logo

иқтисод

СОХТМОН. НАРХГУЗОРӢ БОЯД ДАҚИҚУ ШАФФОФ БОШАД

Корхонаи воҳиди давлатии «Маркази нархгузорӣ дар соҳаи сохтмон» сиёсати давлатиро дар соҳаи нархгузории корҳои сохтмонӣ бар зимма дорад. Барои муайян намудани меъёру арзиши сохтмон, аз ҷумла корҳои сохтмониву васлгарӣ, 47 маҷмӯаи нархномавӣ мавҷуд аст, ки дар асоси онҳо оид ба ҳар намуди кор меъёрҳо муайян карда мешаванд. Пажӯҳишгоҳҳои лоиҳакашӣ бо истифода аз маҷмӯаҳо харҷномаи биною иншоотро ба анҷом мерасонанд ва арзиши онҳо муайян мегарданд.

- Мутахассисони марказ ҳар семоҳа дар асоси маълумоти бахшҳои дар вилоятҳо фаъолият дошта маҷмӯи нархҳои миёнаи харҷномавиро таҳия менамоянд, - мегӯяд Абдураҳмон Каримзода, сарвари корхона. Кормандони марказ нархи масолеҳ, маснуот ва конструксияҳои сохтмониро дар асоси нархҳои воқеии бозор муайян карда, ба субъектҳои соҳаи сохтмон пешниҳод менамоянд. Масалан, арзиши 1 метри мукааби тахта дар вилояти Суғд аз нархи он дар пойтахт фарқ мекунад. Дар минтақа боз нархи он баланд аст. Мо аз ин нархҳо ҳисоби миёнаро мегирем. Дар айни замон Ҳукумати ҷумҳурӣ тибқи Қарори № 324  аз 29 июни соли 2017 дар бораи қоидаҳои нархгузории корҳои сохтмонӣ тартиби муайянсозии арзиши баъзе масолеҳи сохтмониро тағйир дод. Истеҳсолгарони масолеҳу маснуот ва конструксияҳои сохтмонӣ мувофиқи фармоиши Агентии омори назди Президенти ҷумҳурӣ ба маркази нархгузории соҳаи сохтмон ҳар моҳ бояд ҳисоботи оморӣ пешниҳод намоянд. Ба ин васила ҳамон моҳ чӣ қадар маҳсулот истеҳсол шуд ва он бо кадом нарх фурӯхта шуд, маълум мегардад. Мутахассисони марказ бо нишондоди он арзиши масолеҳи сохтмониро муайян мекунанд. Ин кор ба он мақсад аст, ки ҳангоми муайян намудани арзиши ин ё он намуди масолеҳ шаффофият таъмин гардад. Гоҳо сари арзиши бархе аз масолеҳи сохтмонӣ баҳсҳо рух медиҳанд. Барои ҳамин мутахассисони марказ ҳамеша омодаанд, ки ба ҳама саволҳои вобаста ба системаи нархгузорӣ ҷавоби дақиқу мушаххас пешниҳод намоянд. Марказ бо кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, аз ҷумла Федератсияи Русия, Беларусу Қазоқистон ҳамкорӣ дорад. Дар доираи ин ҳамкориҳо аз 5 то 7 декабри соли гузашта қариб 50 нафар мутахассиси варзидаи пажӯҳишгоҳҳои лоиҳакашӣ ва ширкатҳои сохтмониро аз Русия барои гузарондани курси омӯзишӣ ба ҷумҳурӣ даъват кардем. Баъди анҷоми курси омӯзишӣ ба иштирокдорони он аз тарафи Федератсияи Русия сертификат доданд. Ҳоло мутахассисони марказ баҳри он саъю талош доранд, ки таҷрибаи муосири давлатҳои пешрафтаро дар ҷумҳуриамон амалӣ созанд.
У. МУРОД, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 02.01.2018    №: 1    Мутолиа карданд: 303

20.10.2018


 ИДМ. Нозирони навраси тоҷик дар мақоми аввал

 Болоравии тавлидоти маҳсулоти саноатӣ

Рушди чорводорӣ

КАРТОШКАПАРВАРӢ. Талошҳо самар медиҳанд

 "Подоши амал" дар фестивали байналмилалӣ

 Дар ноҳияи Восеъ беш аз 200 иншоот месозанд

ҶОМИ ТОҶИКИСТОН. Ғалабаҳои "Истиқлол" ва "Хуҷанд"

17.10.2018


РАШТ. Гусели 40 нафар ба хизмати ҳарбӣ

ТОҶИКОБОД. Ду коргоҳи нав дар хизмати сокинон

Вусъати омодагиҳо дар ноҳияи Спитамен

НОҲИЯИ РӮДАКӢ. 414 иншоот бунёд меёбад

ВАРЗИШГАРОНИ ТОҶИК ДАР ҚУВВАОЗМОИИ ҶАҲОНӢ

Бозиҳои олимпии наврасон. МЕДАЛИ НУҚРАИ БЕЖАН

16.10.2018


Тасдиқи нақшаи чорабиниҳо оид ба шинондани ниҳолҳо

Мунтахаби Тоҷикистон дар мусобиқаи "Bangabandhu Gold Cup" ҷои дувумро гирифт

БОЗИҲОИ ОЛИМПИИ НАВРАСОН. Мо соҳиби медал шудем

10.10.2018


Ҷаласаи Шӯрои вазирони мудофиаи кишварҳои узви ИДМ баргузор мешавад

Таҳкими ҳамкориҳои Бонки миллии Тоҷикистон ва БАТР

Дар Душанбе Фестивали байналмилалии «Чакан» доир мегардад

СУҒД. Бунёд ва таъмири 110 иншооти фарҳангӣ

РАШТ. Сохтмони 140 иншоот

РОШТҚАЛЪА. Вусъати созандагӣ

“SLOW FOOD”. Муаррифии гулмоҳии амударёӣ ва оши палов

МУНТАХАБИ ТОҶИКИСТОН ДАР ФИНАЛИ МУСОБИҚАИ "BANGABANDHU GOLD CUP"

09.10.2018


БАЛҶУВОН. Рӯ ба рушд

РАШТ. Авлавият ба ҳифзи муҳити зист

ТАНЗИМ. Қонуншиканон 25 ҳазор сомонӣ ҷарима шуданд

Сипоси сарвари ОПЕК Муҳаммад Баркиндо аз Владимир Путин

Сарони Россия ва Ӯзбекистон ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ карданд

Неруҳои эътилофи байналмилалӣ дар Афғонистон амнияти интихоботро таъмин месозанд

Лондон зери об мемонад?

Ҷаҳон дар як сатр

08.10.2018


Даҳ соли минтақаҳои озоди иқтисодӣ

ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ. Мунтахаби Тоҷикистон – барандаи медалҳои нуқра


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед