logo

иқтисод

ДОРУ. РОҲИ ҲАЛЛИ МУШКИЛОТ МАВҶУД АСТ, АГАР …

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсолаи худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳалли масоили вобаста ба тандурустии аҳолӣ, хусусан норасоии доруворӣ, сифати пасти он ва рушд накардани саноати дорусозӣ, бо нигаронӣ изҳори андеша намуда, ба мақомоти дахлдори соҳа барои ҳалли мушкилот супориш доданд. Ин масъала дар Паёми соли гузашта ва соли 2015 низ мавриди нигаронии Сарвари давлат қарор гирифта буд.
Фарида Муъминова, муовини директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, зимни баргузории ҷаласа дар мавзӯи «Таъмин ва назорати дору дар Тоҷикистон» иброз дошт, ки алъон кӯшишҳои давлату Ҳукумат дар самти беҳтар кардани вазъи иҷтимоӣ ва тандурустии аҳолӣ бо назардошти кам кардани ҳиссаи хароҷоти аҳолӣ дар дастрасӣ ба дору равона шудааст. Қариб 65 дарсади  харҷи соҳаи тандурустӣ бо хароҷоти худи беморон, ки дар раванди ташхис ва табобат ба амал меояд, марбут аст. Мутаассифона, новобаста аз он, ки давоми ду соли охир дар ҷумҳурӣ садҳо муассисаҳои нави тиббии дорои таҷҳизоти муосир бунёд ва сатҳу сифати хизматрасонӣ беҳтар шудааст, бештари беморхонаҳо имконияти бо дору ва ғизо таъмин кардани беморонро надоранд.
- Албатта, беҳсозии буҷети давлат ба рушди саноати фармасевтӣ сахт вобастагӣ дорад, - гуфт Фарида Муъминова. - Ҳоло дар ҷумҳурӣ 32 корхонаи хурд фаъолият дорад ва ба истеҳсоли ҳамагӣ 240 номгӯи маводи тиббӣ машғуланд. Дар дорухонаҳо доруи истеҳсоли маҳаллӣ кам ба назар мерасад, бештари доруҳо воридотианд. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти доруворӣ наздик ба 2 миллион доллари амрикоӣ мерасад, ки дар қиёс бо маблағи ҳаҷми воридот – 28 миллион доллар ба маротиб кам аст. Ҳол он ки дар кишвари мо зиёда аз 3500 навъи гиёҳҳои шифобахш ва садҳо сарчашмаи обҳои гарми табобатӣ мавҷуданд. Бовар аст, ки иқдоми пешгирифтаи давлату Ҳукумат - соли 2018 аз андози арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод кардани воридоти технологияҳои нав барои корхонаҳои дорусозӣ ва таҷҳизоти ҳозиразамони ташхису табобат имконияти фаровон фароҳам меорад.
- Дар кишвар ҳанӯз нақша ё худ системаи муайяни коркард ва истеҳсоли дору мавҷуд нест, - гуфт Ғиёсиддин Меҳроҷов, академики илмҳои тибби ҷумҳурӣ. - Барои ин дар назди Ҳукумати ҷумҳурӣ таъсис додани сохтори алоҳидаи рушди саноати фармасевтӣ ҷиҳати  назорат ва идораи фаъолияти корхонаҳо хеле муҳим мебошад. Баробари ин, барқарор кардани корхонаҳои пешии истеҳсоли дору зарур аст.  Дар заминаи озмоишгоҳҳои тиббии мавҷуда бунёд кардани озмоишгоҳи пурқудрати барориши маводи синтезӣ ҳамчун ашёи хом барои истеҳсоли дору ба манфиат хоҳад буд. Дар ин маврид ҳамкории зичи фармакологҳо ва фармасевтҳо дар асоси таъсиси Институти илмӣ – амалии фармакологӣ нақши муҳим мебозад. Пурзӯр кардани ташхису таҳқиқи сифат ва бехатарии дору метавонад воридсозии  доруи бесифатро коҳиш диҳад. Дар Русия доруи воридотӣ давоми як сол аз таҳқиқ гузаронда шуда, баъдан ба бемор тавсия дода мешавад. Барои мисол, агар як доруи омепрозол - омезро гирем, қариб бештари кишварҳои хориҷа онро истеҳсол карда, ба Тоҷикистон меоваранд ва ширкатҳои фармасевтӣ онро ба назди духтурон оварда, хостори фурӯхтани он мешаванд, - гуфт Ғиёсиддин Меҳроҷов.  
О. ВАФОБЕК, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 02.01.2018    №: 1    Мутолиа карданд: 520

10.12.2019


Мулоқоти Қоҳир Расулзода бо Хуан Тсзян Жун

Шиносоии Азим Иброҳим аз ҷараёни корҳои сохтмонии роҳҳои Душанбе

Дар доираи Озмуни ҷумҳуриявии «Сайри гули лола» машварати корӣ баргузор гардид

Дар Париж, Москва ва Киев оид ба муовизаи асирон ба мувофиқа омаданд

Туркия ба рафъи хатари «Давлати исломӣ» дар Афғонистон мусоидат мекунад

Сарвазири нави Финляндия - ҷавонтарин дар ҷаҳон сарвари ҳукумат

Disney дар остонаи рекорди нави ҷаҳонӣ

Ҷаҳон дар як сатр

09.12.2019


Боз як майдончаи нави варзишу бозии кӯдакон кушода шуд

Сохтмони гузаргоҳи зеризаминӣ бо дарозии 260 метр

Чемпионати осиё. Тоҷикистон дар гурӯҳи "А"

Сӯхтор дар фабрикаи Деҳлӣ боиси марги беш аз 40 нафар шуд

Медведев шартҳои бастани шартномаи газ бо Киевро гуфт

Ёрии ҷаҳонӣ ба Афғонистон 46 дарсад коҳиш ёфт

Аморати Муттаҳидаи Араб кайҳоннавард интихоб мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

06.12.2019


Боздиди Рустами Эмомалӣ аз варзишгоҳи «Миллий»

Хуҷанд. Бунёди корхонаи истеҳсоли телевизор, яхдон ва кондитсионер

Масъалаи моҳияти сармояи инсонӣ дар рушди инноватсионӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт

Пекин аз Вашингтон кам кардани боҷи молҳои чиниро дархост намуд

ОПЕК истихроҷи нафтро метавонад кам созад

Дар мактабҳои Қазоқистон гузариш ба алифбои лотиниро мавқуф гузоштанд

Коррупсияро дар Қирғизистон тавассути рақамисозӣ бартараф карданианд

Ҷаҳон дар як сатр

05.12.2019


Беш аз ду тонна доруворӣ ба коми оташ рафт

Фестивали филм ва мусиқии Руминия дар Тоҷикистон

Боздиди Рустами Эмомалӣ аз шаҳри Самарқанд

Дар Афғонистон шоҳасари Бобоҷон Ғафуров “Тоҷикон” чоп шуд

Макрон изҳороти НАТО оид ба «таҳдиди русӣ» - ро зери шубҳа гузошт

Боздошти муовини собиқ сарвари «ДИ» Ал - Бағдодӣ дар Ироқ

Андрей шевченко дар мураббигӣ низ муваффақ аст

Ҷаҳон дар як сатр

04.12.2019


Тақвияти ҳамкориҳо дар мубориза бар зидди терроризму экстремизм матраҳ гардид

Ҷаласаи гурӯҳи корӣ оид ба таҳияи намоишгоҳ бахшида ба мероси муштараки фарҳангии Роҳи абрешим баргузор шуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед