logo

иқтисод

ЗАФАРОБОД. МАЙДОНИ КИШТИ ПАХТА 3,5 ҲАЗОР ГЕКТАР АФЗУД

Имсол бо фароҳам гардидани имкониятҳои истеҳсолӣ дар кишвар ноҳия дар таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти ватанӣ саҳми назаррас гузошт.

Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия тадбирҳои мушаххас роҳандозӣ намуда, коркард ва истеҳсоли маҳсулот, аз ҷумла гӯшту шир, равған, ғаллаю сабзавотро бештар ба роҳ монд.
- Мавсими имсолаи кишт барои кишоварзони ноҳия хеле бобарор омад, - гуфт Сулаймон Зиёзода, раиси ноҳия. - Пахтакорон хирмани баланди ҳосил бардошта, 27 ҳазор тонна ашёи хоми саноатӣ ҷамъоварӣ карданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 15 ҳазор тонна зиёд мебошад. Агар солҳои қаблӣ барои ҷамъоварии ҳосили пахта аз шаҳрҳои Хуҷанд, Истаравшан, Исфара ва ноҳияи Деваштич ҳашарчиён ҷалб шуда, барояшон маблағи зиёд харҷ мегардид, акнун тамоми ҳосил аз ҷониби хоҷагиҳои деҳқонӣ ва  мардуми маҳаллӣ ғундошта мешавад. Барои ин кор ба онҳо беш аз 10 миллион сомонӣ маблағ пардохт шудааст.
Нишондодҳои солҳои охири рушди иқтисодӣ собит месозад, ки соҳаи пахтакорӣ ҳамоно дар пешрафти ноҳия нақши асосӣ дорад. Дар ноҳия 7 корхонаи коркарди пахта ва 2 корхонаи истеҳсоли равған фаъолият мекунад ва сокинон бо ин роҳ соҳиби ҷойи кор буда, бо маҳсулоти худӣ, аз ҷумла равғани рустанӣ, собун ва хӯроки чорво таъминанд.
Азбаски пешрафти иқтисодиёт ба истеҳсолот сахт вобастагӣ дорад, соли 2017 майдони кишти пахта дар ноҳия 3,5 ҳазор гектар зиёд карда шуд. Бинобар ин, масъулони соҳа тасмим гирифтанд, ки дар доираи амалисозии «Барномаи рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии ноҳия барои солҳои 2016 - 2020» коргоҳҳои хурду бузурги коркарду истеҳсоли маҳсулотро вобаста ба афзоиши ҳаҷми нахи пахта таъсис диҳанд. Ин амал имконият медиҳад, ки корхонаҳои истеҳсоли маҳсулоти тайёр - либосро низ ба роҳ монанд.
Корношоям будани пойгоҳҳои обкашӣ ягона мушкили кишоварзони ноҳия мебошад. Обёрии ҳамаи зироатҳо, майдони сабзавоту боғот ва таъмини аҳолӣ бо оби нӯшоӣ тавассути пойгоҳҳо сурат мегирад. Об ба хоҷагиҳои ноҳия  бо лӯлаҳои бузургҳаҷм дар масоҳати 65 километр кашонда мешавад.
Давоми 50 - 60 соли фаъолият таҷҳизоту муҳаррикҳои пойгоҳҳои обкашӣ  таъмирталабу корношоям гаштаанд. Солҳои охир, дар мавсими киштукори баҳорӣ бинобар зуд - зуд рух додани ҳолатҳои садамавӣ дар фаъолияти онҳо  норасоии об ба вуҷуд омад ва то андозае сабаби аз  кишт берун мондани майдонҳои зиёди кишоварзӣ гардид. Барои ҳалли мушкилот барномаи мушаххас тарҳрезӣ шудааст. Барои татбиқи он 65 миллион доллари амрикоӣ зарур аст.
Ҷовиди АШТӢ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 03.02.2018    №: 2    Мутолиа карданд: 265

20.10.2018


 ИДМ. Нозирони навраси тоҷик дар мақоми аввал

 Болоравии тавлидоти маҳсулоти саноатӣ

Рушди чорводорӣ

КАРТОШКАПАРВАРӢ. Талошҳо самар медиҳанд

 "Подоши амал" дар фестивали байналмилалӣ

 Дар ноҳияи Восеъ беш аз 200 иншоот месозанд

ҶОМИ ТОҶИКИСТОН. Ғалабаҳои "Истиқлол" ва "Хуҷанд"

17.10.2018


РАШТ. Гусели 40 нафар ба хизмати ҳарбӣ

ТОҶИКОБОД. Ду коргоҳи нав дар хизмати сокинон

Вусъати омодагиҳо дар ноҳияи Спитамен

НОҲИЯИ РӮДАКӢ. 414 иншоот бунёд меёбад

ВАРЗИШГАРОНИ ТОҶИК ДАР ҚУВВАОЗМОИИ ҶАҲОНӢ

Бозиҳои олимпии наврасон. МЕДАЛИ НУҚРАИ БЕЖАН

16.10.2018


Тасдиқи нақшаи чорабиниҳо оид ба шинондани ниҳолҳо

Мунтахаби Тоҷикистон дар мусобиқаи "Bangabandhu Gold Cup" ҷои дувумро гирифт

БОЗИҲОИ ОЛИМПИИ НАВРАСОН. Мо соҳиби медал шудем

10.10.2018


Ҷаласаи Шӯрои вазирони мудофиаи кишварҳои узви ИДМ баргузор мешавад

Таҳкими ҳамкориҳои Бонки миллии Тоҷикистон ва БАТР

Дар Душанбе Фестивали байналмилалии «Чакан» доир мегардад

СУҒД. Бунёд ва таъмири 110 иншооти фарҳангӣ

РАШТ. Сохтмони 140 иншоот

РОШТҚАЛЪА. Вусъати созандагӣ

“SLOW FOOD”. Муаррифии гулмоҳии амударёӣ ва оши палов

МУНТАХАБИ ТОҶИКИСТОН ДАР ФИНАЛИ МУСОБИҚАИ "BANGABANDHU GOLD CUP"

09.10.2018


БАЛҶУВОН. Рӯ ба рушд

РАШТ. Авлавият ба ҳифзи муҳити зист

ТАНЗИМ. Қонуншиканон 25 ҳазор сомонӣ ҷарима шуданд

Сипоси сарвари ОПЕК Муҳаммад Баркиндо аз Владимир Путин

Сарони Россия ва Ӯзбекистон ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ карданд

Неруҳои эътилофи байналмилалӣ дар Афғонистон амнияти интихоботро таъмин месозанд

Лондон зери об мемонад?

Ҷаҳон дар як сатр

08.10.2018


Даҳ соли минтақаҳои озоди иқтисодӣ

ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ. Мунтахаби Тоҷикистон – барандаи медалҳои нуқра


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед