logo

туризм

ТУРИЗМ. ЯК СОЛИ БОБАРОР

Бо мақсади боз ҳам боло бурдани сатҳу сифати хизматрасонӣ, бунёди инфрасохтори зарурӣ, ҷалби бештари сармоя ва табдил додани Тоҷикистон ба мамлакати пешрафтаи сайёҳӣ аз ҷониби Ҳукумати кишвар тадбирҳои мушаххас андешида мешаванд. Сол ба сол туризм ба яке аз соҳаҳои афзалиятноки иқтисодиёти кишвар табдил ёфта истодааст ва то имрӯз мамлакат дар ин самт ба дастовардҳои назаррас ноил гаштааст. 

Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли гузашта бо мақсади танзими фаъолияти субъектҳои туристӣ Кумитаи рушди сайёҳӣ таъсис ёфт. Дар баробари ин, ширкатҳои туристӣ барои фаъолияти самарабахш дар ин самт як қатор имтиёзҳоро соҳиб шуданд. Аз ҷумла, воридоти таҷҳизот ва масолеҳи сохтмон барои иншооти сайёҳӣ аз пардохтҳои андозиву гумрукӣ ва ширкатҳои сайёҳӣ дар панҷ соли аввали фаъолияташон аз пардохти андоз аз фоида озод карда шуданд, ки ин ба рушди бемайлони соҳа такони ҷиддӣ хоҳад дод. Дар баробари ин, бо мақсади зиёд намудани хатсайрҳои туристӣ дар ноҳияҳои Балҷувон, Ховалинг, минтақаҳои Ромит ва Канаски шаҳри Ваҳдат, шаҳрҳои Ҳисору Турсунзода ва Норак 20 хатсайри нав ташкил карда шуд.
Ба ҷуз ин, Портали миллии сайёҳӣ (ба забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ) таъсис ёфт, ки дар он метавон оид ба қоидаҳои будубош, дастрас намудани раводид, осоишгоҳҳо ва хатсайрҳои ҳавоиву туристӣ маълумоти заруриро дастрас намуд.
Ҳамчунин,  бояд иброз дошт, ки дар Тоҷикистон низоми содакардашудаи  додани раводид барои шаҳрвандони 80 мамлакати ҷаҳон ҷорӣ гардид ва тибқи маълумоти созмонҳои байналмилалӣ кишвари мо аз лиҳози низоми содаи гирифтани раводиди сайёҳӣ дар рӯйхати панҷ кишвари пешсафи ҷаҳон қарор дорад.
Маҳз ҳамин иқдомҳо боиси он гаштанд, ки соли 2017 зиёда аз 350 ҳазор нафар аз 113 мамлакати олам аз Тоҷикистон боздид ба амал овард, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2016 47385 нафар зиёд мебошад. Аз ин ҳисоб ба иқтисодиёти кишвар наздики 180 миллион доллари ИМА ворид гашт.
Туризм ба яке аз соҳаҳои сердаромади иқтисодиёти ҷаҳон табдил ёфтааст ва даромад аз ин ҳисоб ҳамасола наздики 2 триллион долларро ташкил медиҳад, ки ба 10 дарсади ММД - и ҷаҳон баробар аст. Маҳз ба ҳамин хотир ва бо дар назар гирифтани он, ки Тоҷикистон дорои иқтидори бузурги сайёҳист, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи  Паём ба Маҷлиси Олӣ соли 2018 - ро Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон карданд ва иброз доштанд, ки “Шароити мусоиди табиӣ ва иқлими Тоҷикистон барои ба роҳ мондани хизматрасонии муосири сайёҳӣ ва инкишофи намудҳои гуногуни он имконияти беҳтарин муҳайё кардааст. Танҳо зарур аст, ки инфрасохтори муосир бунёд ва сифати хизматрасонӣ дар сатҳи байналмилалӣ ба роҳ монда шавад”.
Комрон САФАР, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 04.01.2018    №: 3    Мутолиа карданд: 338

17.10.2018


РАШТ. Гусели 40 нафар ба хизмати ҳарбӣ

ТОҶИКОБОД. Ду коргоҳи нав дар хизмати сокинон

Вусъати омодагиҳо дар ноҳияи Спитамен

НОҲИЯИ РӮДАКӢ. 414 иншоот бунёд меёбад

ВАРЗИШГАРОНИ ТОҶИК ДАР ҚУВВАОЗМОИИ ҶАҲОНӢ

Бозиҳои олимпии наврасон. МЕДАЛИ НУҚРАИ БЕЖАН

16.10.2018


Тасдиқи нақшаи чорабиниҳо оид ба шинондани ниҳолҳо

Мунтахаби Тоҷикистон дар мусобиқаи "Bangabandhu Gold Cup" ҷои дувумро гирифт

БОЗИҲОИ ОЛИМПИИ НАВРАСОН. Мо соҳиби медал шудем

10.10.2018


Ҷаласаи Шӯрои вазирони мудофиаи кишварҳои узви ИДМ баргузор мешавад

Таҳкими ҳамкориҳои Бонки миллии Тоҷикистон ва БАТР

Дар Душанбе Фестивали байналмилалии «Чакан» доир мегардад

СУҒД. Бунёд ва таъмири 110 иншооти фарҳангӣ

РАШТ. Сохтмони 140 иншоот

РОШТҚАЛЪА. Вусъати созандагӣ

“SLOW FOOD”. Муаррифии гулмоҳии амударёӣ ва оши палов

МУНТАХАБИ ТОҶИКИСТОН ДАР ФИНАЛИ МУСОБИҚАИ "BANGABANDHU GOLD CUP"

09.10.2018


БАЛҶУВОН. Рӯ ба рушд

РАШТ. Авлавият ба ҳифзи муҳити зист

ТАНЗИМ. Қонуншиканон 25 ҳазор сомонӣ ҷарима шуданд

Сипоси сарвари ОПЕК Муҳаммад Баркиндо аз Владимир Путин

Сарони Россия ва Ӯзбекистон ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ карданд

Неруҳои эътилофи байналмилалӣ дар Афғонистон амнияти интихоботро таъмин месозанд

Лондон зери об мемонад?

Ҷаҳон дар як сатр

08.10.2018


Даҳ соли минтақаҳои озоди иқтисодӣ

ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ. Мунтахаби Тоҷикистон – барандаи медалҳои нуқра

ДЗЮ-ДО. Натиҷаҳо аз Ҷоми Президенти Тоҷикистон

"ПАЛАНГИ ТИЛЛОӢ". Ғалабаи Ҷомӣ Ҳасанов

Сафари расмии Владимир Путин ба Ҳиндустон

Трамп ба вохӯрияш бо Путин дар Хелсинки баҳои баланд дод

Дар Туркия ҳамоиши чорҷониба оид ба Сурия баргузор мегардад

Селфи бо марг бозӣ кардан аст

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед