logo

иҷтимоиёт

ИШКОШИМ БА МИНТАҚАИ ФАРОҒАТӢ ТАБДИЛ ХОҲАД ЁФТ

Муассисаи  истироҳативу  табобатии  “Гармчашма”  нахустин  иншооти  даврони соҳибистиқлолист, ки  дар  ноҳияи  Ишкошим бунёд  гардидааст. Ин  муассиса  ба қабули меҳмонони воломақом низ мутобиқ гардонда шудааст. Бо пешниҳоди Сарвари давлат муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон  «Гармчашма» ба “Исмоили Сомонӣ” табдили ном кард.

Болотар аз фароғатгоҳи “Исмоили Сомонӣ” чашмае фаввора мезанад, ки дар таркиби он моддаҳои зиёди минералӣ мавҷуд буда, аз назари олимон истеъмоли он барои табобати бемориҳои меъда, ҷигару гурда хеле мувофиқ аст. Бо иқдоми роҳбарияти шифохона аз назди чашмаи Нарзан то иншооти асосии истироҳатгоҳ дар масофаи 2 километр қубури обгузар хобонда шуд, ки ба воситаи он оби минералӣ ба ин ҷо интиқол меёбад. Имрӯз  бошандагони  деҳа  ва  тамоми   истироҳатгирандагони  фароғатгоҳ   аз оби шифобахш  баҳраваранд.
 Шифохонаи «Авҷ», ки аз маркази вилоят дар масофаи қариб 80 километр дуртар дар самти роҳи  Хоруғ - Ишкошим ҷой гирифтааст, дар солҳои ҳафтодуми асри гузашта дар  заминаи  чашмаи гарме  ҳамчун табобатгоҳ ба фаъолият оғоз намудааст. Ш. Давлатмамадов, ки солҳои зиёд роҳбарии ин табобатгоҳро бар дӯш дошт, гуфт, ки хизматрасонӣ ба ниёзмандон дар шифохона сол то сол беҳтар мегардад. “Дар замони Истиқлолияти давлатӣ ва дар  партави  сиёсати созандаи  Пешвои  миллат дар он корҳо  авҷ  гирифта, ба  масъалаи ободонии чашмаҳои  шифобахш, аз ҷумла чашмаҳои  шифобахши Бадахшон  таваҷҷуҳ  бештар  гардид”, - гуфт Ш. Давлатмамадов.
Нуралӣ Додалиев, муовини сардори раёсати тандурустии вилоят иброз дошт, ки дар ду соли охир биноҳои ҳавзҳои оббозӣ ва дигар иншооти шифохона таъмиру навсозӣ гардиданд. Имсол ба сохтмони ҳавзи иловагии оббозӣ, ҳаммому ошхона, утоқи физиотерапевтӣ шурӯъ намуданд. Дар  арафаи  Ҷашни Истиқлолияти давлатӣ  бинои  нави  ошхонаи  фароғатгоҳ барои  100  нафар  мавриди  баҳрабардорӣ  қарор  гирифт. Кор  дар дигар  иншоот низ  босуръат  идома  дорад. Дар шафати иншооти асосии фароғатгоҳ меҳмонхонаю қаҳвахонаи замонавӣ сохта шудааст. Дар ин ҷо соле бештар аз ҳазор нафар беморон аз тамоми минтақаҳои кишвар ва хориҷи он саломатиашонро барқарор менамоянд.
Дар чанд соли охир хоҳишмандони табобату истироҳат дар шифохонаи “Биби Фотимаи Заҳро”, ки дар яке аз ҷойҳои зебоманзари ноҳия воқеъ аст, хеле ҳам зиёд гаштааст. Замони шӯравӣ дар ин ҷо фақат як бинои вайронаи роҳсозон вуҷуд дошт. Акнун як шаҳраки замонавӣ, ки аз меҳмонсарову дигар иншооти хизматрасонӣ иборат аст, қомат афрохтааст. Шифохонаи “Биби Фотимаи Заҳро” дар тавозуни Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ қарор дорад ва  дар он собиқадорони ҷангу меҳнат табобат мегиранд. Соли равон зиёда аз 600 нафар дар ин ҷо табобат ёфтанд. Оби чашма давобахши бемориҳои занона, чашм, узвҳои ҳаракат, тарбод ва ғайра   мебошад.
Зикрихудо  Самадзода, раиси  ноҳияи Ишкошим, гуфт, ки дар водии Вахон  боз чандин  чашмаҳои  гарму  шифобахш мавҷуданд. Айни ҳол ба иллати ташкил   нашудани  инфрасохтори  зарурӣ  сокинони маҳаллӣ онҳоро ҳамчун ҳаммом истифода мебаранд. Ниёзмандони дигар  минтақаҳо  имконият  надоранд, ки  аз  оби  шифобахши  ин  чашмаҳо  баҳра  бардоранд. Мақомоти иҷроияи маҳаллии  ҳокимияти  давлатии  ноҳия  кӯшиш  ба  он  дорад, ки  дар  ҳамдастӣ  бо вазорату идораҳои  дахлдор  ва  шарикони  рушд - созмонҳои  байналхалқӣ, ташкилотҳои  ғайридавлатӣ  ва  соҳибкорони  маҳаллӣ  дар   назди  ин  чашмаҳо иншооти  хизматрасонӣ, мисли   меҳмонхона, ошхона ва дигар  навъҳои  хизматрасониро   ташкил  намуда, дар  ин  замина ҳам   нуқтаҳои  хизматрасониро  зиёд   намояд ва  ҳам  аз  ин  ҳисоб  ба  буҷети маҳаллӣ  низ  маблағҳои  иловагӣ ворид  гарданд.
Раҳмони ГУЛЗОР,
“Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 09.01.2018    №: 7    Мутолиа карданд: 181

17.07.2018


Мулоқоти Қоҳир Расулзода ва Абдулло Орипов дар Фарғона

Ҷаласаи мушовараи мақомоти корҳои дохилӣ баргузор шуд

Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Тоҷикистон 3 мактаби нав месозад

Мунтахаби Тоҷикистон – ғолиби мусобиқаи Ҷоми шаҳрдории Остона

Ҷаҳон дар як сатр

Путин гуфтушунид бо Трампро бобарор номид

Трамп аз натиҷаҳои вохӯриаш бо Путин нақл кард

Ҳалокати мардуми осоиштаи афғон дар ҳоли афзоиш аст

Ҳангоми чемпионати ҷаҳон 25 миллион киберҳамла пешгирӣ шуд

16.07.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин бо Пратибҳа Меҳта

Машварати муовинони вазирони корҳои хориҷии кишварҳои аъзои СҲШ

Баррасии тақвияти ҳамкориҳо бо Бонки ҷаҳонӣ

РОҒУН. Бунёди иншооти нав ба муносибати 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ

ФАРОНСА – чемпиони ҷаҳон

Ҷаҳон дар як сатр

Трамп ҷонибдори роҳандозии муносибот байни ИМА ва Британия бо Русия ва Чин аст

Чин соли 2020 «қудрати донорӣ» мешавад

Нахустин дар ҷаҳон рентгени сеҷонибаи ранга сохта шуд

Дар Дачжоу писарчаи аз ошёнаи бистум афтода наҷот ёфт

13.07.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Ясмин Гуедар

Баррасии Барномаи дастгирии рушди неруи инсонӣ

Баргузории конфронси «Ҳунарҳои мардумӣ: эҳё, ҳолат, рушд ва дурнамо»

Пирӯзии теннисбози тоҷик дар ИМА

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Дар СҲШ зарурати тақвияти мубориза алайҳи терроризмро таъкид карданд

Трамп: «Путин рақиби ман аст, лек метавонад дӯст гардад»

Русия сазовори ҷоми макроиқтисодии ҷаҳон шуд

Бонки ҷаҳонӣ: «Бесаводии духтарҳо $30 триллион зарар меорад»

12.07.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Чари Атаев

Боздиди Прокурори генералӣ аз Бадахшон

Форуми ҷумҳуриявӣ дар Хоруғ ҷавононро ба ҳам меорад

Озмун бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

ДАНҒАРА. Ҷамъоварии ҳосили фаровони ғалла

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед