logo

иқтисод

ҲАДАФГИРИИ ТАВАРРУМ САМТИ НАВИ СИЁСАТИ ПУЛИЮ ҚАРЗӢ

Бонки миллии Тоҷикистон барои таъмини сатҳи муътадили нархҳо аз реҷаи ҳадафгирии пулҳои захиравӣ тадриҷан ба реҷаи нави амалисозии сиёсати пулию қарзӣ – ҳадафгирии таваррум мегузарад.
Ин ҳадаф дар қарори раёсати Бонки миллии Тоҷикистон “Дар бораи «Стратегияи сиёсати пулию қарзӣ ва асъории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020» аз 14 декабри соли 2016, №174 таъкид шудааст.
Мақсади асосии стратегияи мазкур ташкили фазои мусоиди гузариши батадриҷ ба реҷаи ҳадафгирии таваррум буда, он таҷдиду ташкили механизми татбиқи самараноки сиёсати пулию қарзӣ ва асъорӣ, барпо намудани инфрасохтори муосири амалиётӣ -  молиявӣ, вусъатёбии дараҷаи таъсирбахши фишангҳои сиёсати пулию қарзӣ ва афзалиятҳои дигари дахлдорро пешбинӣ менамояд.
Бар асоси стратегия БМТ сатҳи таваррумро дар давраи миёнамуҳлат дар сатҳи 7 дарсад бо имкони тағйирёбӣ дар сатҳи 3 дарсад муайян намуд. Давоми ёздаҳ моҳи соли ҷорӣ сатҳи таваррум 6,3 дарсадро ташкил дод.
Ҳамчунин, стратегия бояд тариқи амалиётӣ – молиявӣ ба таври самаранок ба вазъи бозор таъсир расонад.
Айни замон Бонки миллӣ тавассути ворид намудани фишангҳои нав заминаи муътадили нархҳоро фароҳам овард. Ҳоло БМТ баҳри таъмини самаранокии идоракунии сиёсати пулию қарзӣ, сатҳи пардохтпазирӣ дар низоми бонкӣ ва меъёрҳои кӯтоҳмуддати бозори байнибонкӣ фишангҳои доимоамалкунандаи қарзи шабонарӯзӣ (18 дарсад), музоядаҳои қарзию  коғазҳои қиматнок (16 дарсад) ва депозитии шабонарӯзӣ (овернайт 6 дарсад) истифода бурда мешаванд. Тибқи онҳо агар бонкҳо эҳтиёҷи пардохтпазирӣ ба маблағҳои пулӣ дошта бошанд, метавонанд бо дархост аз Бонки миллӣ маблағҳои заруриашонро бо фоизҳои муайян гиранд.  Агар онҳо барои пардохтпазирӣ маблағи барзиёд дошта бошанд, онро бо фоизҳои муайян метавонанд дар Бонки миллӣ нигоҳ доранд.
Ин низоми нав ба хотири таъсирбахш намудани фишангҳои монетарӣ, коҳиш додани хавфҳои пардохтпазирӣ, таъсиррасонӣ ба фоизҳои кӯтоҳмуддати қарзҳои бонкӣ ва ба ин васила таъсир расондан ба фоизҳои дарозмуддат равона гардидааст.
Тавассути сиёсати дурусти монетарӣ сатҳи муътадили нархҳо ва қобилияти хариди маблағҳои пулии шаҳрвандон мусбат нигоҳ дошта мешаваду иқтисодиёт дастгирӣ меёбад. Ҳамаи ин чораҳо ба устувории макроиқтисодӣ ва рушди устувори воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ оварда мерасонанд.
Реҷаи мазкурро бори нахуст соли 1990 Бонки марказии Зеландияи Нав мавриди амал қарор дод ва баъд аз он Бонки марказии Канада соли 1991 гузариш ба ҳадафгирии таваррумро расман эълон намуд. Феълан зиёда аз 30 давлати дунё реҷаи мазкурро амалӣ мекунанд. Аз ҷумла, таҷрибаи мазкур дар Арманистон, Гурҷистон, Федератсияи Русия ва Украина татбиқ гардида, айни ҳол Қазоқистон, Қирғизистон ва Беларус низ ба он таваҷҷуҳ зоҳир менамоянд.
Ш. ҚУРБОН,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 09.01.2018    №: 7    Мутолиа карданд: 187

20.10.2018


 ИДМ. Нозирони навраси тоҷик дар мақоми аввал

 Болоравии тавлидоти маҳсулоти саноатӣ

Рушди чорводорӣ

КАРТОШКАПАРВАРӢ. Талошҳо самар медиҳанд

 "Подоши амал" дар фестивали байналмилалӣ

 Дар ноҳияи Восеъ беш аз 200 иншоот месозанд

ҶОМИ ТОҶИКИСТОН. Ғалабаҳои "Истиқлол" ва "Хуҷанд"

17.10.2018


РАШТ. Гусели 40 нафар ба хизмати ҳарбӣ

ТОҶИКОБОД. Ду коргоҳи нав дар хизмати сокинон

Вусъати омодагиҳо дар ноҳияи Спитамен

НОҲИЯИ РӮДАКӢ. 414 иншоот бунёд меёбад

ВАРЗИШГАРОНИ ТОҶИК ДАР ҚУВВАОЗМОИИ ҶАҲОНӢ

Бозиҳои олимпии наврасон. МЕДАЛИ НУҚРАИ БЕЖАН

16.10.2018


Тасдиқи нақшаи чорабиниҳо оид ба шинондани ниҳолҳо

Мунтахаби Тоҷикистон дар мусобиқаи "Bangabandhu Gold Cup" ҷои дувумро гирифт

БОЗИҲОИ ОЛИМПИИ НАВРАСОН. Мо соҳиби медал шудем

10.10.2018


Ҷаласаи Шӯрои вазирони мудофиаи кишварҳои узви ИДМ баргузор мешавад

Таҳкими ҳамкориҳои Бонки миллии Тоҷикистон ва БАТР

Дар Душанбе Фестивали байналмилалии «Чакан» доир мегардад

СУҒД. Бунёд ва таъмири 110 иншооти фарҳангӣ

РАШТ. Сохтмони 140 иншоот

РОШТҚАЛЪА. Вусъати созандагӣ

“SLOW FOOD”. Муаррифии гулмоҳии амударёӣ ва оши палов

МУНТАХАБИ ТОҶИКИСТОН ДАР ФИНАЛИ МУСОБИҚАИ "BANGABANDHU GOLD CUP"

09.10.2018


БАЛҶУВОН. Рӯ ба рушд

РАШТ. Авлавият ба ҳифзи муҳити зист

ТАНЗИМ. Қонуншиканон 25 ҳазор сомонӣ ҷарима шуданд

Сипоси сарвари ОПЕК Муҳаммад Баркиндо аз Владимир Путин

Сарони Россия ва Ӯзбекистон ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ карданд

Неруҳои эътилофи байналмилалӣ дар Афғонистон амнияти интихоботро таъмин месозанд

Лондон зери об мемонад?

Ҷаҳон дар як сатр

08.10.2018


Даҳ соли минтақаҳои озоди иқтисодӣ

ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ. Мунтахаби Тоҷикистон – барандаи медалҳои нуқра


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед