logo

иқтисод

СИНГАПУР ВА ИСТИФОДАИ ТАҶРИБАИ ПЕШҚАДАМ ДАР ШАРОИТИ ТОҶИКИСТОН

Дар тӯли таърих давлатҳое, ки бидуни таҷрибаи давлатдории кофӣ ё захираҳои бойи табиию зеризаминӣ дар муддати кӯтоҳ ба сатҳи баланди тараққиёт расида, бо истифода аз идеологияи бузурги худ баробари кишварҳои мутараққӣ нақшу нуфузро соҳиб гардида бошанд, ниҳоят каманд.

Сингапур аз ҷумлаи чунин кишварҳои ангуштшумор аст, ки дар чанд даҳсолаи охир ҷаҳишҳои бузурги иқтисодиву саноатии он Аврупо ва Амрикоро ба ҳайрат гузоштааст. Ин аст, ки Сингапурро “хориқаи (феномен) иқтисодии асри ХХI” меноманд. Рушди иқтисодии Сингапур барои оламиён чун муаммост: барои сиёсатмадорон Сингапур “шаҳр-давлати асри XXI” ё “Аврупои Осиёӣ ва Аврупо дар истиво (экватор)”, барои тоҷирон “дарвозаи Ғарб ба Шарқ ва дарвозаи Шарқ ба Ғарб”, барои сармоягузорону сармоядорон пойтахти молиявии  Осиёи Ҷанубу Шарқӣ (ОҶШ) ё Шветсарияи Шарқ (ки дар он 180 бонк фаъолият мекунад), барои  иқтисодчиён “бабри осиёӣ”, барои сайёҳон “яке аз муъҷизаҳои дунё – шаҳр - давлати ҷазиравӣ” мебошад. Зеро Сингапур ин намунаи “муъҷизаи иқтисодӣ” буда, асосгузори он Ли Куан Ю маҳсуб ёфта, дар давоми 40 сол онро аз кишвари “ҷаҳони сеюм” ба давлати рушди иқтисодаш баланд табдил дод.  Имрӯз аз он дар тааҷҷубанд, ки чӣ гуна Сингапур ба чунин сатҳи тараққиёт ноил шуд? Бо вуҷуди оне, ки кишвар шаҳр - давлати хурде ба ҳисоб рафта, захираҳои табиӣ надошта, ҳатто оби ошомиданӣ ва қумро аз кишвари ҳамсоя Малайзия ворид месозад. Худи Сингапур дар қисмати ОҶШ ҷойгир буда, бо Малайзия таърихи ягона дорад. 3 июни соли 1959 Сингапур расман давлати худмухтор дар ҳайати Англия эътироф шуда, Ли Куан Ю ҳамчун  сарвазир дар парламент интихоб гашт. Соли 1963 Сингапур ба ҳайати Федератсияи Малайзия шомил шуд, вале 9 августи соли 1965 аз федератсия хориҷ гардида, истиқлолияти комили худро ба даст овард. Бояд қайд намуд, ки ин шаҳр - давлат аз ҳама кишвари қафомонда дар Осиё ба шумор мерафт ва чун маҳали роҳзанҳои баҳриву маркази мубодилаи маводи мухаддир шинохта мешуд. Ҳатто соли 1960 маҷмӯи маҳсулоти дохилии (ММД) Сингапур ба ҳар сари аҳолӣ дар сатҳи кишварҳои африқоӣ рост меомад. Дар маҷмӯъ, кишвар аз рӯйи ҳеҷ як нишондиҳандаи иқтисодию иҷтимоӣ назаррас набуд, аммо он бо татбиқи сиёсати одилона ва дурусти иқтисодӣ амалан дар тӯли якчанд даҳсола ба як кишвари мутараққии технологиву инноватсионӣ табдил ёфтааст. Айни ҳол масоҳати Сингапур 719 ҳазор км2 ва аҳолияш 5,6 млн. нафарро ташкил дода, яке аз кишварҳои калидии минтақа ҳисоб меёбад.  Қайд кардан ба маврид аст, ки Сингапур дар муддати ним аср маҷмӯи маҳсулоти дохилиашро 300 маротиба афзун намуда, аз 700 млн. дар соли 1960 ба 200 млрд. дар соли 2010 баробар сохт. Ҳоло бошад, ин нишондод ба 311 миллиард доллар расидааст, ки даромад ба ҳар сари аҳолӣ аз 1000 доллар дар соли 1965 то ба 55000 доллар афзоиш ёфтааст.
Иқтисодиёти кишвари мазкур яке аз иқтисодиёти озодтарин, навовартарин ва рақобатпазиру динамикӣ буда, барои тиҷорат қуллай арзёбӣ гаштааст. Дар ин нишондод байни 5 кишвари иқтисоди озоддоштатарини ҷаҳон ҷойи 2 - юмро ишғол менамояд.    
Сингапур пешсафтарин низоми маорифро соҳиб аст. Таваҷҷуҳи давлат нисбат ба таҳсилоту маориф аз боғча шурӯъ мешавад. Таҳсил ройгон буда, баъди хатми мактаб ҷавонон метавонанд дар мактабҳои олии мамлакат ва хориҷи он таҳсили худро давом диҳанд, аммо онҳо уҳдадоранд, ки пас аз хатми донишгоҳ ба кишварашон баргашта, кору фаъолият намоянд. Ли Куан Ю қайд мекунад: “Мо ҳеҷ гуна захираҳои табиӣ надорем, аз ин рӯ, бартарии мо дар қувваҳои зеҳниамон аст”.
Ли Куан Ю ҳеҷгоҳ ба низоми некуаҳволии оммавӣ бовар надошт. Дар ин хусус ӯ чунин гуфта буд: «Қобилияти одамон баробар нест. Вақте ки давлат вазифаҳои сардори оиларо ба зиммаи худ мегирад, матонати инсонҳо заиф мегардад. Некуаҳволии мардум такя ба қувваи худро аз байн мебарад ва барои беҳтар намудани сатҳи зиндагии оилаи худ талош намекунад”. Имрӯз дар кишвар амалан бекорӣ дида намешавад, зеро барои бекорон аз ҷониби давлат кумаке пешбинӣ нагардидааст. 
Қариб ҳамаи аҳолии маҳаллии кишвар соҳиби манзили шахсӣ мебошад, зеро давлат манзилҳоро бо нархи арзон сохта, баъдан ба мардум бо нархи дастрас ба фурӯш мегузорад. Дар чунин манзилҳо 80% сингапуриҳо истиқомат мекунанд.
Дар китоби машҳури Ли Куан Ю бо номи “Аз ҷаҳони сеюм ба ҷаҳони якум” оид ба идоракуние сухан меравад, ки сирф бо хусусиятҳои осиёӣ дар сохтани давлати пешрафта саҳми бузург дорад. Имрӯз мо мебинем, ки талоши ӯ чи ҳосилеро ба бор овардааст:
Сингапур аз ҷиҳати рушди иқтисодӣ дар минтақаи Осиёи Ҷанубу Шарқӣ ҷойи якумро мегирад;
Ҳамчун маркази саноату молияи ҷаҳон шинохта шудааст;
Аз ҷиҳати коркарди нафт дар ҷаҳон баъди Хюстон ва Роттердам ҷойи 3 - юмро ишғол менамояд (ҳамасола 20 млн. тонна);
Аз лиҳози рушди технологияи иттилоотӣ дар ҷаҳон баъд аз Дания ва Шведсия ҷойи сеюмро мегирад;
Аз ҷиҳати сатҳи пасти фасод дар ҷаҳон ҷой якумро ишғол мекунад;
Аз ҷиҳати захираҳои тиллоӣ баъд аз Ҷопон ва Чин ҷойи  3- юмро ишғол мекунад;
Аз ҷиҳати сайёҳӣ ва хизматрасонӣ ҷойи намоёнро ишғол намуда, танҳо дар соли 2016 16,4 млн. сайёҳ ворид шуда, 24,8 млрд. доллар даромад ба даст овард.
Дар маҷмӯъ, рушду инкишофи босуръати Сингапур ҳамчун намуна ва мисол барои  аксари давлатҳои рӯ ба инкишофу мутараққии дунё табдил ёфтааст. Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз кишварҳои дорои имконоти хуби энергетикӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, ҷуғрофӣ ва, инчунин, захираҳои бойи табиӣ ба шумор меравад. Махсусан дар рушди якчанд соҳаҳои зерин хеле ниёз ва таваҷҷуҳ дорад. Истифодаи максималии захираҳои гидроэнергетикӣ (527 млрд. квт/соат дар як сол, ҷойи 8-ум дар ҷаҳон) ва ба ин васила соҳиб шудани бозори неруи барқи минтақавӣ; истифодаи самараноки захираҳои кӯҳӣ(93% кӯҳсор) ва рушди коркард, истеҳсол ва содироти канданиҳои фоиданок ва махсусан семент; рушди соҳаи сайёҳӣ (1000 дарё, 2000 кӯл, 8000 яхчашмаҳо ва табиати биҳиштӣ) бо истифодаи таҷрибаҳои кишварҳои муваффақ монанди Сингапур ва Тайланд. Аз ин рӯ, барои истифодаи имкониятҳои мавҷуда бо назардошти таҷрибаи Сингапур мебояд тадбирҳои зеринро пеш гирифт:
Ҳар чи бештар ҳамкориҳои илмӣ, иқтисодӣ ва сиёсии худро бо Сингапур тақвият бахшида, ҷалби сармояи хориҷӣ дар соҳаҳои энергетика, коркарди ашёи хом, сарватҳои зеризаминӣ ва ҷалби мутахассисони баландихтисос ба соҳаҳои низоми бонкӣ ва низоми маориф ба роҳ монда шавад.
Мубориза бар зидди фасод бояд шадидан бошад, зеро омили пешрафти тамоми соҳаҳо аз сатҳи пасти фасод дар кишвар вобастагӣ дорад.
Х. ПАЙВАНДОВ,
ассистенти кафедраи минтақашиносии хориҷии факултети муносибатҳои байналхалқии ДМТ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 04.01.2018    №: 3    Мутолиа карданд: 180

18.04.2018


Вохӯрии Сироҷиддин Аслов ва Рашид Мередов

Сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ матраҳ гардиданд

Тақвияти мубориза алайҳи терроризм

Тавсеаи ҳамкориҳои гумрукӣ

Футболи соҳилӣ дар Тоҷикистон

МАЛАЙЗИЯ. Дастоварди навбатии хонандагони тоҷик дар олимпиада

Меркел зарурати вохӯрӣ бо Путинро таъкид намуд

Могерини: «24-25 апрел дар Брюссел қазияи Сурия баррасӣ мегардад»

Аз чор се ҳиссаи аҳолии Яман ниёзманди ёрии башарист

Туркманистон бандари $2 миллиардиро мекушояд

17.04.2018


Омодагӣ ба интихоботи миёнадаврӣ

«Роҳбалади беҳтарин» озмуни КИ ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб

Рӯзи илм таҷлил гардид

Дурахши дзюдогарони кишвар дар ҷомҳои Аврупову Осиё

Вашингтон вақтҳои наздик низомиёнашро аз Сурия мебарорад

Нигаронии президенти Олмон аз дуршавии бештари Русия ва Ғарб

Департаменти ИМА барои идомаи муколама бо Димишқ шарт гузошт

Коршиносон то 100 доллар расидани нархи нафтро пешгӯӣ карданд

16.04.2018


Баргузории ҷаласаи Кумитаи тадорукоти Конференсияи байналмилалии сатҳи баланд

Вохӯрии Сироҷиддин Аслов ва Ли Ён Хо

Иҷлосияи 23-юми Шӯрои вазирони корҳои хориҷии Созмони ҳамкории иқтисодӣ доир мешавад

НОҲИЯИ РӮДАКӢ. Ифтитоҳи ду бинои таълимӣ

13.04.2018


Оғози бунёди «Қасри Бахт»

Густариши ҳамкориҳои байнипарлумонӣ

Мулоқоти Ҳамрохон Зарифӣ ва Кэйҷи Фуруя

Баррасии масъалаи дастрасии хизматрасониҳои молиявӣ ба соҳибкории хурду миёна ва аҳолӣ

«Шоми мақом»

Варзиш

Меркел ба зарбазании Сурия ҳамроҳ шудан нахост

Пушков: «Бе Русия СММ дуюм НАТО мешавад»

Меваю сабзавоти Осиёи Миёна бо ёрии Вашингтон ба Прибалтика меравад

Ҷанҷоли «нобелӣ» дар академияи Шведсия

Роҳандозии низоми шинохти фаврии чеҳра дар Чин

12.04.2018


НОҲИЯИ ҶАББОР РАСУЛОВ 93 км роҳ таъмир мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед