logo

қонунҳои ҶТ

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА КОДЕКСИ ҶИНОЯТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Моддаи 1. Ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 майи соли 1998 қабул шудааст (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.1998, № 9, мод. 68, мод. 69, № 22, мод. 306; с. 1999, № 12, мод. 316; с. 2001, № 4, мод. 149, мод. 167; с. 2002, № 11, мод. 675, мод. 750; с. 2003, № 8, мод. 456, мод. 468; с. 2004, № 5, мод. 346, № 7, мод. 452, мод. 453; с. 2005, № 3, мод. 126, № 7, мод. 399, № 12, мод. 640; с. 2007, № 7, мод. 665; с. 2008, № 1, қ. 1, мод. 3, № 6, мод. 444, мод. 447, № 10, мод. 803, № 12, қ. 1, мод. 986, № 12, қ. 2, мод. 992; с. 2009, № 3, мод. 80, № 7 - 8, мод. 501; с. 2010, № 3, мод. 155, № 7, мод. 550; с. 2011, № 3, мод. 161, № 7 - 8, мод. 605; с. 2012, № 4, мод. 258, № 7, мод. 694; с. 2013, № 6, мод. 403, мод. 404, № 11, мод. 785, № 12, мод. 881; с. 2014, № 3, мод. 141, № 7, қ. 1, мод. 385, мод. 386; с. 2015, № 3, мод. 198, мод. 199, № 11, мод. 949, № 12, қ. 1, мод. 1107; с. 2016, № 3, мод. 127, № 5, мод. 355, мод. 356, № 7, мод. 608, мод. 609, № 11, мод. 874, мод. 875; с. 2017, № 1 - 2, мод. 2,     мод. 3; Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 августи соли 2017, № 1467), тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Аз қисми 2) моддаи 1 ва эзоҳи моддаи 335 калимаи «(Сарқонуни)» хориҷ карда шавад.
2. Дар қисми 1) моддаи 4, моддаҳои 6, 8 ва қисмҳои 1) ва 2) моддаи 9 калимаҳои «ҷиноӣ», «ҷиноии» мувофиқан ба калимаҳои «ҷиноятӣ», «ҷиноятии» иваз карда шаванд.
3. Дар банди «а» қисми 2) моддаи 15 калимаи «қарордод» ба калимаи «шартнома» иваз карда шавад.
4. Дар қисми 1)  моддаи 481,  қисми 1) моддаи 50, диспозитсияи қисми 2) моддаи 314, диспозитсияи қисми 2) моддаи 316, диспозитсияи моддаи 317, диспозитсияи қисми 3) моддаи 319, диспозитсияи моддаи 323, диспозитсияи қисми 1) моддаи 3231 ва диспозитсияи моддаи 363 калимаҳои «мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ», «сардори мақоми худидоракунии маҳаллиро», «сардори мақоми худидораи маҳаллиро», «мақомоти худидораи маҳаллӣ», «мақомоти худидоракунии маҳаллӣ» ва «хизматчии давлатии хизматчии мақоми худидораи маҳаллӣ» мувофиқан ба калимаҳои «мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот», «роҳбарии мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳотро» ва «хизматчии давлатӣ ё хизматчии мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот» иваз карда шаванд.
5. Ба қисми 6) моддаи 49 пас аз калимаҳои «ҷиноятҳои дар моддаҳои» рақамҳои «177, 178,» илова карда шаванд.
6. Дар ном ва диспозитсияҳои моддаҳои 157 ва 159 калимаҳои «ташкилоти» ва «ташкилотҳои» мувофиқан ба калимаҳои «иттиҳодияи» ва «иттиҳодияҳои» иваз карда шаванд.
7. Дар моддаи 177:
- матни модда қисми якум ҳисобида шуда, рақамгузорӣ карда шавад;
- аз диспозитсияи модда калимаҳои «бештар аз се моҳ» хориҷ карда шаванд;
- қисми 2) бо мазмуни зерин  илова карда шавад:
«2) Ҳамин кирдор, агар такроран содир шуда бошад, -
бо  маҳрум  сохтан аз озодӣ ба муҳлати то се сол ҷазо дода мешавад.».
8.  Дар моддаи 178:
- матни модда қисми якум ҳисобида шуда, рақамгузорӣ карда шавад;
- аз диспозитсияи модда калимаҳои «бештар аз се моҳ» хориҷ карда шаванд;
- қисми 2) бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«2) Ҳамин кирдор, агар такроран содир шуда бошад, -
бо маҳрум сохтан  аз озодӣ ба  муҳлати то се сол ҷазо дода мешавад.»;
- эзоҳ бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«Эзоҳ: Дар моддаҳои 177 ва 178 Кодекси мазкур бадқасдона саркашӣ намудани падару модар аз таъминоти фарзандон ва фарзандони болиғу қобили меҳнат аз таъминоти падару модари ғайри қобили меҳнат, ҳамаи кирдорҳои қарздор, ки ба иҷро нагардидани ҳуҷҷати иҷро (напардохтан, рӯйпӯш намудани даромад, тағйири ҷои истиқомат ё ин ки ҷои кор бидуни огоҳонидани иҷрочии суд ва ғайра) равона гардидааст ва он боиси ба вуҷуд омадани қарздорӣ, новобаста аз давраи пардохт, дар ҳаҷме, ки он дар маҷмӯъ маблағи муқарраргардидаи пардохтро барои се моҳ ташкил медиҳад, фаҳмида мешавад.».
9. Дар эзоҳи моддаи 279 калимаи «ҳақ» ба калимаи «ҳуқуқ» иваз карда шавад.
10. Дар ном ва қисми 1) моддаи 3351  калимаи «марзи» ба калимаи «ҳудуди» иваз карда шавад.
11. Дар қисми 2) моддаи 362 калимаҳои «ҳукми ба қувваи қонунӣ даромадаи суд» ба калимаҳои «эътибори қонунӣ пайдокардаи ҳукми суд» иваз карда шаванд.
12. Дар номи моддаи 4011 калимаи «қаламрави» ба калимаи «ҳудуди» иваз карда шавад.
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти 
Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                                                  Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 2 январи соли 2018, № 1472


Қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Оид ба қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул карда шавад.

Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                  Ш. ЗУҲУРОВ
ш. Душанбе, 2 октябри соли 2017, № 875

Қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» - ро баррасӣ намуда, қарор   мекунад:   
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                                  М. УБАЙДУЛЛОЕВ
ш. Душанбе, 21 декабри соли 2017, № 453


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 05.01.2018    №: 4    Мутолиа карданд: 644

20.10.2018


 ИДМ. Нозирони навраси тоҷик дар мақоми аввал

 Болоравии тавлидоти маҳсулоти саноатӣ

Рушди чорводорӣ

КАРТОШКАПАРВАРӢ. Талошҳо самар медиҳанд

 "Подоши амал" дар фестивали байналмилалӣ

 Дар ноҳияи Восеъ беш аз 200 иншоот месозанд

ҶОМИ ТОҶИКИСТОН. Ғалабаҳои "Истиқлол" ва "Хуҷанд"

17.10.2018


РАШТ. Гусели 40 нафар ба хизмати ҳарбӣ

ТОҶИКОБОД. Ду коргоҳи нав дар хизмати сокинон

Вусъати омодагиҳо дар ноҳияи Спитамен

НОҲИЯИ РӮДАКӢ. 414 иншоот бунёд меёбад

ВАРЗИШГАРОНИ ТОҶИК ДАР ҚУВВАОЗМОИИ ҶАҲОНӢ

Бозиҳои олимпии наврасон. МЕДАЛИ НУҚРАИ БЕЖАН

16.10.2018


Тасдиқи нақшаи чорабиниҳо оид ба шинондани ниҳолҳо

Мунтахаби Тоҷикистон дар мусобиқаи "Bangabandhu Gold Cup" ҷои дувумро гирифт

БОЗИҲОИ ОЛИМПИИ НАВРАСОН. Мо соҳиби медал шудем

10.10.2018


Ҷаласаи Шӯрои вазирони мудофиаи кишварҳои узви ИДМ баргузор мешавад

Таҳкими ҳамкориҳои Бонки миллии Тоҷикистон ва БАТР

Дар Душанбе Фестивали байналмилалии «Чакан» доир мегардад

СУҒД. Бунёд ва таъмири 110 иншооти фарҳангӣ

РАШТ. Сохтмони 140 иншоот

РОШТҚАЛЪА. Вусъати созандагӣ

“SLOW FOOD”. Муаррифии гулмоҳии амударёӣ ва оши палов

МУНТАХАБИ ТОҶИКИСТОН ДАР ФИНАЛИ МУСОБИҚАИ "BANGABANDHU GOLD CUP"

09.10.2018


БАЛҶУВОН. Рӯ ба рушд

РАШТ. Авлавият ба ҳифзи муҳити зист

ТАНЗИМ. Қонуншиканон 25 ҳазор сомонӣ ҷарима шуданд

Сипоси сарвари ОПЕК Муҳаммад Баркиндо аз Владимир Путин

Сарони Россия ва Ӯзбекистон ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ карданд

Неруҳои эътилофи байналмилалӣ дар Афғонистон амнияти интихоботро таъмин месозанд

Лондон зери об мемонад?

Ҷаҳон дар як сатр

08.10.2018


Даҳ соли минтақаҳои озоди иқтисодӣ

ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ. Мунтахаби Тоҷикистон – барандаи медалҳои нуқра


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед