logo

иҷтимоиёт

ХУҶАНД. ЭҲТИЁҶМАНДОН СОҲИБИ ЗАМИН ШУДАНД

Аз соли 2010 то соли 2017 - ум 5318 оилаи ниёзманди шаҳри Хуҷанд бо қитъаи замини наздиҳавлигӣ таъмин гардидааст. Аз ин шумора, ба 2788 нафар бо қарорҳои раиси шаҳр дар масоҳати 166,54 гектар ва ба 2530 нафари дигар, ки ҳама сокинони шаҳри Хуҷанданд, бо қарорҳои раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аз шаҳраки навбунёди Сайҳун қитъаи замини наздиҳавлигӣ ҷудо шудааст.

Дар ин бора, аз маркази матбуоти дастгоҳи раиси шаҳри Хуҷанд ба “Ҷумҳурият” иттилоъ доданд, ки танҳо дар соли 2017 ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр 1598 муроҷиати хаттию шифоҳӣ ворид шудааст. Аз ҷумлаи муроҷиатҳои воридшуда 1101 адад оид ба гирифтани қитъаи замини наздиҳавлигӣ, 242 адад ҷиҳати таъмин намудан бо манзили истиқоматӣ, 82 адад барои хусусигардонии манзили фонди давлатӣ буда, мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Муроҷиати шаҳрвандон тибқи тартибот дар мақомоти дахлдор мавриди омӯзиш қарор гирифта, вобаста ба онҳо қарорҳои дахлдор қабул ва аз натиҷааш ба шаҳрвандон ҷавобҳои хаттӣ ирсол шудаанд. Соли 2017 бо дастгирии раиси шаҳри Хуҷанд ба 22 нафар шаҳрванди камбизоат ҳамчун кумак масолеҳи сохтмонӣ дода шуд.
Бино ба иттилои манбаъ, бо афзоиши аҳолӣ талабот ба қитъаи замину манзили истиқоматӣ зиёд гардида, айни замон дар рӯйхати эҳтиёҷмандон 3500 нафар қарор дорад, ки ниёзи онҳо низ тадриҷан бароварда хоҳад шуд.
Сарвиноз ШОДМОНОВА,“Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 10.01.2018    №: 8    Мутолиа карданд: 297

17.12.2018


Баррасии масоили густариши ҳамкориҳо

Ҷамъбасти натиҷаҳои амалиёти «Кӯкнор – 2018»

Вохӯрии Имомуддин Сатторов бо Вячеслав Павловский

ХАТЛОН. Ифтитоҳи 32 бунгоҳи тиббӣ

ШУҒНОН. 2 муассисаи таълимии нав сохта шуд

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Сифати таълим беҳтар мегардад

Қариб 200 кишвар маҷмӯи қоидаҳои созишномаи Парижро ҷонибдорӣ кард

Надя Мурод бо маблағи ҷоизаи Нобел беморхона сохтанист

Масоили марз дар маркази таваҷҷуҳи сарони ҳукуматҳои Ӯзбекистону Қирғизистон

«Зардпӯшҳо» ба Фаронса Ђ10 миллиард зиён оварданд

Дар Россия теъдоди маҳбусон ба ҳадди таърихӣ коҳиш ёфт

14.12.2018


Масъалаи густариши ҳамкориҳо матраҳ гашт

Баргузории ҷаласаи Шӯро оид ба шарикии давлат ва бахши хусусӣ

Машварати сиёсии Тоҷикистону Олмон

Лукашенко: «Бозори Россия барои Беларус якумрӣ кифоят мекунад»

Вазири олмонӣ таҳримоти нави зиддирусиро нахост

Дар Сурия беш аз 30 ҳазор манзилро барқарор намуданд

Таҷлили 90-солагии нависандаи зиндаёд Чингиз Айтматов дар Қирғизистон

Ҷаҳон дар як сатр

Як вохӯрии муҳим

13.12.2018


Иштироки Азим Иброҳим дар Форуми ҳамкории Чин ва Осиёи Марказӣ

Шаҳри Душанбе бо музофоти Хайнан бародаршаҳр гардид

Вохӯрии Заробиддин Қосимӣ бо Абдулазиз ибни Абдулкарим ал-Исӣ

Мадуро вохӯриашро бо Путин таърихӣ унвон кард

Қазоқистон 50 номгӯи маҳсулотро ба содирот баровард

Дабири кулли СММ: «Лағви шартномаи Париж «худкушист»

Голикова: «Собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҳамагӣ 1,4 миллион нафар мондаанд»

Дар Қирғизистон домоди қотил 20 сол зиндонӣ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

12.12.2018


Мулоқоти Низомиддин Зоҳидӣ бо Лю Бин

Таҳкими ҳамкориҳо бо Бонки аврупоии таҷдид ва рушд

Таъсиси шӯрои рушди маориф

Қазоқистон калонтарин дар ИДМ неругоҳи барқи офтобиро ба кор даровард

Дар Қирғизистон ба волидони кӯдакони маъюб маош таъйин мекунанд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед