logo

сиёсат

МАНФИАТ ВА АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ Ё БАЪЗЕ МАСЪАЛАҲОИ АМНИЯТИ ИТТИЛООТӢ ВА ФАЗОИ ИТТИЛООТИИ ТОҶИКИСТОН

Манфиатҳои миллӣ тақозо мекунанд, ки воситаҳои ахбори омма ба сифати дастгоҳи тавонои иттилоотӣ дар муборизаи таҳмилии иттилоотӣ чун сипари боэътимоди халқу давлат хизмат намоянд, ба ҳифзи оромиву суботи ҷомеа фаъолона мусоидат кунанд ва эътимоди мардумро ба фардои нек таҳким бахшанд.
Эмомалӣ РАҲМОН

Масоили амнияти иттилоотӣ дар шароити муосири ҷаҳонишавию бархӯрди тамаддунҳо аз мубрамтарин паҳлуҳои амнияти миллии кишварҳо гардидааст. Имрӯз ҷаҳони муосир дар бархӯрди манфиатҳо, муборизаҳои геополитикии бемисл қарор дорад. Гузашта аз ин, инсоният ба муаммоҳое чун терроризму экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва мушкилоти экологӣ рӯбарӯст. Ягон кишвар аз ин мушкилот берун нест, ҳатто ин масоил кишварҳои абарқудрате мисли Русия, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Олмон, Фаронсаро ба ташвиш овардааст.
Истиқлолияти давлатӣ имкон фароҳам овард, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун субъекти муносибатҳои байналмилалӣ узви созмонҳои бонуфузи байналмилаливу минтақавӣ гардад. Имрӯзҳо дар кишвар чандин созмонҳои байналмилалӣ ва расонаҳои хабарӣ намояндагӣ доранд. Дар даврони соҳибистиқлолӣ фаъолияти ВАО дар Тоҷикистон ба дараҷаи сифатан нав баромад. Ин, пеш аз ҳама, ба фароҳам овардани заминаҳои ҳуқуқии фаъолияти расонаҳо, роҳ ёфтани арзишҳои умумибашарие, мисли озодии сухан ва озодии баён ба ҷомеаи мо марбут аст.
Ҷаҳонишавӣ бо ҳама тазодҳояш ба ҷомеаи мо торафт таъсир кардан дорад. Дар ин замина нақши расонаҳои ватаниву хориҷӣ дар фазои иттилоотии кишвар меафзояд ва ҳам дар бораи амнияти иттилоотӣ бисёр мегӯянд. Бахусус, ҳангоми баҳсу баррасиҳои муборизаҳои иттилоотӣ, ҳадафҳои геополитикӣ, равандҳои ҷаҳонишавӣ ва амсоли ин истилоҳи амнияти иттилоотӣ зиёд истифода мешавад. Пӯшида нест, ки имрӯз муборизаҳои иттилоотӣ ба ҷангҳои иттилоотӣ табдил ёфтаанд.
Табиист, ки ҳар як давлат вазифадор аст дар ин муборизаву бархӯрдҳо манфиатҳои миллии худ ва амну осоиши мардумашро ба ҳар роҳу воситае ҳимояву таъмин кунад. Дар ҳама давру замон чунин буд ва мемонад. Амнияти иттилоотӣ падидаи нав нест. Он аз вақти пайдоиши давлат дар шаклҳои гуногун вуҷуд дошт. Амнияти иттилоотӣ ҳимояи мукаммал, дастрасӣ ва махфӣ будани иттилоъро меомӯзад. Ба таври дигар, амнияти иттилоотӣ ин ҷараёни таъмини махфият, мукаммалӣ ва дастрасии иттилоот мебошад. Дар асноди зиёди меъёрии ҳуқуқӣ, аз ҷумла Конститутсия, қонунҳои соҳавӣ, фармонҳои Президент, қарорҳои Ҳукумат ва ғайра ба амнияти иттилоотӣ ишора шудааст ё дар бораи он сухан меравад. Консепсияи амнияти иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон 7 - уми ноябри соли 2003, таҳти рақами 1175 қабул шудааст.
Амнияти иттилоотӣ зуҳуроти иҷтимоиву сиёсист. Набояд амнияти иттилоотӣ ва ҳифзи иттилоъро яксон ҳисобид. Инҳо ду мафҳуми гуногун буда, вазифаҳои мухталиф доранд. Ҳифзи иттилоъ, яъне амалест, ки маълумот аз ҷониби нафаре ё мақомоте ҳифз карда мешавад ва барои ошкор нашуданаш асосе мавҷуд аст. Ва, шояд он маълумот бо гузашти вақт ошкор карда шавад ва ё умуман ошкор нагардад. Амнияти иттилоотӣ ҷузъи сиёсати давлатии иттилоотӣ маҳсуб меёбад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии худ дар маросими ифтитоҳи муассисаҳои давлатии телевизиони «Варзиш», «Синамо» ва Академияи воситаҳои ахбори омма зикр карданд, ки фазои иттилоотии кишвар ҳанӯз осебпазир буда, таъсири шабакаҳои хориҷӣ ба афкори мардум баланд мебошад.  Ин таъкиди Пешвои миллат бархоста аз воқеият аст. Ҷаҳони имрӯз ҷаҳони чанд даҳсолаи пеш нест. Имрӯз таъсири расонаҳои кишварҳои абарқудрат ба афкори ҷомеаи кишварҳои дар роҳи рушд қарордошта зиёд ба мушоҳида мерасад.  Яке аз воситаҳои таъсиргузор ба воқеоти хунини Сурия, Ироқ, Миср, Тунис, Либия ва ғайра ҷанги иттилоотӣ дар шабакаҳои интернетӣ мебошад.
Дар фазои иттилоотии Тоҷикистон дар баробари расонаҳои ватанӣ, ҳамчунин, расонаҳои хориҷӣ фаъолият доранд. Фаъолияти ВАО - и хориҷӣ дар асоси созишномаҳо ва ҳамчунин, эҳтироми Тоҷикистон ба арзишҳои башарӣ, назири ҳуқуқи мардум ба дастрасии иттилоъ, озодии баён ва амсоли ин сурат мегирад. Бо вуҷуди ин, метавон гуфт, ки фаъолияти аксарияти ВАО - и хориҷии дар Тоҷикистон фаъолияткунанда ба манфиати кишвари мо, ба фаҳмиши таърихӣ, фарҳанг ва ахлоқи миллии мо мувофиқат намекунанд. Дар шароити муосири муборизаҳои иттилоотӣ таъмини саривақтии фазои иттилоотӣ бо иттилои дақиқу сареъ аз муаммоҳои мубрам аст. Ҳарчанд расонаҳои хориҷӣ бо рақобат барои пешрафти фаъолияти расонаҳои тоҷик саҳм мегузоранд, барои ВАО - и ғайриҳукуматӣ як воситаи сарчашмаи иттилоъ шудаанд. Набояд фаромӯш кард, ки ин расонаҳо бо назардошти манфиатҳои кишвар ва муассиси худ хабару гузоришҳоро омодаву пахш мекунанд. Аз ин хотир, таъсири рӯзафзуни ВАО - и хориҷӣ ба афкори омма дар лаҳзаҳои муайян метавонад ба амнияти иттилоотии мамлакат хатар орад.
Дар замони будани мавҷгирҳои моҳвораӣ ба фазои иттилоотӣ баҳои яксону қатъӣ додан осон нест. Ҳамчунин, торафт ба рӯзгори мо ворид шудани интернет ва дастрасии бештари мардум ба он, рушди технологияи иттилоотиву иртиботӣ набояд фаромӯш шавад. Ҳамин аст, ки имрӯз интернет, бахусус сомонаҳои иҷтимоӣ таъсири бештаре дар ташаккули фазои иттилоотӣ ва афкори умум, бахусус ҷавонон доранд. Масалан, ҷалби аксари аъзои созмонҳои террористиву экстремистӣ, аз ҷумла “Давлати исломӣ” тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ сурат гирифтааст.
Иттилоъ дар шароити муосири ҷаҳонишавӣ ба силоҳи муборизаҳо табдил ёфтааст. Ва ҳеҷ иттилое бидуни мақсад пахш намегардад. Тавассути технологияҳои иттилоотиву иртиботӣ дар камтарин фурсат дилхоҳ иттилоъ дар олам паҳн мешавад. Ин ҳам нишони аҳамияти иттилоъ асту ҳам водоркунандаи масъулият дар назди гирандаи иттилоъ. Ин масъулият то кадом андоза дархӯри манфиатҳои милливу давлатии мост, саволест аз ҳар рӯзноманигори тоҷик посух мехоҳад. Аз ин рӯ, аҳли қаламро мебояд дар баробари иҷрои вазифаҳои касбии худ, манфиат ва арзишҳои миллии давлати соҳибистиқлоламонро дар мадди аввал гузоранд. Ба як маъно, рӯзноманигорон дар муборизаву ҷангҳои иттилоотӣ бояд сарбоз ва сипари боэътимоди давлату миллат бошанд. Посухи саривақтӣ ба ҳуҷумҳои иттилоотӣ аз вазифаҳои асливу касбии аҳли қалам аст.
М.  ИМОМЗОДА,
ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, академик,
С. ГУЛЗОД,
мудири кафедраи телевизион ва радиошунавонии ДМТ, дотсент


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 03.01.2018    №: 2    Мутолиа карданд: 684

16.01.2019


Пирӯзии мунтахаби Тоҷикистон бар Эрон

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Роҳандозии моратории дусола дар Тоҷикистон

Нақшаи Brexit дар парламенти Британия рад карда шуд

Кремл роҳи ҳалли буҳрони Украинаро пешниҳод намуд

Ифтитоҳи онлайн-донишгоҳ барои гурезаҳо дар Италия

15.01.2019


Ҷаласаи ҷамъбастӣ таҳти раёсати муовини Сарвазири мамлакат

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Абдулазиз Комилов

Ёдгор Файзов: «Соли 2018 соли таҳкими волоияти қонун дар Бадахшон буд»

ХУҶАНД. 1548 медали варзишгарон дар як сол

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Созишномаи сулҳ – мавзӯи асосии мулоқоти Путин ва Абэ хоҳад шуд

Савдои хориҷии Чин соли 2018 натиҷаи рекордӣ нишон дод

Дар Алмаато гурӯҳи хориҷиёни террорист боздошт шуд

То соли 2024 аҳолии Қирғизистон бо оби ошомиданӣ пурра таъмин мешавад

10.01.2019


Дар Саразм осорхона ва меҳмонхонаи замонавӣ бунёд мешаванд

Вохӯрии Парвиз Давлатзода бо Владимир Норов

Ҷаласаи Шӯрои кор бо ҷавонон

“ГАНҶИ СУХАН” – маҳфили адибпарвар

РӮШОН. Ифтитоҳи маркази дуошёнаи савдо

Муҳаммад Салоҳ – беҳтарин футболбози Африқо

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Самарқанд мизбони нахустмулоқоти «Ҳиндустон – Осиёи Марказӣ»

Баргардондани 47 шаҳрванди Қазоқистон аз Сурия

Остона ба гузарондани Ҳамоиши ҷаҳонии туризми шаҳрӣ омодагӣ мегирад

Дар Беларус бори нахуст ҳукми қатл содир шуд

09.01.2019


Таҷлили 110 - солагии аллома Бобоҷон Ғафуров

GLOBE SOCCER AWARDS. Беҳтаринҳоро муайян кард

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Дар Пекин музокироти тиҷоратии ИМА ва Чин мегузарад

Эрдуғон пирӯзӣ бар террористони «Давлати исломӣ» - ро эълом дошт

Разведкаи Сурия дар ҳафт сол 80 саркардаи исломиро нест кард

Сарвари ҶХД Корея ба Чин бо ташрифи серӯза омад

Танзими нархи дорудар Қазоқистон


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед