logo

иҷтимоиёт

ПАЁМ ВА НАҚШИ ОН ДАР ТАЪМИНИ ҲАМГИРОИИ ИҶТИМОИИ ҶОМЕА

Паёми навбатии Пешвои миллат ҳамчун ҳуҷҷати муайянкунандаи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ фарогири масъалаҳои муҳиму рӯзмарра буда, дар он тамоми самтҳои фаълияти ҷомеаи мо ба риштаи таҳлил кашида шуда, вобаста ба таҳлилҳои гузарондашуда ба таври мушаххас масъалагузориҳо сурат гирифтанд.
Аз диди сиёсӣ Паём пурра воқеияти сиёсии на танҳо дохилӣ, балки ҷомеаи ҷаҳониро низ дар бар гирифта, мавқеи Тоҷикистонро вобаста ба рӯйдоду ҳодисоти як соли охир дақиқ муайян намуд.
Дар робита ба ин, мебояд гуфт, ки Тоҷикистон ҳамчун кишвари соҳибистиқлол аз ҷиҳати мавқеи географии худ дар минтақаи бархӯрди манфиатҳои абарқудратҳо ҷойгир буда, аз диди геополитикӣ осебпазир мебошад. Инро таҷрибаи давлатдории мо дар давраи нав собит намуд. 26 соли соҳибдавлатӣ  марҳилаи мушкили давлатдорию миллатсозӣ маҳсуб ёфта, дар ин давраи кӯтоҳи таърихӣ мо бо ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, ошӯбҳо ва кӯшишҳои табаддулоти хоинонаи фарзандони ҳамин сарзамин, ки фармони хоҷагони хориҷии ҳудро иҷро мекарданд, талошҳои ноором сохтани марзи давлатӣ, бесубот сохтани авзои сиёсӣ аз дохилу берун рӯ ба рӯ гаштем. Ин ҳама моро ҳушдор медиҳад, ки ба масъалаҳои давлатдории миллии худ  аз диди таъсири манфиатҳои абарқудратҳо назар карда, баҳри пешгирӣ аз ҳама гуна амалҳои ба манфиатҳои миллию давлатӣ таҳдидкунанда, омодагии доимӣ дошта бошем. Зеро дар сиёсати байналмилалӣ на дӯстону душманон, балки манфиатҳо нақши ҳалкунанда доранд.
Вобаста ба ин, Пешвои миллат  зикр намуданд: «Мо ҷонибдори низоми ҷаҳонии одилона, бидуни ҷангу низоъ, густариши ҳамкорию шарикии баробар ва судманди ҳамаи кишварҳои олам, таъмини амнияти ҷаҳонию минтақавӣ бо роҳи созишу муколамаи созанда бар асоси Оинномаи Созмони Милали Муттаҳид мебошем». Мавқеи зикршуда аз он далолат мекунад, ки муносибатҳои дипломатӣ ҳаргиз наметавонанд дар заминаи лаҳни дурушту  намоиши қувва суботи муносибатҳоро дар арсаи байналмилалӣ таъмин намоянд. Таҳаммулпазирӣ, эҳтироми манфиатҳои байниҳамдигарӣ, дасткашӣ аз истифодаи қувва ва бартариятхоҳӣ, талош баҳри ҳалли мусолиҳатомези мушкилиҳои мавҷуда, дасткашӣ аз таҷовузҳои ишғолгарона таҳти шиорҳои мубориза бо терроризму экстремизм, ташаккули муносибати ягона ба падидаҳои номатлубу харобкоронаи қувваҳои ифротию террористӣ метавонанд принсипҳое бошанд, ки ҳамзистии осоиштаро дар минтақа ва ҷаҳон таъмин намоянд. Маҳз ҳамин  принсипҳо моҳиятан дар Паёми Пешвои миллат баён гаштанд.
Самти дигаре, ки дар Паём ҳамчун самти меҳварӣ баён гашт, ин масъалаи татбиқи дигаргуниҳои институтсионалӣ бо мақсади ҳалли масъалаҳои муҳими ҷомеа – таъмини амнияти озуқаворӣ, баланд бардоштани сатҳи хизматрасониҳои тиббӣ, бартараф намудани монеаҳо баҳри рушди соҳибкорӣ ва сарфаи маблағҳои Буҷети давлатӣ, ҳалли масъалаҳо вобаста ба тағйирёбии иқлим мебошад, ки таъсиси Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти давлатии ҳифзи тандурустии  аҳолӣ ва Маркази омӯзиши пиряхҳоро пешбинӣ менамояд.
Вобаста ба ин тазаккур бояд дод, ки  ҳар як низоми сиёсӣ қобилияти экстраксионии худро нигоҳ дорад ва захираҳои дохилиро барои такмил ва рушди минбаъда истифода барад. Аз ин нуқтаи назар, таъсиси ниҳодҳои нав, тағйирпазирӣ ва барҳам додани ниҳодҳое, ки вазифаи худро ба анҷом расонданд ё бояд дар шакли дигар фаъолияташонро ба роҳ монанд, қонунияти умумии дар рушди давлат пазируфташуда буда, нишонаи аз байн рафтани талаботи иҷтимоӣ ба фаъолияти кунунӣ ва усули корбарии онҳо  мебошад. Яъне, талаботи иҷтимоӣ ҳамчун ченаки муайянкунанда ба мавҷудияти ин ё он сохтор омили таъсиррасон ба самаранокии фаъолияти низоми сиёсии ҷомеа ва давлат ба ҳисоб меравад. Аз ин нуқтаи назар, таҷрибаи давлатдории мо собит месозад, ки масъалаи мазкур аз ҷониби роҳбарияти сиёсии кишвар сари вақт ба миён гузошта шуда, бо ҳамин васила қобилияти тағйирпазирии мутавозин ва муътадили сохторҳои ҳокимияти сиёсӣ таъмин карда мешавад.
Тоҷикистон ҳамчун кишвари демократию ҳуқуқбунёд баҳри такмили доимии заминаи меъёрии ҳуқуқии мавҷуда, ки ҷиҳати танзими муносибатҳои иҷтимоӣ зарур мебошанд, кӯшиш менамояд. Ҷиҳати идомаи фаъолият дар ин самт дар Паём супориш дода шуд, ки бо мақсади  афзоиши имкониятҳои содиротии кишвар лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дастгирии содирот ва баланд бардоштани қобилияти рақобат», лоиҳаи Барномаи нави давлатии амнияти озуқаворӣ таҳия ва пешниҳод карда шаванд. Таҳия ва қабули ин санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ метавонанд баҳри танзим ва рушди муносибатҳо дар соҳаҳои зикршуда мусоидат намоянд.
Таҷрибаи давлатдорӣ дар 26 соли соҳибистиқлолӣ нишон медиҳад, ки воқеан ҳам дар меҳвари сиёсати давлат маҳз масъалаи инсон, боло бурдани сатҳи иҷтимоии ӯ, ҳифз, тақвият ва истифодаи самараноки неруи инсонӣ ва мусоидат ба камолоти ҳамаҷонибаи ӯ истода, мақсади рушд низ маҳз ба ҳамин самт равона шудааст. Зеро сиёсате, ки ҷавҳари онро инсондӯстӣ ташкил медиҳад, сиёсати устувор ва башардӯстона буда, баҳри такомул ва ғанигардонии сармояи инсонӣ имконоти фаровон дорад. Ҷиҳати тақвияти фаъолият дар ин самт ва ба даст овардани ҳадафҳои гузошташуда, дар Паёми Пешвои муаззами миллат тадбирҳои мушаххас дар самти тақвияти ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ баён гаштанд, ки бори дигар эътимоди мардумро ба пуштибонии давлату Ҳукумат, бахусус содиқ будан баҳри иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии ниҳодҳои давлатӣ дар назди ҷомеа комил мегардонад.
Махфират ХИДИРЗОДА,
муовини раиси вилояти Хатлон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 09.01.2018    №: 7    Мутолиа карданд: 151

17.10.2018


РАШТ. Гусели 40 нафар ба хизмати ҳарбӣ

ТОҶИКОБОД. Ду коргоҳи нав дар хизмати сокинон

Вусъати омодагиҳо дар ноҳияи Спитамен

НОҲИЯИ РӮДАКӢ. 414 иншоот бунёд меёбад

ВАРЗИШГАРОНИ ТОҶИК ДАР ҚУВВАОЗМОИИ ҶАҲОНӢ

Бозиҳои олимпии наврасон. МЕДАЛИ НУҚРАИ БЕЖАН

16.10.2018


Тасдиқи нақшаи чорабиниҳо оид ба шинондани ниҳолҳо

Мунтахаби Тоҷикистон дар мусобиқаи "Bangabandhu Gold Cup" ҷои дувумро гирифт

БОЗИҲОИ ОЛИМПИИ НАВРАСОН. Мо соҳиби медал шудем

10.10.2018


Ҷаласаи Шӯрои вазирони мудофиаи кишварҳои узви ИДМ баргузор мешавад

Таҳкими ҳамкориҳои Бонки миллии Тоҷикистон ва БАТР

Дар Душанбе Фестивали байналмилалии «Чакан» доир мегардад

СУҒД. Бунёд ва таъмири 110 иншооти фарҳангӣ

РАШТ. Сохтмони 140 иншоот

РОШТҚАЛЪА. Вусъати созандагӣ

“SLOW FOOD”. Муаррифии гулмоҳии амударёӣ ва оши палов

МУНТАХАБИ ТОҶИКИСТОН ДАР ФИНАЛИ МУСОБИҚАИ "BANGABANDHU GOLD CUP"

09.10.2018


БАЛҶУВОН. Рӯ ба рушд

РАШТ. Авлавият ба ҳифзи муҳити зист

ТАНЗИМ. Қонуншиканон 25 ҳазор сомонӣ ҷарима шуданд

Сипоси сарвари ОПЕК Муҳаммад Баркиндо аз Владимир Путин

Сарони Россия ва Ӯзбекистон ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ карданд

Неруҳои эътилофи байналмилалӣ дар Афғонистон амнияти интихоботро таъмин месозанд

Лондон зери об мемонад?

Ҷаҳон дар як сатр

08.10.2018


Даҳ соли минтақаҳои озоди иқтисодӣ

ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ. Мунтахаби Тоҷикистон – барандаи медалҳои нуқра

ДЗЮ-ДО. Натиҷаҳо аз Ҷоми Президенти Тоҷикистон

"ПАЛАНГИ ТИЛЛОӢ". Ғалабаи Ҷомӣ Ҳасанов

Сафари расмии Владимир Путин ба Ҳиндустон

Трамп ба вохӯрияш бо Путин дар Хелсинки баҳои баланд дод

Дар Туркия ҳамоиши чорҷониба оид ба Сурия баргузор мегардад

Селфи бо марг бозӣ кардан аст

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед