logo

қонунҳои ҶТ

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ БАҚАЙДГИРИИ ДАВЛАТИИ МОЛУ МУЛКИ ҒАЙРИМАНҚУЛ ВА ҲУҚУҚҲО БА ОН»

Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 марти соли 2008 «Дар бораи бақайдгирии давлатии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳо ба он» (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.2008, №3, мод.194; с.2013, №7, мод.525) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Дар моддаи 1:
- сархати якум дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«- молу мулки ғайриманқул – қитъаҳои замин, ҳамчун моликияти давлатӣ, бинои истиқоматӣ ва ғайриистиқоматӣ, иншоот, объектҳои сохтмони нотамом, ниҳолҳои бисёрсола ва дигар молу мулки ғайриманқуле, ки ба замин алоқамандии мустаҳкам дорад, яъне объектҳое, ки интиқолашон бидуни расонидани зиёни воқеии беҳисоб ба таъиноташон имконнопазир аст;»;
- дар сархати сеюм калимаи «фамилия» ба калимаи «насаб» иваз карда шуда, пас аз калимаҳои «соли таваллуд,» калимаи «шаҳрвандӣ,» илова карда шавад;
- ба сархати ёздаҳум пас аз  калимаҳои «майдони қитъаи замин,» калимаҳои «мавҷуд будан ё мавҷуд набудани ҳуқуқи истифодаи қитъаи замин бо ҳуқуқи бегона намудани он,» илова карда шаванд; 
- дар сархати дувоздаҳум ва матни Қонуни мазкур калимаҳои «китоби», «китобҳои», «китоб», «Китобҳои» ва «Китоби» мувофиқан ба калимаҳои «варақаи», «варақаҳои», «варақа», «Варақаҳои» ва «Варақаи» иваз карда шаванд;
- дар сархати чордаҳум ва матни Қонун калимаҳои «марзию маъмурӣ» ва «марзию маъмурии» мувофиқан ба калимаҳои «маъмурию ҳудудӣ» ва «маъмурию ҳудудии» иваз карда шаванд;
- дар сархати понздаҳум калимаи «коди» ба калимаи «рақами» иваз карда шавад;
- дар сархати ҳабдаҳум калимаҳои «ҷой, ҳайат» ба калимаҳои «ҷойгиршавӣ, таркиб» иваз карда шаванд;
- сархатҳои ҳаждаҳум, нуздаҳум, бистум ва бисту якум бо мазмуни зерин илова карда шаванд:
«- шиносномаи техникӣ – ҳуҷҷати техникие, ки дар натиҷаи барӯйхатгирии техникӣ ва (ё)  санҷиши ҳолати воқеии молу мулки ғайриманқул тартиб дода шуда, маълумот дар бораи масоҳат ва дигар тавсифҳои он, рақами кадастрӣ, рақами барӯйхатгирӣ, суроға (ҷойгиршавӣ) ва маълумоти дигарро дар бораи молу мулки ғайриманқул дар бар мегирад;
- ҳуҷҷатҳои ҳуқуқмуайянкунанда – ҳуҷҷате, ки  пайдоиш, гузаштан, қатъи ҳуқуқ ва маҳдудиятҳои (гарониҳои) ҳуқуқро ба молу мулки ғайриманқул муқаррар менамояд (қонун, қарори мақоми ваколатдори давлатӣ, шартномаҳо, аҳдҳо, қарори суд ва ҳуҷҷатҳои ҳуқуқмуайянкунандаи дигари пешбининамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон);
- бозори аввалияи замин – аз  давлат ба шахсони воқеию ҳуқуқӣ – заминистифодабарандагон гузаштани ҳуқуқи истифодабарии қитъаи замин бо ҳуқуқи бегона намудани он тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ;
- бозори дуюмдараҷаи замин – аз ҷониби заминистифодабарандагон -шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ фурӯхтани ҳуқуқҳои онҳо барои амалӣ гардидани аҳдҳои ҳуқуқию гражданӣ вобаста ба ҳуқуқи истифодабарии қитъаҳои замин бо ҳуқуқи бегона намудани он тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ;».
2. Аз матни моддаи 2 калимаи «(Сарқонуни)» хориҷ карда шавад.
3.  Ба  моддаи 7  қисми 4 бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«4. Молу мулки шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии хориҷӣ, шахсони бешаҳрванд, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгир шудааст, бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни мазкур ба қайди давлатӣ гирифта мешавад, агар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигарро муқаррар накарда бошад.».
4.  Дар қисми 2 моддаи 8:
- дар сархатҳои якум ва дуюм пас аз калимаи «замин» калимаҳои «бо ҳуқуқи бегона намудан ва бе ҳуқуқи бегона намудан» илова  карда шаванд;
- сархати чорум дар таҳрири зерин  ифода карда шавад:
«- иҷора ва иҷораи фаръии қитъаи замин ба муддати зиёда аз як сол;»;
- дар сархати ҳаштум калимаҳои «иҷора ба мӯҳлати зиёда аз як сол, иҷораи фаръӣ» ба калимаҳои «иҷора ва иҷораи фаръӣ ба муддати зиёда аз як сол» иваз карда шаванд.
5. Дар моддаи 12:
- сархатҳои чорум, панҷум, шашум ва ҳафтум бо мазмуни зерин илова карда шаванд:
«- қоидаҳо, тартиби бақайдгирӣ, пешбурд ва шаклҳои варақаи бақайдгирӣ, парвандаи бақайдгирӣ, дафтари бақайдгирии аризаҳо ва гузоштани рақамҳои кадастрии молу мулки ғайриманқулро тасдиқ менамояд;
- тартиби анҷомдиҳии амалиёти бақайдгирии давлатиро берун аз бинои ташкилоти бақайдгирии давлатӣ муқаррар менамояд;
- тартиби экспертизаи ҳуҷҷатҳои заминсозиро муқаррар менамояд;
- шакли намунавии шартномаи иҷораи қитъаи заминро тасдиқ менамояд;»;
- сархатҳои ҳаштум ва нуҳум дар таҳрири зерин ифода карда шаванд:
 «- шаклҳои шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии давлатӣ, иқтибос аз варақаи бақайдгирӣ, иттилоот аз феҳристи ягонаи давлатии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳо ба он, тартиби пешниҳод намудан ва баҳисобгирии иттилооти додашударо тасдиқ менамояд;
- тартиби додан, иваз намудан ва аз эътибор соқит намудани шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии давлатиро тасдиқ менамояд;».
6.  Ба қисми 1 моддаи 13 сархати шашум бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«- шакли шиносномаи техникиро тасдиқ менамояд;».
7.  Дар моддаи 14:
- қисми 3 бо мазмуни зерин илова карда шавад: 
«3. Ташкилотҳои минтақавии бақайдгирии давлатӣ оид ба масъалаҳои ислоҳи хатоҳои хусусияти техникинадошта ё беэътибор донистани бақайдгирӣ ба суд муроҷиат менамоянд.»;
- қисми 3 қисми 4 ҳисобида шавад.
8.  Дар қисми 1 моддаи 16:
- дар банди 3) калимаҳои «муайян намоянд» ба калимаҳои «ба варақаи бақайдгирӣ ворид намоянд» иваз карда шаванд;
- аз банди 6)  калимаҳои «харитаи кадастрӣ ва» хориҷ карда шаванд.
9. Ба қисми 2 моддаи 19 пас аз калимаҳои «бақайдгирии давлатӣ» калимаҳои «, ба истиснои аҳдҳои ҳуқуқию гражданӣ» илова карда шаванд.
10. Аз қисми 4 моддаи 24 калимаи «код,» хориҷ карда шавад.
11. Дар қисми 1 моддаи 27:
- матни қисм дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«1. Ба дафтари бақайдгирии аризаҳо иттилооти зерин ворид карда мешавад:»;
- ба сархати якум пас аз калимаи «сана» калимаи «, рақам» илова карда шавад.
12. Дар моддаи 29:
- дар қисми 1 калимаҳои «ба ҳамаи шахсон» ба калимаҳои «шахсони дахлдор»  иваз карда шаванд;
- дар  қисми 2:
- дар матни қисм калимаҳои «Маълумоти хулосавӣ» ба калимаҳои «Иқтибос аз варақаи бақайдгирӣ» иваз карда шаванд; 
- сархати сеюм дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«- ба нотариуси давлатӣ дар ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.»;
- қисми 4 бо мазмуни зерин  илова карда шавад:
«4. Тартиб ва шаклҳои иқтибос аз варақаи бақайдгирӣ, додани иттилоот ва ҳуҷҷатҳо аз феҳристи ягонаи давлатии молу мулки ғайриманқул ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро мақоми махсуси ваколатдори давлатӣ муқаррар менамояд.»;
- қисмҳои 4, 5, 6, 7 ва 8 мувофиқан қисмҳои 5, 6, 7, 8 ва 9 ҳисобида шаванд;
- ба қисми 5 ҷумлаи дуюм бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«Иттилоот ба кормандони мақомоти давлатӣ дар робита ба иҷрои вазифаҳои хизматиашон ройгон дода мешавад.».
13.  Ба қисми 3 моддаи 30 пас аз калимаи «танҳо» калимаи «бақайдгирандагони» илова карда шавад.
14. Сархати дуюми қисми 1 моддаи 31 дар таҳрири зерин ифода карда шавад: 
«- баррасии ҳуҷҷатҳо;».
15. Дар қисми 4 моддаи 34 калимаҳои «ташкилоти ҷумҳуриявии бақайдгирии давлатӣ» ба калимаҳои «мақоми махсуси ваколатдори давлатӣ» иваз карда шаванд.
16.  Дар моддаи 35:
- дар номи модда калимаҳои «Қабули қарор» бо калимаҳои «Баррасии ҳуҷҷатҳо» иваз карда шаванд;
- дар қисми 2 калимаҳои «ё агар» ба калимаҳои «, агар санади мазкур эътибори қонунӣ пайдо карда бошад ё» иваз карда шаванд;
- дар қисми 5 калимаҳои  «қабули қарор оид ба» хориҷ карда шаванд.
17. Матни моддаи 38 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«Тасдиқи бақайдгирии давлатии ташкилёбӣ, тағйирёбӣ, пайдоиш, гузаштан, қатъи ҳуқуқ ва маҳдудиятҳои (гаронии) ҳуқуқ ба молу мулки ғайриманқул бо роҳи ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ додани шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии давлатӣ анҷом дода мешавад.».
18. Моддаи 391 бо мазмуни зерин  илова карда шавад: 
«Моддаи 391. Рақамҳои кадастрӣ
1. Ба ҳар як молу мулки ғайриманқул рақами кадастрӣ дода мешавад, ки дар тамоми давраи мавҷудияти ин молу мулк нигоҳ дошта мешавад.
2. Рақамҳои кадастрӣ рақамҳои такрор ва ивазнашаванда буда, тағйирёбии онҳо дар ҳолатҳои ҳамроҳшавӣ ва тақсимшавӣ ба амал меояд.
3. Тартиби додани рақамҳои кадастриро мақоми махсуси ваколатдори давлатӣ  муқаррар менамояд.».
19. Моддаи 441 бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«Моддаи 441. Асосҳо барои бақайдгирии давлатии молу мулки ғайриманқули шахси фавтида   
1. Агар дар ташкилоти бақайдгирии давлатӣ молу мулки ғайриманқули шахси фавтида ба қайд гирифта нашуда бошад, он дар асоси муроҷиати ворисони меросгузор мувофиқи ҳуҷҷатҳои ҳуқуқмуайянкунанда ба қайди давлатӣ гирифта мешавад.
2. Дар ҳолати мавҷуд набудани ҳуҷҷатҳои ҳуқуқмуайянкунанда нисбати молу мулки ғайриманқул, он дар асоси қарори суд оид ба эътирофи ҳуқуқи моликияти шахси фавтида ё ворисони меросгузор ба қайди давлатӣ гирифта мешавад.».
20. Матни моддаи 46 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«Ҳуҷҷатҳое, ки барои бақайдгирии  давлатии  ташкилёбӣ,  тағйирёбӣ, қатъи мавҷудияти молу мулки ғайриманқул асос мебошанд, ҳуҷҷатҳое ҳисобида мешаванд, ки мувофиқан ташкилёбӣ, тағйирёбӣ ва қатъи мавҷудияти воқеии молу мулки ғайриманқулро тасдиқ менамоянд.».
21. Моддаи 491 бо мазмуни зерин  илова карда шавад:
«Моддаи 491. Барӯйхатгирии техникии молу мулки ғайриманқул
1. Барӯйхатгирии техникии молу мулки ғайриманқул ба намудҳои асосӣ ва ҷорӣ ҷудо мешавад.
2. Барӯйхатгирии асосӣ ҳангоми ташкилёбии молу мулки ғайриманқул гузаронда мешавад. Дар натиҷаи барӯйхатгирии асосӣ шиносномаи техникӣ омода карда шуда, ба соҳибҳуқуқ ё истифодабаранда дода мешавад.
3. Барӯйхатгирии ҷорӣ дар асоси муроҷиати соҳибҳуқуқ ё истифодабаранда ҳангоми тағйир ёфтани тавсифи молу мулки ғайриманқул, инчунин аз тарафи бақайдгиранда ҳангоми таъин намудани он гузаронда мешавад. Дар натиҷаи барӯйхатгирии ҷорӣ ба шиносномаи техникӣ тағйироти дахлдор ворид карда мешаванд.».
22.  Қисми 2 моддаи 51 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«2. Ҳуҷҷате, ки ташкилёбии бинои истиқоматӣ ва  ғайриистиқоматии ҷудогонаро дар натиҷаи хориҷ намудани онҳо аз бинои истиқоматӣ ва ғайриистиқоматӣ тасдиқ менамояд, қарори дахлдор, аҳдҳои ҳуқуқию гражданӣ ё қарори суд ба ҳисоб меравад. Барои бақайдгирии давлатии ташкилёбии бинои истиқоматӣ ва ғайриистиқоматии ҷудогона дар натиҷаи хориҷ намудани он аз бинои истиқоматӣ ва ғайриистиқоматӣ ба таври илова шиносномаи техникӣ пешниҳод карда мешавад.».
23. Дар моддаи 60:
- дар қисмҳои 1, 2 ва 3 калимаҳои «гаравдиҳанда ё гаравдор», «гаравдор ва гаравдиҳанда» ва «гаравдиҳанда ё аризаи якҷояи гаравдиҳанда ва гаравдор» мувофиқан ба калимаҳои «гаравдеҳ ва гаравгир» ва «гаравдеҳ ё аризаи якҷояи гаравдеҳ ва гаравгир» иваз карда шаванд;
- қисми 4 хориҷ карда шавад.
24. Моддаҳои 601 ва 602 бо мазмуни зерин илова карда шаванд:
«Моддаи 601. Хусусиятҳои бақайдгирии пайдоиши ҳуқуқи истифодабарии қитъаи замин бо ҳуқуқи бегона намудан дар бозори аввалияи замин
1. Барои бақайдгирии давлатии гузаштани ҳуқуқи истифодабарии қитъаи замин бо ҳуқуқи бегона намудани он ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ҳуҷҷатҳои зерин асос  мебошанд:
- санади мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ ё мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинигардида, ки бемузд ё музднок гузаштани ҳуқуқи истифодаи қитъаи замин бо ҳуқуқи бегона намудани онро аз ҷониби шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ муқаррар менамояд;
- санади мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинигардида, ки бемузд ё музднок гузаштани ҳуқуқи истифодаи қитъаи замин бо ҳуқуқи бегона намудани онро аз ҷониби шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ бо ҳуқуқи истифодабарии якҷоя муқаррар менамояд.
2. Ҳуҷҷатҳое, ки барои бақайдгирии давлатии пайдоиши ҳуқуқи истифодабарии қитъаи замин бо ҳуқуқи бегона намудани он асос мебошад, иттиллоотро дар бораи санади мақомоти давлатии дахлдор, маълумот оид ба заминистифодабарандагон, тартиби гузаштан (бемузд ё музднок), андозаи пардохт (дар ҳолати гузаштани музднок), тавсифи қитъаи замин ва ҷойгиршавии онро дар бар мегирад.
3. Бақайдгирии давлатии пайдоиши ҳуқуқи истифодабарии қитъаи замин бо ҳуқуқи бегона намудани он дар ҳолати риоя накардани маҳдудиятҳои муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба замин амалӣ карда намешавад.
Моддаи 602. Хусусиятҳои бақайдгирии пайдоиши ҳуқуқи истифодабарии қитъаи замин бо ҳуқуқи бегона намудани он дар бозори дуюмдараҷаи замин
1. Дар мавриди бақайдгирии давлатии бегона намудани ҳуқуқи бақайдгирифташудаи истифодаи қитъаи замин бо ҳуқуқи бегона намудани он тибқи аҳдҳои ҳуқуқию гражданӣ дар варақаи бақайдгирӣ маълумоти зерин ворид карда мешавад:
- ҳуҷҷате, ки анҷом додани аҳдҳои ҳуқуқию гражданиро тасдиқ менамояд, аз ҷумла бо тартиби ҳуқуқи ворисии универсалӣ ба қитъаи замини бақайдгирифташуда, ки аз ҷониби давлат бо ҳуқуқи бегона намудани он дода шудааст, маълумоти тарафҳои аҳд, намуди аҳд, тавсифи қитъаи замин;
- вобаста ба қитъаи замин бо ҳуқуқи бегона намудани он, ки ба давлат гузаштааст - санади мақомоти марказии иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ё мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ки тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ гардида, бемузд ё музднок гузаштани ҳуқуқи истифодаи қитъаи замин бо ҳуқуқи бегона намудани онро ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ муқаррар менамояд;
- қарорҳои суд барои муқарраркунӣ ё қатъи ҳуқуқи истифодабарии қитъаи замин бо ҳуқуқи бегонакунии он ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ;
- санадҳои мақомоти давлатӣ ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии пешбининамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сифати асос барои қатъ гаштани ҳуқуқи истифодаи қитъаи замин бо ҳуқуқи бегона намудани он ва гирифтани замин барои эҳтиёҷоти давлатӣ;
- ҳуҷҷатҳои дигар дар ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.
2. Ҳуҷҷатҳое, ки асос барои бақайдгирии ҳуқуқи истифодабарии қитъаи замин бо ҳуқуқи бегона намудани он мебошад, мутобиқи аҳдҳои ҳуқуқию гражданӣ ва дигар ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд маълумот оид ба намуди аҳд, маълумоти тарафҳои аҳд, маблағи аҳд, тавсифи қитъаи замин ва ҷойгиршавии онро дар бар гирад.
3. Дар сурати тақсимоти қитъаҳои замини тақсимнашаванда ва риоя накардани дигар маҳдудиятҳои муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба замин, бақайдгирии давлатии ҳуқуқи истифодабарии қитъаи замин бо ҳуқуқи бегона намудани он амалӣ карда намешавад.».
25.  Қисми 5 моддаи 61 хориҷ карда шавад.
26. Қисми 5 моддаи 66 хориҷ карда шавад.
27. Моддаи 681 бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«Моддаи 681. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.».
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                     Эмомалӣ   РАҲМОН
ш. Душанбе, 2 январи соли 2018, № 1502


Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳо ба он»

Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳо ба он» қабул карда шавад.

Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                  Ш. ЗУҲУРОВ
ш. Душанбе, 18 октябри соли 2017, № 912

Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳо ба он»
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳо ба он»-ро баррасӣ намуда, қарор мекунад:

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳо ба он» ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                                    М. УБАЙДУЛЛОЕВ
ш. Душанбе, 21 декабри соли 2017, № 485


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 08.01.2018    №: 5-6    Мутолиа карданд: 274

20.07.2018


Мулоқоти Исматулло Насредин бо Йоҳаннес Петерлик

Тоҷикистону Ӯзбекистон: хироҷи роҳ аз байн меравад

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш озмуни стипендияҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро эълон кард

Ҳамаи хатмкардагон бо ҷои кор таъмин мешаванд

РУСТАМИ ШОҲМУРОД: "ВОҲИДҲОИ КОРӢ НАМЕРАСАНД"

ВАКОЛАТДОР ОИД БА ҲУҚУҚИ ИНСОН. САТҲИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚИИ ШАҲРВАНДОН БОЛО МЕРАВАД

ХАДАМОТИ ЗИДДИИНҲИСОРӢ. САБАБИ БОЛОРАВИИ НАРХИ СӮЗИШВОРИРО ШАРҲ ДОД

КУМИТАИ МЕЪМОРӢ ВА СОХТМОН. САНҶИШ НИШОН ДОД, КИ...

ДДТТ ДАР ҚАТОРИ ДАҲГОНАИ БЕҲТАРИН МАКТАБҲОИ ОЛӢ

НАВОБОД. ИФТИТОҲИ МАРКАЗИ ХИЗМАТРАСОНИИ БОНКӢ

19.07.2018


Мулоқоти Исматулло Насредин бо Томас Гремингер

Баррасии масъалаи ҳифзу нигоҳдории оби пок

Эълони озмун бо мақсади дастгирӣ ва ҳавасмандии ҷавонони соҳибистеъдод

КУМИТАИ РУШДИ МАҲАЛ. РОҲАНДОЗИИ РЕЙТИНГИ МИЛЛИИ ФАЗОИ САРМОЯГУЗОРӢ

ПЕШГИРИИ ВОРИДОТИ 42,8 ТОННА МОҲИИ ПАСТСИФАТ

ГЕОЛОГИЯ. НИЗОМИ РАҚАМӢ ҶОРӢ МЕШАВАД

ҶОЙИ КОР МУШКИЛИИ № 1 - И ХАТМКУНАНДАГОН

САТҲИ ПАСТИ ДОНИШ БОИСИ ХОРИҶ ГАРДИДАНИ ДОНИШҶӮЁН ШУД

ЛЕВАКАНТ. ОЗМУНЕ БАРОИ ИБРАТ

КӮЛОБ 1,2 МИЛЛИОН СОМОНӢ БАРОИ ИСТЕҲСОЛИ ЛИБОСИ МАКТАБӢ

18.07.2018


ФЕСТИВАЛИ ТОБИСТОНАИ ДУШАНБЕ. ИҚДОМИ НАВ ҶИҲАТИ РУШДИ САЙЁҲӢ ВА ФАРОҒАТИ МЕҲМОНОНУ СОКИНОН

12 ҲАЗОРУ 482 ҶИНОЯТ ДАР ШАШ МОҲ

ИСТЕҲСОЛИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ МЕАФЗОЯД

ДМТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ГУСТАРИШ МЕЁБАНД

БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ ЭКОЛОГӢ МАРҲИЛА БА МАРҲИЛА ТАТБИҚ МЕГАРДАД

ШАҲРИ ВАҲДАТ. МАҲСУЛОТИ САНОАТӢ 3 МИЛЛИОН СОМОНӢ АФЗУД

Варзиш

17.07.2018


Мулоқоти Қоҳир Расулзода ва Абдулло Орипов дар Фарғона

Ҷаласаи мушовараи мақомоти корҳои дохилӣ баргузор шуд

Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Тоҷикистон 3 мактаби нав месозад

Мунтахаби Тоҷикистон – ғолиби мусобиқаи Ҷоми шаҳрдории Остона

Ҷаҳон дар як сатр

Путин гуфтушунид бо Трампро бобарор номид

Трамп аз натиҷаҳои вохӯриаш бо Путин нақл кард


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед