logo

номаҳо

МУЪМИНОБОД. АЗ ҲОЛИ ЗОРИ ЯК МУАССИСА

Пункти  таҷрибавӣ, ки ҳоло муассисаи  илмӣ - таҷрибавии  Муъминобод ном гирифтааст, аз соли 1979  фаъолият дорад. Ҳарчанд давоми  20 соли охир дар корхона  зиёда аз 30 роҳбару сармуҳосибу бригадиру хазинадори он иваз шуд, пешравие ба назар намерасад. Дар Институти  боғпарварию сабзавоткории Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, ки муассиса зертобеи он аст, ба вазъ бепарво буда, ҳатто намепурсанд, ки чаро заминаш саросар ба иҷора дода мешавад.  Ҳол он ки дар оинномаи муассиса ба иҷора додани заминҳо зикр  нашудааст.
Муассиса 865 гектар замин дошта, аз он 136 гектар  корами обӣ, 125 гектар боғ, 113 гектар чарогоҳ ва 58,5 гектараш буттазор аст.  Замини кишту боғ ба иҷоракорон тақсим шуда, худи муассиса  дар як сол ба зӯр дар 2 - 5 гектари он зироат мекорад. Соли 2015 иҷоракорон дар 65 гектар гандум, 15 гектар ҷав, 15 гектар зағир, 25 гектар картошка, 2 - гектарӣ  помидору бодиринг ва 15 гектар пиёз корида, ҳосили ночиз гирифтанд. Солҳои 2016 ва 2017 низ ҳосилнокӣ паст буд. Самари  боғҳо аз 50 - 60 сентнер аз як гектар наафзудааст. Зеро боғҳо бедорую бенигоҳубин монда, ҳашаротзада шудаанд.
Вақти он расидааст, ки роҳбарияти Институти боғпарварию зироаткорӣ ё  Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон мутахассисе ба ин ҷо фиристода, вазъи муассисаро ҷиддӣ бисанҷад. Дар акси ҳол тафтишҳои бенатиҷаи мақомоти дахлдор чизе ба бор намеоранд.
Нурулло ҲАСАНОВ,
ноҳияи Муъминобод


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 02.01.2018    №: 1    Мутолиа карданд: 402

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад

ЭКСПО дар Шанхай: шартномаҳо ба маблағи қариб $60 миллиард ба тасвиб расиданд

Сӯхтори ҷангал дар Калифорния боиси ҳалокати 25 нафар гашт

Ҷаҳон дар як сатр

ВАХШ. Суратҳисоби бонкӣ барои ятимон

ОЛИМПИАДАИ “GENIUSKIDS – 2018” 35 медали хонандагони тоҷик

САМБО. Хушқадам Хусравов – қаҳрамони ҷаҳон

09.11.2018


Ҳамоишҳои ҷавонон бахшида ба Рӯзи Президент

Баррасии масоили рушди ҳамкориҳо

Мулоқоти Юсуф Раҳмон бо Кристофер Рэй


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед