logo

фарҳанг

МУСИҚИИ КАСБӢ. ОН БОЯД РУШД БИЁБАД

Дар Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олӣ  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  оид ба рушду нумӯи фарҳанги миллӣ, мусиқии касбӣ ва қабулу иҷрои барномаҳои муҳими давлатӣ дар ин самт бо роҳнамоӣ дастуру супоришҳо низ доданд.
Вобаста ба ин Абдулқодири Раҳим, хабарнигори «Ҷумҳурият», бо Холаҳмади Маҷид, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, омӯзгори Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи М.Турсунзода, ҳамсуҳбат шуд.

- Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  аз оғози фаъолияти сарварияшон ба рушду нумӯ ва густариши фарҳанг, хосса пешрафти мусиқии касбӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир мекунанд. Инчунин, тамоми шароитҳоро барои он фароҳам меоваранд. Таъмири Театри давлатӣ – академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ, Филармонияи  давлатии ба номи А.Ҷӯраев, пурра гардондани ҳайати оркестри симфонии театр, сифатан беҳтар намудани оркестри созҳои миллӣ ва аз ҳама муҳим дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис додани оркестри симфонӣ намунаи он маҳсуб мешавад. Ҳамзамон, пайваста таъкид месозанд, ки барои тарбияи мутахассисони ҷавони соҳа дар дохил ва хориҷи кишвар тадбирҳои зарурӣ андешида шаванд. Ин ҳама касро умедвор месозад, ки ба ояндаи дурахшони соҳа хушбин бошад.
Агар ба хотир биёрем, пештар аҳли зиё дар назди сарварони вақти давлат оид ба рушду нумӯи фарҳанг, махсусан мусиқии касбӣ масъала мегузоштанд ва ҳалли онро бисёр муҳим арзёбӣ менамуданд. Аммо на ҳама вақт ба он муваффақ мегардиданд. Дар замони истиқлол ё худ сарварии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  акси ин ҳолат ба мушоҳида мерасад. Қариб ба тамоми масъалаҳое, ки ба рушди фарҳанги миллӣ ва мусиқии касбӣ иртибот мегиранд, диққати масъулонро ҷалб месозанду талаб менамоянд, ки барои ҳаллашон ғамхории махсус зоҳир бикунанд.
Албатта, боз мушкилоте вуҷуд доранду пайдо мешаванд, ки садди роҳи пешрафт ва густариши мусиқии касбӣ мегарданд. Метавон онҳоро рафъ намуд.  Оре, агар дигар масъулон бо дилсӯзӣ ва эҳсоси масъулият барои пешрафти соҳа сари вақт саъю кӯшиши зиёд ба харҷ бидиҳанд. Дар бисёр маврид, балки ҳамеша Пешвои миллат зарур мешуморанд, ки диққати ин масъулонро ба мушкилоти ҷойдошта бевосита ҷалб ва водор бисозанд, ки дар сатҳи баланди касбӣ тадбирандешӣ намоянд. Дар Паёми навбатиашон низ таъкидашон, дастуру супоришашон дар бораи рушди фарҳанги миллӣ, мусиқии касбӣ ҳар мутахассис ва ҳунарпешаро вазифадор мекунад, ки ба ояндаи соҳа на танҳо хушбин бошад, балки аз имрӯз барои  пешрафти он заминаи бештару беҳтар фароҳам биёрад.
Дар асл тамоми имконотро худи Сарвари давлат бо дурандешии сиёсиву фарҳангии худ ба вуҷуд меоранд. Бунёди Китобхонаи миллӣ ва Осорхонаи миллӣ дар шароити баъдиҷангӣ ва иқтисоди рушднаёфтаи кишвар дар сатҳи бисёр баланд магар осон буд? Не, ҳаргиз! Бар замми ин, боз бунёди Театри миллӣ идома дорад. Инчунин, барои тайёр кардани мутахассисони варзидаву ҷавобгӯи талаботи давр барномаҳои муҳими давлатиро дастгирӣ  ва дар ҳар сафарашон ба кишварҳои пешрафтаи хориҷӣ барои он масъалагузорӣ менамоянд.
Ба хотир биёрем, ки бархе аз тангназарон дар оғози истиқлолият мавҷудияту фаъолияти Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айниро барои кишвар ва миллат нозарур мешумурданд. Ба ин хотир, борҳо бонги изтироб низ зада буданд. Аммо Сарвари давлат барои пойдорӣ ва рушду нумӯ ва густариши мусиқии касбӣ дар он рӯзгори вазнини кишвар тадбирҳои заруриро андешиданд.
Дур намеравем. Тахминан 12 сол пеш балет дар Театри давлатии академии ба номи С. Айнӣ қариб, ки дар ҳолати нестшавӣ қарор дошт. Бо дарку эҳсоси ин мушкилот Сарвари давлат барои тайёр кардани мутахассисон аз ҳисоби насли нав на танҳо дастур доданд, балки барои таҳсилашон дар шаҳри Перми Русия тамоми имкониятҳоро фароҳам оварданд.
Нигаҳдории оркестри калони симфонии ин театр бо мутахассисонаш ва таъсиси боз як оркестри симфонӣ дар назди Президенти мамлакат иборат аз 120 нафар ҳаргиз кори осон набуд.
Ман бисёр таваҷҷуҳ ва муқоиса менамоям. Сарвари ҳеҷ давлате мисли Пешвои миллати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ҳамеша, хосса дар паёмҳояшон, дар бораи фарҳанг, рушди мусиқии касбӣ ва миллӣ бо ғамхорию дилсӯзӣ сухан намекунанду онро дар маркази диққат намегузоранд. Тавре худ иброз медоранду таъкид месозанд, барояшон, воқеан, фарҳанг ҳастии миллат аст. Фарҳанг ҳамзамон муаррифгари миллату давлат маҳсуб мешавад. Аз ин рӯ, бояд ба Пешвои муаззамамон бояд ҳамеша эҳтиром бигузорему барои хидматҳо, ташаббусҳо, роҳнамоиҳояшон сипосгузор бошем. Ҳамзамон, тамоми неруро барои иҷрои супоришҳояшон ба харҷ бидиҳем. Махсусан Вазорати фарҳанг барои ин ҳама тадбирҳои заруриро бо шинохту эҳсоси масъулияти бузург бояд биандешад. Барои иҷрои барномаҳои муҳими давлатӣ, махсусан тайёр кардани мутахассисони ҷавобгӯи талаботи давр чи дар дохил ва чи берун аз кишвар саҳми бештару беҳтар бигирад. Албатта, душвор аст ёфтани истеъдодҳо ва ҷалби онҳо, хусусан ба мусиқии касбӣ, вале зарур мебошад. Ҳама гуна дастовардҳо дар ин соҳа танҳо ба василаи мутахассисон, ҳунарпешагони асилу боистеъдод даст медиҳад. Эҳёи анъанаҳои нек, ташкили озмунҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ, ҷалби мутахассисони варзидаву маъруф аз хориҷи кишвар низ ногузир мебошад.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 03.01.2018    №: 2    Мутолиа карданд: 530
10.07.2020


ҚОҲИР РАСУЛЗОДА АЗ ШАҲРИ НОРАК ВА НОҲИЯИ ЁВОН ДИДАН НАМУД

ХОРУҒ. РӮ БА РУШД

ҶОМИ КФО – 2020. БОЗИҲОИ МАРҲИЛАИ ГУРӮҲӢ ДАР ТОҶИКИСТОН ДОИР МЕШАВАД?

09.07.2020


ТОҶИКИСТОН. ШУМОРАИ ШИФОЁФТАГОН АЗ COVID – 19 АЗ 5000 ГУЗАШТ

«ОИЛА, КӮЧА, МАҲАЛЛА, ДЕҲА, ДЕҲОТ ВА ШАҲРАКИ БЕҲТАРИН». ОЗМУНЕ, КИ СОКИНОНИ СУҒДРО БА ОБОДОНӢ ТАЛҚИН МЕКУНАД

ДУШАНБЕ. ТАҲТИ РАЁСАТИ АЗИМ ИБРОҲИМ ҶАЛАСАИ КОРӢ БАРГУЗОР ШУД

ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. КОРҲОИ ФАҲМОНДАДИҲӢ САМАР ДОРАНД

«ОВОЗИ САМАРҚАНД» КИТОБҲОИ ХУДРО РӮНАМОӢ КАРД

ВАНҶ. ОБ АСТ, КИ ОБОДИСТ

ТАБИБОНИ ЛАХШ: «ҒАМХОРИҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА МО НЕРУ МЕБАХШАД»

ФУТЗАЛ. БОЗИИ СУПЕРҶОМИ ТОҶИКИСТОН – 2020 КАЙ БАРГУЗОР МЕГАРДАД?

ТАЪКИДИ СИ ҶИНПИН АЗ ЗАРУРАТИ ҲАМКОРИИ ГУСТУРДАИ ЧИНУ РОССИЯ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

08.07.2020


ИСФАРА. КОРХОНАИ ПОЙАФЗОЛДӮЗИИ «САМАНД» БА ФАЪОЛИЯТ ШУРӮЪ НАМУД

ДАР ТОҶИКИСТОН АЗ КОРОНАВИРУС 4965 БЕМОР ШИФО ЁФТ

Сафари гурӯҳи ҳукуматӣ ба ВМКБ

«МАЪРИФАТ. ВАҚТЕ КИ КИТОБХОНА ҲОЛИ ТАБОҲ ДОРАД»

ВМКБ. ВАЗИР АЗ ҶАРАЁНИ СОХТМОНҲО ДИДАН КАРД

“СОМОН ЭЙР” БА ДУБАЙ ВА МИНСК ПАРВОЗҲОИ МАХСУС АНҶОМ МЕДИҲАД

САДОҚАТИ «САДОҚАТ»

ЛИГАИ ОЛӢ. КОРШИНОСИ ВАРЗИДА САРМУРАББИИ ДАСТАИ "КӮКТОШ" ТАЪЙИН ГАРДИД

ДАР ОЛМОН БА ТАҲКИМИ МУНОСИБАТ БО РОССИЯ АВЛАВИЯТ МЕДИҲАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

07.07.2020


ТОҶИКИСТОН. 4914 ГИРИФТОРИ БЕМОРИИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

БОЗГАШТИ ШАҲРВАНДОНИ ТОҶИКИСТОН АЗ ҚАЗОҚИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН

FINA МЕХОҲАД МАВҚЕАШРО ДАР БО МУСТАҲКАМ НАМОЯД

СУТ БА ВАКСИНАИ РОССИЯ АЛАЙҲИ COVID - 19 ЭЪТИМОД ДОРАД ВА ДАР ИН САМТ ХОСТОРИ ҲАМКОРИСТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

06.07.2020


ТОҶИКИСТОН. ШУМОРАИ СИҲАТШУДАГОН АЗ КОРОНАВИРУС БА 4858 НАФАР РАСИД

НОҲИЯИ ДАРВОЗ. СОҲАИ ФАРҲАНГ БА ДАСТГИРӢ НИЁЗ ДОРАД

РАШТ. КИШТИ КАРТОШКА ДАР 3047 ГЕКТАР

КӮЛОБ. БА МАҲАЛЛАИ ЛОҲУТӢ ОБИ ТОЗА ОМАД

ЧЕМПИОНАТИ ТОҶИКИСТОН – 2020. ҒАЛАБАИ НАВБАТИИ "ИСТИҚЛОЛ"

ПУТИН: «РОССИЯ БАРОИ РУШДИ ИҚТИСОД НИЁЗ БА МУҲОҶИРОН ДОРАД»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед