logo

сиёсат

ТЕРРОРИЗМ. ТОҶИКИСТОН ДАР МУБОРИЗА АЛАЙҲИ ОН МАВҚЕИ ОШТИНОПАЗИР ДОРАД

Таҳлили авзои нигаронкунандаи сиёсии ҷаҳон ва минтақа, ки дар оғози Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ қарор дошт, бесабаб нест. Зеро, оқибатҳои фоҷиабори инқилобҳои ранга дар як қатор кишварҳои арабӣ, ба дигар давлатҳо бетаъсир набуда, теъдоди зиёди ҷавонони ноогоҳ, аз ҷумла шаҳрвандони Тоҷикистонро низ ба доми худ кашид.

Хушбахтона, ҳанӯз соли 2010 бо иқдоми саривақтии Пешвои миллат  садҳо донишҷӯи муассисаҳои ғайрирасмии динии хориҷӣ ба Ватан баргардонда шуданд, ки дар акси ҳол имкон дошт, қурбони ҳаводис шаванд. Он замон шахсони алоҳида ва гурӯҳҳое буданд, ки алайҳи ин тасмими судовар сару садо баланд намуданд. Вале, бо гузашти панҷ сол бори дигар бузургиву дурандешии Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон исбот гардид ва бозгардондани ҷавонон пеши роҳи бисёр паёмадҳои нохушро гирифт.
Феълан, бо нисбатан муътадил гардидани авзои сиёсӣ дар кишварҳои Сурия ва Ироқ, хатари дар Афғонистон маскан гирифтани қувваҳои иртиҷоии террористӣ ва ноором намудани минтақа зиёд гардида истодааст. Бо таваҷҷуҳ ба ин ҳолат, ин навбат низ Пешвои миллат аз ҷомеаи ҷаҳонӣ даъват ба амал оварданд, ки барои истиқрори сулҳ, ба эътидол овардани вазъи сиёсии Афғонистон ва рушди иқтисоди ин кишвар иқдом намоянд. «Хатарҳои замони муосир, вазъият дар Ховари Миёна, бахусус вазъи Афғонистони ҳамсоя моро водор месозанд, ки ба масъалаи таъмини амният диққати аввалиндараҷа диҳем. Бахусус дар қаламрави Афғонистон пайдо шудани террористони ба ном «Давлати исломӣ», ки баъзе шаҳрвандони кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил низ ба он шомиланд, вазъро боз ҳам ноором намуда, боиси ташвиши давлатҳои ҳамсоя гардидааст», - омадааст дар идомаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ба шарҳу тавзеҳ ниёз надорад.
Шахсан дар суҳбатҳо чандин маротиба шоҳиди он гардидаам, ки шаҳрвандони кишвари ҳамсоя - Афғонистон аз ин пуштибониҳои Пешвои муаззами мо дар сатҳи байналмилалӣ ва бетараф набуданашон ба тақдири миллати азиятдидаи афғон, изҳори сипосу миннатдорӣ менамуданд. Чанд сол пеш, ҳангоми адои маносики ҳаҷ, форсизабонони муқими Арабистони Саудӣ аз ман хоҳиш намуданд, ки акси Эмомалӣ Раҳмонро бо Парчами Тоҷикистон ба онҳо ҳадия намоям, то дар хонаҳояшон бо ибрози ихлосу муҳаббат нигаҳдорӣ намоянд. Бо ифтихор мегуфтанд, ки Эмомалӣ Раҳмон, на танҳо Пешвои давлати Тоҷикистон, балки Пешвои тоҷикони тамоми ҷаҳон, аз ҷумла Пешвои азизи  мо низ ҳаст. Ин гуфтаҳо далели онанд, ки маҳбубияти Сарвари муаззами мо аз марзи Тоҷикистон берун рафта, дар қалби миллионҳо нафари хориҷӣ маскан гирифтааст.
Ин ва дигар тадбирҳо метавонанд, кишвари моро аз хатарҳои аёну ноаёни ҷаҳони муосир эмин нигоҳ дошта, бори дигар мавқеи оштинопазири Тоҷикистон бо терроризму экстремизмро муаррифӣ созанд. Барои амалӣ намудани ниятҳои нек ва дурандешонаи Пешвои миллат ҳар яки моро зарур аст, ки зери ливои иттиҳоду ягонагӣ, барои анҷоми амалҳои шоиста даст ба кор шавем, фарзандонро дар ҳамин рӯҳия тарбия намуда, нагузорем, ки фирефтаи гурӯҳҳои ифротӣ шуда, ҳаёти худ ва атрофиёнро мувоҷеҳи хатар гардонанд.
А. МИРЗОЗОДА


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 04.01.2018    №: 3    Мутолиа карданд: 256

17.10.2018


РАШТ. Гусели 40 нафар ба хизмати ҳарбӣ

ТОҶИКОБОД. Ду коргоҳи нав дар хизмати сокинон

Вусъати омодагиҳо дар ноҳияи Спитамен

НОҲИЯИ РӮДАКӢ. 414 иншоот бунёд меёбад

ВАРЗИШГАРОНИ ТОҶИК ДАР ҚУВВАОЗМОИИ ҶАҲОНӢ

Бозиҳои олимпии наврасон. МЕДАЛИ НУҚРАИ БЕЖАН

16.10.2018


Тасдиқи нақшаи чорабиниҳо оид ба шинондани ниҳолҳо

Мунтахаби Тоҷикистон дар мусобиқаи "Bangabandhu Gold Cup" ҷои дувумро гирифт

БОЗИҲОИ ОЛИМПИИ НАВРАСОН. Мо соҳиби медал шудем

10.10.2018


Ҷаласаи Шӯрои вазирони мудофиаи кишварҳои узви ИДМ баргузор мешавад

Таҳкими ҳамкориҳои Бонки миллии Тоҷикистон ва БАТР

Дар Душанбе Фестивали байналмилалии «Чакан» доир мегардад

СУҒД. Бунёд ва таъмири 110 иншооти фарҳангӣ

РАШТ. Сохтмони 140 иншоот

РОШТҚАЛЪА. Вусъати созандагӣ

“SLOW FOOD”. Муаррифии гулмоҳии амударёӣ ва оши палов

МУНТАХАБИ ТОҶИКИСТОН ДАР ФИНАЛИ МУСОБИҚАИ "BANGABANDHU GOLD CUP"

09.10.2018


БАЛҶУВОН. Рӯ ба рушд

РАШТ. Авлавият ба ҳифзи муҳити зист

ТАНЗИМ. Қонуншиканон 25 ҳазор сомонӣ ҷарима шуданд

Сипоси сарвари ОПЕК Муҳаммад Баркиндо аз Владимир Путин

Сарони Россия ва Ӯзбекистон ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ карданд

Неруҳои эътилофи байналмилалӣ дар Афғонистон амнияти интихоботро таъмин месозанд

Лондон зери об мемонад?

Ҷаҳон дар як сатр

08.10.2018


Даҳ соли минтақаҳои озоди иқтисодӣ

ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ. Мунтахаби Тоҷикистон – барандаи медалҳои нуқра

ДЗЮ-ДО. Натиҷаҳо аз Ҷоми Президенти Тоҷикистон

"ПАЛАНГИ ТИЛЛОӢ". Ғалабаи Ҷомӣ Ҳасанов

Сафари расмии Владимир Путин ба Ҳиндустон

Трамп ба вохӯрияш бо Путин дар Хелсинки баҳои баланд дод

Дар Туркия ҳамоиши чорҷониба оид ба Сурия баргузор мегардад

Селфи бо марг бозӣ кардан аст

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед