logo

Хабарҳо

Ҷаҳон дар як сатр

Reuters. Президенти ИМА Доналд Трамп 16 январ дар Қасри сафед президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоевро ба ҳузур мепазирад ва сарони ду давлат роҳҳои таҳкиму беҳсозии шарикии стратегӣ дар соҳаи амнияти минтақавӣ ва ҳамкории иқтисодиро баррасӣ мекунанд.

Regnum.ru. Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гутерреш мулоқоти намояндагони Кореяи Шимолӣ ва  Кореяи Ҷанубӣ, ҳамчунин, нияти дар Бозиҳои олимпии Пхёнчхан иштирок кардани Пхенянро ҳамчун пешравӣ арзёбӣ намуд.

The New York Times. Ҳадафи ширкати президенти ИМА Доналд Трамп дар ҳамоиши  ҷаҳонии иқтисодӣ дар Давоси Швейтсария 23-26 январ фарогир сохтани сиёсати Вашингтон оид ба таҳкими тиҷорати амрикоӣ мебошад, - таъкид доштанд дар Қасри сафед.

Interfax.ru. Вакилони порлумони Қирғизистон пешниҳод карданд, ки президент, сарвазир, раиси порлумон ва дигар ашхоси воломақоми давлатӣ ҳангоми сафарҳои хориҷӣ тоқии миллӣ «ақ - қалпақ» ба сар пӯшида бошанд.

Interfax.ru. Русия ва Ҳиндустон дар семоҳаи якуми соли равон доир ба харидуфурӯши 200 чархболи Ка-22 6Т ба маблағи 1 миллиард доллар созишнома ба имзо мерасонанд.

Daily Mail. Эквадор нияти аз сафорати худ дар Лондон бадар намудани асосгузори викилекс Ҷулиан Ассанжро дорад.

АИР Новости. Дар Калифорния  борони сел боиси марги 30 нафар гашт.

Vesti.ru. Аз пойгоҳи сайёҳии истироҳатгоҳи лижаронии кӯҳии Швейтсария бинобар хавфи тармафуроӣ қариб 13 ҳазор сайёҳро бо чархболҳо ба ҷойҳои амн кӯчонданд.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 239

18.01.2019


Таҳдидҳои асосӣ ба иқтисоди ҷаҳонӣ номбар шуданд

Гумонбари омодасозии ҳамла ба Қасри сафед ба даст афтод

Дар Чин қаллобонро барои фиреб ҳабси абад карданд

29 миллион сом зарари собиқадорони сохта

Ҷаҳон дар як сатр

17.01.2019


Тамдиди шартномаи ФФТ бо "Сомон Эйр"

60 ДАРАҶА ХУНУКӢ ВА ДАВИ 50 - КИЛОМЕТРАИ ЭКСТРЕМАЛИ МОЛДАВӢ

16.01.2019


Пирӯзии мунтахаби Тоҷикистон бар Эрон

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Роҳандозии моратории дусола дар Тоҷикистон

Нақшаи Brexit дар парламенти Британия рад карда шуд

Кремл роҳи ҳалли буҳрони Украинаро пешниҳод намуд

Ифтитоҳи онлайн-донишгоҳ барои гурезаҳо дар Италия

15.01.2019


Ҷаласаи ҷамъбастӣ таҳти раёсати муовини Сарвазири мамлакат

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Абдулазиз Комилов

Ёдгор Файзов: «Соли 2018 соли таҳкими волоияти қонун дар Бадахшон буд»

ХУҶАНД. 1548 медали варзишгарон дар як сол

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Созишномаи сулҳ – мавзӯи асосии мулоқоти Путин ва Абэ хоҳад шуд

Савдои хориҷии Чин соли 2018 натиҷаи рекордӣ нишон дод

Дар Алмаато гурӯҳи хориҷиёни террорист боздошт шуд

То соли 2024 аҳолии Қирғизистон бо оби ошомиданӣ пурра таъмин мешавад

10.01.2019


Дар Саразм осорхона ва меҳмонхонаи замонавӣ бунёд мешаванд

Вохӯрии Парвиз Давлатзода бо Владимир Норов

Ҷаласаи Шӯрои кор бо ҷавонон

“ГАНҶИ СУХАН” – маҳфили адибпарвар

РӮШОН. Ифтитоҳи маркази дуошёнаи савдо

Муҳаммад Салоҳ – беҳтарин футболбози Африқо

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Самарқанд мизбони нахустмулоқоти «Ҳиндустон – Осиёи Марказӣ»

Баргардондани 47 шаҳрванди Қазоқистон аз Сурия

Остона ба гузарондани Ҳамоиши ҷаҳонии туризми шаҳрӣ омодагӣ мегирад

Дар Беларус бори нахуст ҳукми қатл содир шуд

09.01.2019


Таҷлили 110 - солагии аллома Бобоҷон Ғафуров


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед