logo

қонунҳои ҶТ

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТУ ИЛОВА БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ФАЪОЛИЯТИ СУҒУРТАВӢ»

Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз  23 июли соли 2016 «Дар бораи фаъолияти суғуртавӣ» (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2016, №7, мод. 627) тағйироту иловаи зерин ворид карда шаванд:
1. Дар сархатҳои якум, чорум, бисту дуюм, сиюм ва чилу нуҳуми моддаи 1, қисми 1 моддаи 7, қисми 4 моддаи 24, қисми 3 моддаи 27 ва  қисми 2 моддаи 36 калимаҳои «мақоми ваколатдори давлатӣ» ба калимаҳои «мақоми назорати суғуртавӣ» иваз карда шаванд.
2. Ба моддаи 1 сархати дуюм бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«- мақоми назорати суғуртавӣ – Бонки миллии Тоҷикистон, ки вазифаҳои танзиму назоратро дар соҳаи фаъолияти суғуртавӣ анҷом медиҳад;».
3. Аз қисмҳои 4, 10, 11 ва 13 моддаи 4, қисми 2 моддаи 5, қисми 2 моддаи 7, сархати сеюми қисми 4 ва қисми 6 моддаи 8, қисми 2 моддаи 9, матни моддаи 12, қисми 14 моддаи 13, қисми 3 моддаи 25, қисмҳои 4, 7, 8 ва 9 моддаи 26, қисми 2, сархати якуми қисми 4 ва қисмҳои 5 ва 6 моддаи 28, сархати ҳаштуми қисми 2 ва қисмҳои 4, 6, 7, 8 ва 9 моддаи 29, сархати дувоздаҳуми қисми 8 ва қисми 14 моддаи 31, қисмҳои 2, 3 ва 6 моддаи 32, матн ва сархати якуми қисми 4, сархатҳои сеюм, чорум, панҷум ва шашуми қисми 6 ва қисмҳои 7 ва 8 моддаи 34 ва қисми 6 моддаи 37 калимаҳои «ваколатдори давлатии» хориҷ карда шаванд.
4. Қисми 2 моддаи 33 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«2. Сиёсати давлатиро дар соҳаи суғурта мақоми дахлдори ваколатдори давлатӣ амалӣ ва назорати фаъолияти суғуртавиро мақоми назорати суғуртавӣ таъмин менамояд.».
5. Дар моддаи 34:
- аз ном ва қисми 1 калимаи «давлатии» хориҷ карда шавад;
- қисми 3 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«3. Назорати суғуртавиро Бонки миллии Тоҷикистон амалӣ менамояд.».
6. Дар матни моддаи 35 калимаҳои «мақоми ваколатдори давлатии назорати суғуртавӣ» ба калимаҳои «мақоми назорати суғуртавӣ» иваз карда шаванд.
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                      Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 2 январи соли 2018, № 1487

Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти суғуртавӣ»


Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти суғуртавӣ» қабул карда шавад.

Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                     Ш. ЗУҲУРОВ
ш. Душанбе, 18 октябри соли 2017, № 908

Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти суғуртавӣ»


Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти суғуртавӣ»-ро баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти суғуртавӣ» ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                                  М. УБАЙДУЛЛОЕВ
ш. Душанбе, 21 декабри соли 2017, № 468


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 08.01.2018    №: 5-6    Мутолиа карданд: 298

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед