logo

иҷтимоиёт

ГАР ДАСТИ ФИТОДАЕ БИГИРӢ…

Вақте аз дарвозаи хона - интернати беморони рӯҳии шаҳри Ҳисор даромадем, дар пештоқи муассиса ин суханони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро хондем: «Ман шуморо ҳаргиз хору зор шудан намемонам».
Ин ҳарфҳои меҳрбор, албатта, ҳикмату моҳияти жарфи худро доранд. Ҳамагон шоҳидем, ки Сарвари  давлати  мо дар ҳамаи вохӯриву суҳбатҳои хеш аз шахсони саховатманд  ва соҳибкорон  даъват  ба амал меоранд, ки  ба  маъюбон, пирону бепарасторон, ятимон ва шахсони ба онҳо баробаркардашуда дасти мадад расонанд. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки дар вуҷуди Пешвои миллат оини ҷавонмардиву одамият аз гузаштагони сарфарози худ мерос мондааст.
Соҳибкори хайрхоҳ, роҳбари ҶДММ «Самад» Алишер Ҳусейнов низ изҳор дошт, ки фазлу адаб ва инсонпарвариро аз сиришти неки Пешвои миллат бояд омӯхт. Ҳамасола бевосита ба хабаргирии маъюбону ятимони шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ ташриф оварда, ба танашон либос мепӯшонанд, бо онҳо ҳамсуҳбат шуда, сари як дастархон менишинанд, ба дили озурдаи онҳо даст андохта, розу ниёзҳои эшонро мешунаванд.
- Мо бисёр шодем, ки дар як бахши хурдтарини сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати ҷумҳурӣ ва Президенти мамлакат, ки марбут ба ёрии иҷтимоии аҳолист, ҳисса мегузорем, - афзуд А. Ҳусейнов.
Ҳангоми боздид аз беморхонаи зикршуда маълум шуд, ки бародарон Фатҳулло ва Алишер Ҳусейновҳо, Маҳмадшариф Сангалиев, Ҷалоли Абдураҳмон, Хуршед Абдуллоев ва Нурулло  Иззатов амалҳои хайри Сарвари давлатро сармашқи кори хеш қарор дода, ба 239 бемори муассиса ёрдами якдафъаина расондаанд.
Бино ба иттилои директори хона - интернат Умар Раҳмониён, соли 2017 аз Буҷети давлат ба ин муассиса зиёда аз 1 миллиону 560 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо шуд, ки нисбат ба соли 2016 яксаду сездаҳ ҳазор сомонӣ зиёд мебошад. Инчунин, ба беморони муассиса аз тарафи вазорату идораҳо, ташкилоту бонкҳо, созмонҳои гуногун зиёда аз 80 ҳазор сомонӣ ёрдампулӣ дастрас гаштааст. Дар хоҷагии ёрирасони назди муассиса, ки 17,98 гектар заминро ташкил медиҳад, ҳамасола ғалла, сабзавот, мева, моҳӣ ва чорво парвариш ёфта, пешбурди зиндагии бошандагонро таъмин мекунад.
Бузургмеҳри БАҲОДУР, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 09.01.2018    №: 7    Мутолиа карданд: 112

18.04.2018


Вохӯрии Сироҷиддин Аслов ва Рашид Мередов

Сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ матраҳ гардиданд

Тақвияти мубориза алайҳи терроризм

Тавсеаи ҳамкориҳои гумрукӣ

Футболи соҳилӣ дар Тоҷикистон

МАЛАЙЗИЯ. Дастоварди навбатии хонандагони тоҷик дар олимпиада

Меркел зарурати вохӯрӣ бо Путинро таъкид намуд

Могерини: «24-25 апрел дар Брюссел қазияи Сурия баррасӣ мегардад»

Аз чор се ҳиссаи аҳолии Яман ниёзманди ёрии башарист

Туркманистон бандари $2 миллиардиро мекушояд

17.04.2018


Омодагӣ ба интихоботи миёнадаврӣ

«Роҳбалади беҳтарин» озмуни КИ ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб

Рӯзи илм таҷлил гардид

Дурахши дзюдогарони кишвар дар ҷомҳои Аврупову Осиё

Вашингтон вақтҳои наздик низомиёнашро аз Сурия мебарорад

Нигаронии президенти Олмон аз дуршавии бештари Русия ва Ғарб

Департаменти ИМА барои идомаи муколама бо Димишқ шарт гузошт

Коршиносон то 100 доллар расидани нархи нафтро пешгӯӣ карданд

16.04.2018


Баргузории ҷаласаи Кумитаи тадорукоти Конференсияи байналмилалии сатҳи баланд

Вохӯрии Сироҷиддин Аслов ва Ли Ён Хо

Иҷлосияи 23-юми Шӯрои вазирони корҳои хориҷии Созмони ҳамкории иқтисодӣ доир мешавад

НОҲИЯИ РӮДАКӢ. Ифтитоҳи ду бинои таълимӣ

13.04.2018


Оғози бунёди «Қасри Бахт»

Густариши ҳамкориҳои байнипарлумонӣ

Мулоқоти Ҳамрохон Зарифӣ ва Кэйҷи Фуруя

Баррасии масъалаи дастрасии хизматрасониҳои молиявӣ ба соҳибкории хурду миёна ва аҳолӣ

«Шоми мақом»

Варзиш

Меркел ба зарбазании Сурия ҳамроҳ шудан нахост

Пушков: «Бе Русия СММ дуюм НАТО мешавад»

Меваю сабзавоти Осиёи Миёна бо ёрии Вашингтон ба Прибалтика меравад

Ҷанҷоли «нобелӣ» дар академияи Шведсия

Роҳандозии низоми шинохти фаврии чеҳра дар Чин

12.04.2018


НОҲИЯИ ҶАББОР РАСУЛОВ 93 км роҳ таъмир мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед