Комиссияи олии аттестатсионии) Федератсияи Русия эътироф  шудааст.   Аз ин рӯ, ҳар сол то дусад номгӯй рисолаю корҳои илмию таҳқиқотӣ  ба  чоп мерасанд.
Кормандони муассисаи нашриявӣ дорои таҷрибаи бой ва анъанаи пурғановат мебошанд ва ҳамеша кӯшиш мекунанд, ки дар байни ҳамкасбони худ дар бозори китоб ҷой ва мақоми сазовор дошта бошанд.  
Ҳабиб СУЛАЙМОНӢ,
сармуҳаррири Муассисаи нашриявии «Ирфон»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 02.01.2018    №: 1    Мутолиа карданд: 717
03.07.2020


ХУҶАНД. ИФТИТОҲИ ГУЗАРГОҲИ ЗЕРИЗАМИНӢ

ЗАРУРАТИ ТАВСЕАИ ҲАМКОРИҲО ТАЪКИД ГАРДИД

ДАР ТОҶИКИСТОН АЗ КОРОНАВИРУС 4690 БЕМОР ШИФО ЁФТ

ДЗЮДО. КУРСИ ТЕХНИКӢ БАРОИ МУРАББИЁН

АЛЕКСАНДР ЛУКАШЕНКО: «БЕЛАРУС БАР КОРОНАВИРУС ҒОЛИБ ОМАД»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

02.07.2020


77 ДАРСАДИ БЕМОРОН ДАР ТОҶИКИСТОН СИҲАТ ШУДАНД

КУМАКИ ШИРКАТИ “ПОМИР ЭНЕРҶИ” БА НИЁЗМАНДОН

ҚАРИБ 650 ШАҲРВАНДИ ТОҶИКИСТОН АЗ РОССИЯ БАРГАШТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

01.07.2020


ҚАРОР ДАР БОРАИ ТАЪЙИН ВА ПАРДОХТИ КУМАКПУЛИИ ИҶТИМОӢ

4568 МУБТАЛОИ COVID – 19 ДАР ТОҶИКИСТОН ШИФО ЁФТ

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ИҚТИСОДИИ ИДМ

НИШАСТИ САТҲИ БАЛАНД ДАР ҚОЛАБИ С5+1

ЛИГАИ ОЛӢ. ЭҲСОН ВА ВИТАЛИЙ БЕҲТАРИНҲОИ МОҲИ ИЮН

НАҚШАИ РУШДИ ИДМ БО НАЗАРДОШТИ COVID-19 ТАТБИҚ МЕШАВАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

30.06.2020


МУРАШКО: «РОССИЯ ОМОДА АСТ, ВАКСИНАҲОИ КОРОНАВИРУСРО БА БОЗОРИ ҶАҲОНӢ ВОРИД СОЗАД»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

26.06.2020


75 ДАРСАДИ СИРОЯТЁФТАГОНИ COVID – 19 ДАР ТОҶИКИСТОН ШИФО ЁФТАНД

БОХТАР. ХИЗМАТЧИЁНИ ДАВЛАТӢ САВГАНД ЁД КАРДАНД

ФУТБОЛ. БОЗИИ РАФИҚОНАИ ДУ КИШВАРИ ДӮСТ

СУТ ХУРУҶИ НАВИ КОРОНАВИРУСРО ДАР АВРУПО ТАСДИҚ НАМУД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

25.06.2020


COVID – 19. ДАР ТОҶИКИСТОН 4194 СИРОЯТЁФТА СИҲАТ ШУД

24.06.2020


ХУШХАБАР. ДАР ТОҶИКИСТОН 73,8 ДАРСАДИ МУБТАЛОЁНИ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТАНД

АРАБИСТОНИ САУДӢ ҲАҶРО БАРОИ ЗОИРИНИ ХОРИҶӢ МАНЪ КАРД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

23.06.2020


ТОҶИКИСТОН. БОЗ 44 СИРОЯТШУДА СИҲАТ ШУД

АШТ. ОҒОЗИ МУМФАРШКУНИИ РОҲИ ШАЙДОН - ПОНҒОЗ

БОЗГАШТИ ШАҲРВАНДОНИ ТОҶИКИСТОН АЗ ҚАЗОҚИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН

ТАБИБОН НИШОНАҲОИ АСОСИИ КОРОНАВИРУСРО ДАР КӮДАКОН МУАЙЯН НАМУДАНД

ЛИГАИ НАВРАСОН ФАРДО БО ИШТИРОКИ 9 ТИМ ОҒОЗ МЕШАВАД

ИҚТИСОДИ ҶАҲОНӢ АЗ ПАНДЕМИЯ КАМАШ $126 МИЛЛИАРДРО ТАЛАФ ДОД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед