иҷтимоиёт
ТАЪЛИМИ КАЛОНСОЛОН. НАТИҶАҲО БЕҲТАР АЗ ОН АСТ, КИ МЕПИНДОРЕМ
Дар Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар соли 2018 – Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардид. «Бо мақсади ҳавасмандгардонии аҳолӣ ҷиҳати истеҳсоли молҳои ниёзи мардум дар хона ва рушди ҳунарҳои мардумӣ аз 1 январи соли 2018 фурӯши чунин молу мавод аз пардохти ҳамаи намудҳои андоз озод карда шавад» - омадааст дар Паём. Сарвари давлат бо мақсади рушди ҳунарҳои мардумӣ Ҳукумати ҷумҳуриро муваззаф намуд, ки тавассути «Фонди дастгирии соҳибкорон» ба соҳибкорону ҳунармандон ҷудо намудани қарзҳои имтиёзнокро васеъ ба роҳ монад. Яке аз ҳадафҳои ин иқдом барои таъмини шароити мусоиди кор ва бунёди инфрасохтори сайёҳӣ фароҳам овардани заминаҳои устувори меъёрию ҳуқуқӣ мебошад.
Аслам Раҳимов, директори Муассисаи давлатии «Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон», ташаббуси нави Сарвари давлатро барои беҳбудии сатҳи зиндагии мардум муҳим арзёбӣ намуда, чунин изҳор дошт:
-Тайи солҳои охир баланд бардоштани сатҳи малакаи касбии шаҳрвандон, таъмини шуғли аҳолӣ ва беҳбудӣ бахшидани сатҳу сифати хизматрасониҳо аз самтҳои афзали сиёсати давлату Ҳукумати кишвар қарор гирифтааст. Дар заминаи дастуру супоришҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази таълимӣ давоми соли 2017 қариб 13 ҳазор бонуи хонашин касбу ҳунарҳои мардумӣ, аз қабили қолинбофӣ, қӯроқдӯзӣ, гулдӯзӣ, сӯзанидӯзӣ, заргарӣ, дуредгарӣ, адрасбофӣ, сабадбофӣ, тоқидӯзӣ, дӯзандагӣ, гилембофӣ кулолгарӣ ва ғайраро азхуд намуда, соҳиби шаҳодатнома шуданд. Айни замон дар маркази таълимӣ ва филиалҳои он зиёда аз 300 дастгоҳ барои адрасу қолинбофӣ ва гулдӯзию шерозадӯзӣ, маводу таҷҳизоти омӯзиши оҳангарӣ, кулолгарӣ, кандакорӣ дар чӯб мавриди омӯзиш ва истифодаи таълимгирандагон қарор доранд.
Бо эълон доштани Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ тамоми кормандони соҳаи таҳсилоти касбӣ, аз ҷумла мутасаддиёни таҳсилоти калонсолон вазифадор гардиданд, ки дар самти омӯзиши ҳунарҳои миллӣ, бахусус аз ҳисоби занону духтарони хонашин, чораҳои зарурӣ андешанд. Дар ин маврид дар заминаи марказҳои таълими калонсолон таъсис додани коргоҳҳои нави таълимӣ - истеҳсолии атласу адрас, қолинҳо ва маҳсулоти дигари ҳунарҳои мардумиро ба нақша гирифтаем.
Иронбӣ МӮСОЗОДА, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 04.01.2018 №: 3 Мутолиа карданд: 148