logo

иҷтимоиёт

ЯТИМОН. ЗИНДАГӢ РАНГИ ТОЗА МЕГИРАД

Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ изҳор доштанд, ки «…Барои мактаб – интернатҳои низоми маорифи кишвар ба як хонанда дар як сол аз буҷети давлат ба ҳисоби миёна 7500 сомонӣ маблағ сарф карда мешавад, ки афзоиши он дар ҳафт соли охир беш аз се баробарро ташкил медиҳад». Аз ин рӯ, вазъи зиндагӣ ва таълиму тарбияи ин қишри ҷомеа нисбат ба солҳои қаблӣ беҳтар гардидааст. Биноҳои таълимиву хобгоҳҳо бунёд ёфтанду таъмир шуданд.

Таҷҳизоти зарурӣ ва ашёи хониш сари вақт мерасад. Бо либосҳои хушдӯхту зебо таъминанд.
Дар баробари ин, Пешвои миллат ба ин қишри ҷомеа сари ҳар чанд вақт вомехӯрад, сухану арзи дилашонро мешунавад, дархосташонро иҷро мекунад. Муҳимтар аз ин ҳама, дасти меҳру навозиш бар сарашон мебарад. Барояшон туҳфаҳои арзишманд меорад. Бо шароити зисту таълим аз наздик ошно мегардад ва ҳамзамон ба хотири беҳтар гардиданашон дастуру супоришҳо медиҳад. Таъкид медорад, ки онҳо худро ятим нашуморанд, чунки давлат ва Ҳукумати ҷумҳурӣ ятимонро  сарпарастӣ менамояду ғамхорӣ мекунаду намегузорад, ки хор шаванд.
 Суханони Сарвари давлат бисёр самимона ва падарона аст. Аз умқи дил бармеоянд. Ба осонӣ эҳсос мегардад, ки дарди ятимонро чун дарди худ қабул мекунад.
Ятимон дидаанд, ки хатмкунандагони мактаб – интернатҳо барои идомаи таҳсил дар донишгоҳҳову донишкадаҳо ва фаъолияти меҳнатӣ дар идораву муассисаҳо имтиёзҳо доранду аз он истифода мекунанд.
Онҳо, инчунин, шоҳид гардидаанд, ки барои зиндагии мустақилонаашон масъулон имконҳои заруриро фароҳам овардаанд.
Ин нуктаро ҳам бояд зикр намуд, ки идораву ташкилотҳои алоҳидаро вазифадор кардаанд, то дар ҷашну идҳо ба хонандагони мактаб – интернатҳо кумак бирасонанд. Хушбахтона, ин амали хайр дар кишвар ба ҳукми анъана даромадааст.
Ҷавобан ба ин ғамхориҳо моро лозим аст, ки бештар заҳмат бикашему сатҳи таълиму тарбияро сифатан беҳтар бинамоем. Ба ятимон тавре, ки Пешвои давлат ҳамеша таъкид медорад, чун ба фарзанди худ меҳрубон бошем.
Ҷамолиддин АМИРХОНОВ,
директори мактаб – интернати
 № 1- и шаҳри Душанбе


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 02.01.2018    №: 1    Мутолиа карданд: 184

17.07.2018


Мулоқоти Қоҳир Расулзода ва Абдулло Орипов дар Фарғона

Ҷаласаи мушовараи мақомоти корҳои дохилӣ баргузор шуд

Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Тоҷикистон 3 мактаби нав месозад

Мунтахаби Тоҷикистон – ғолиби мусобиқаи Ҷоми шаҳрдории Остона

Ҷаҳон дар як сатр

Путин гуфтушунид бо Трампро бобарор номид

Трамп аз натиҷаҳои вохӯриаш бо Путин нақл кард

Ҳалокати мардуми осоиштаи афғон дар ҳоли афзоиш аст

Ҳангоми чемпионати ҷаҳон 25 миллион киберҳамла пешгирӣ шуд

16.07.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин бо Пратибҳа Меҳта

Машварати муовинони вазирони корҳои хориҷии кишварҳои аъзои СҲШ

Баррасии тақвияти ҳамкориҳо бо Бонки ҷаҳонӣ

РОҒУН. Бунёди иншооти нав ба муносибати 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ

ФАРОНСА – чемпиони ҷаҳон

Ҷаҳон дар як сатр

Трамп ҷонибдори роҳандозии муносибот байни ИМА ва Британия бо Русия ва Чин аст

Чин соли 2020 «қудрати донорӣ» мешавад

Нахустин дар ҷаҳон рентгени сеҷонибаи ранга сохта шуд

Дар Дачжоу писарчаи аз ошёнаи бистум афтода наҷот ёфт

13.07.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Ясмин Гуедар

Баррасии Барномаи дастгирии рушди неруи инсонӣ

Баргузории конфронси «Ҳунарҳои мардумӣ: эҳё, ҳолат, рушд ва дурнамо»

Пирӯзии теннисбози тоҷик дар ИМА

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Дар СҲШ зарурати тақвияти мубориза алайҳи терроризмро таъкид карданд

Трамп: «Путин рақиби ман аст, лек метавонад дӯст гардад»

Русия сазовори ҷоми макроиқтисодии ҷаҳон шуд

Бонки ҷаҳонӣ: «Бесаводии духтарҳо $30 триллион зарар меорад»

12.07.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Чари Атаев

Боздиди Прокурори генералӣ аз Бадахшон

Форуми ҷумҳуриявӣ дар Хоруғ ҷавононро ба ҳам меорад

Озмун бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

ДАНҒАРА. Ҷамъоварии ҳосили фаровони ғалла

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед