logo

иқтисод

ДОРУСОЗИИ ВАТАНӢ. ЧАНД ПАҲЛУИ ЯК ПРОБЛЕМА

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олӣ бори дигар аз нарасидани доруворӣ, пастсифатии маводи дорувории воридотӣ ва рушд накардани саноати дорусозии мамлакат изҳорӣ нигаронӣ намуданд. Маҳмадалӣ Давлатов, муовини сардори Хадамоти назорати давлатии фаъолияти фармасевтӣ, проблемаҳои дорусозии ватаниро ба хабарнигори «Ҷумҳурият» чунин шарҳ дод:
- Бо устувор гардидани пояҳои давлатдорӣ ва таъмини муътадили пешрафти иқтисодӣ барои марҳилаи нави рушди соҳаи фармасевтӣ низ шароити даркорӣ фароҳам омадааст. Аз ҷумла, ҷиҳати рушди истеҳсоли доруворӣ дар кишвар заминаи меъёрии ҳуқуқӣ, фазои озод, бозори истеъмолӣ, мутахассисони кордон, дастрасии маводи аввалия ва монанди инҳо мавҷуданд. Ба шарофати фароҳам омадани амнияти сиёсӣ ва ба танзим даромадани вазъи мусоиди иқтисодӣ ба бозори фармасевтии мамлакат соҳибкороне роҳ ёфтанд, ки дар баробари ворид намудани маҳсулоти тайёр, инчунин, истеҳсоли дорувориро дар асоси ашёи хоми ватанӣ ва субстансияҳои воридотӣ роҳандозӣ карда метавонанд. Яъне роҳи ҳалли эҳёи истеҳсолоти ватанӣ дарёфт гардид. Корхонаҳои истеҳсолӣ айни замон мувофиқи талаботи бозори дохила маҳсулоте истеҳсол мекунанд, ки сифати онҳо аз моли воридотӣ камӣ надорад ва дар бозори истеъмолӣ рақобатпазир мебошанд. Бо ин васила ҳоло беш аз понздаҳ дарсади талаботи дохилӣ бо дорувории ватанӣ таъмин мегардад. Аммо ин назар ба имконот хеле ночиз аст. Ғайр аз ин, мутаассифона, маводи аввалия ва борпечҳо асосан аз Чин, Русия, Қазоқистон, Эрон ва Ҳиндустон ворид карда мешаванд, ки сабаби гаронии нархи маводи доруворӣ ва коҳиши рақобатпазирӣ мегардад.
Ҳоло дар қаламрави кишвар  беш аз 90 ширкат ба воридоти доруворӣ ва молҳои тиббӣ машғул буда, доруҳоро  асосан аз Русия, Беларус, Украина, Покистон, Чин ва Ҳиндустон меоранд.
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки истеҳсол-кунандагони ватанӣ бо пайдо намудани эътимод, дастгирӣ, имтиёз метавонанд фаъолияташонро густариш дода, як зумра маводи муҳими воридотиро бевосита худ истеҳсол кунанд. Сарвари давлат дар Паёми навбатии худ барои такон бахшидани рушди соҳа ҳамин масъаларо таъкид карданд. Бартарию имтиёзҳо гуфта, мо аз маҳдуд кардани воридоти рустаниҳои давоӣ ва омехтаи онҳо, ки дар мамлакат мерӯянд ё парвариши онҳо ба роҳ монда шудааст, воридоти маводи бандина ва гигиенӣ, аз қабили пахтаи тиббӣ, дока, маҳлулу малҳамҳо, дигар шаклҳои давоӣ ва маводи сермасраферо дар назар дорем, ки имконияти дар дохил ба роҳ мондани истеҳсолашон мавҷуд аст. Ҳамчунин, аз андозҳо озод  ва ё кам кардани андоз аз воридоти маводи аввалия барои тавлиди доруҳо дар дохил, то як муддат коҳиш додани андозбандии ширкатҳое, ки бевосита ба истеҳсоли давоиёт машғуланд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дарки ҳамаи мушкилиҳои соҳа ва бо мақсади беҳтар намудани вазъ аз оғози соли равон воридоти технологияҳои навтарин барои корхонаҳои дорусозӣ ва таҷҳизоти ҳозиразамони ташхису табобатро аз андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод намуданд. Инчунин, барои тамоми намуди санҷиши истеҳсолкунандагони ватанӣ ба муддати ду сол моратория эълон карданд.
Мо ҳамон вақт қисман ё ба пуррагӣ ба истеҳсоли ватанӣ такя карда метавонем, ки дар оянда бо муҳайё гардидани шароит ба бозорҳои хориҷа роҳ ёфтани маҳсулотамон бо тамғаи «Made in Tajikistan» имконпазир гардад. Айни ҳол барои то чил дарсади талаботи дохилиро бо дору таъмин кардан имкони иқтидори истеҳсолӣ мавҷуд аст.
Шаҳбоз АБРОР, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 09.01.2018    №: 7    Мутолиа карданд: 301

19.08.2019


Баррасии асосноккунии техникиву иқтисодии роҳи Қалъаи Хумб – Ванҷ

Баргузории ҳамоиши "Ҷавонони эҷодкор – парчамбардорони миллат ва пайравони Пешвои миллат"

15.08.2019


Муносибатҳои Ҳиндустон ва ҶМЧ бояд суботи ҷаҳонро таъмин созанд

Дар Япония бар асари гармии ҳаво наздики 13 ҳазор кас бистарӣ шуд

Мулоқоти сарони Россия, Эрон ва Туркия моҳи сентябр доир мешавад

Ҷаҳон дар як сатр

05.08.2019


Ҷаҳон дар як сатр

01.08.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Кан Ҷе - квон

Масоили муҳоҷират матраҳ гардид

Фестивали яхмос ва обҳои ташнагишикан дар Душанбе

АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО. Аз таъсиси маркази тарҷума то ҷашни Саразм

64 дарсади зарари молиявӣ барқарор шуд

ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. Корҳои ободонӣ вусъат мегиранд

ҲИСОР. Саноатикунонӣ дар мадди аввал

ФАЙЗОБОД. Афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ

НОҲИЯИ РӮДАКӢ. Саноат рӯ ба беҳбудӣ дорад

ДДТТ. Нуфузи байналмилалӣ меафзояд

Ҷаҳон дар як сатр

30.07.2019


Фестивали тобистонаи Душанбе доир мешавад

Мулоқоти Шодихон Ҷамшед бо Хуанг Деҳаи

Соҳибкорони ватанию хориҷӣ дар Бадахшон ҷамъ меоянд

БЕҲСОЗИИ ТАЪМИНОТ БО ОБ. Барои он зиёда аз 27 миллион ҷудо гардид

ШАҲРИНАВ. 160 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

Трамп то интихоботи соли 2020 артишашро аз Афғонистон бароварданист

Душанбе 80 шаҳрванди Афғонистонро, ки дар Тоҷикистон ҳукм гирифтааст, ба Кобул истирдод намуд

Ҷаҳон дар як сатр

29.07.2019


ҲИФЗИ ИҶТИМОӢ. Як нишасти муҳим

ДУШАНБЕ. Рушди саноат дар мадди аввал

ХАТЛОН. Таъсиси 31 корхона дар 6 моҳ

МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ СТРАТЕГӢ. Ҳамкориҳо самар медиҳанд

"ТОҶИК ЭЙР". Парвозҳо аз нав шурӯъ гаштанд

Таъсиси 26 ширкати сайёҳӣ дар ним сол

ДДК. Шумораи омӯзгорони унвондор меафзояд

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед