logo

фарҳанг

"ОШИ ПАЛАВ" - И ТОҶИКОН ДАР РАДИФИ БЕҲТАРИНҲО

Соли сипаришуда дар Ҷаласаи 11 - уми байнидавлатии ЮНЕСКО оид ба ҳифзи мероси фарҳанги ғайримоддӣ номинатсияи «Оши палав» - и тоҷикон дар қатори беҳтарин намунаҳои ғайримоддии ҷаҳон сабти ном шуд. Дар ин раванд хидмати гурӯҳи корӣ оид ба мероси фарҳанги ғайримоддӣ дар Пажӯҳишгоҳи илмӣ - тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти Ҷумҳурии Тоҷикистон бузург аст.

- Фаъолияти мо мутобиқи «Барномаи давлатии  ҳифзи мероси фарҳанги ғайримоддӣ барои солҳои 2013 - 2020» аз соли 2013 оғоз гардида, аз ҷониби он то ба имрӯз номинатсияҳои «Чакан - санъати гулдӯзии тоҷикон», «Оши палав ҳамчун хӯроки анъанавӣ ва фазои иҷтимоию фарҳангии он дар Тоҷикистон», «Наврӯз» ва «Чавгон» ба ЮНЕСКО пешниҳод шуданд. Инчунин, «Феҳристи миллии мероси фарҳангии ғайримоддӣ» таҳия гашта, бо забонҳои русию англисӣ ба табъ расид, ки фарогири 515 унсур мебошад, - изҳор дошт Дилшод Раҳимов, муовини директори Пажӯҳишгоҳи илмӣ - тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот.
Ба гуфтаи мавсуф, интихоби ош дар натиҷаи омӯзишҳои тӯлонӣ сурат гирифтааст. Ҷараёни таҳияи номинатсияи оши палав шаш моҳ тӯл кашида, дар ин муддат гурӯҳи корӣ ба шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Истаравшан ва Ҳисор сафар карда, бо ошпазҳои ботаҷриба ҳамсуҳбат шуданд, донишҳои суннатии онҳоро омӯхта, ба қайд гирифтанд. Дар натиҷаи пажӯҳиш маълум гашт, ки тақрибан то 100 навъи ош маълум будааст.
Ҳар як халқу миллат навъҳои таоми дӯстдоштаи худро дорад, ки чун рамз пазируфта шудаанд. Чунончи, ҷопониҳо «суши» доранд, куриёиҳо «кимчи», қирғизҳо «бешбармоқ», арабҳою яҳудиҳо «фалофил», фаронсавиҳо «куарасант».
Бино ба гуфтаи ошпази моҳир Пӯлод Ахмедов, ки ошаш дар шаҳри Душанбе бо номи «Оши Пӯлод - ака» маъруф аст, палав дар байни мардуми тоҷик на танҳо хӯроки хушмазаву судманд, балки таоми хоси ҳамаи маъракаҳои мардум, таоми фарҳангофар ва муттаҳидкунанда аст. Оид ба оши палав дар байни мардум зарбулмасалу мақол, нақлу ривоятҳои ҷолиб зиёданд, ки аз маъруфияти ин таом дарак медиҳанд. Воқеан ҳам, дар адабиёти даврони истиқлол, бавижа осори шоирону нависандагони ин давра, ки оқибату шиканҷаҳои ҷанги шаҳрвандиро таҳаммул кардаанд, мафҳуми «Оши оштӣ» маъруф гашт, ки бо ёд кардани он дар зеҳни кас мафҳумҳои муқаддаси ваҳдати миллӣ, ягонагӣ ва таҳаммулпазирӣ низ якҷоя ҳувайдо мешаванд.
Б. САЛИМОВ,
«Ҷумҳурият» 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 10.01.2018    №: 8    Мутолиа карданд: 4070

17.12.2018


Баррасии масоили густариши ҳамкориҳо

Ҷамъбасти натиҷаҳои амалиёти «Кӯкнор – 2018»

Вохӯрии Имомуддин Сатторов бо Вячеслав Павловский

ХАТЛОН. Ифтитоҳи 32 бунгоҳи тиббӣ

ШУҒНОН. 2 муассисаи таълимии нав сохта шуд

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Сифати таълим беҳтар мегардад

Қариб 200 кишвар маҷмӯи қоидаҳои созишномаи Парижро ҷонибдорӣ кард

Надя Мурод бо маблағи ҷоизаи Нобел беморхона сохтанист

Масоили марз дар маркази таваҷҷуҳи сарони ҳукуматҳои Ӯзбекистону Қирғизистон

«Зардпӯшҳо» ба Фаронса Ђ10 миллиард зиён оварданд

Дар Россия теъдоди маҳбусон ба ҳадди таърихӣ коҳиш ёфт

14.12.2018


Масъалаи густариши ҳамкориҳо матраҳ гашт

Баргузории ҷаласаи Шӯро оид ба шарикии давлат ва бахши хусусӣ

Машварати сиёсии Тоҷикистону Олмон

Лукашенко: «Бозори Россия барои Беларус якумрӣ кифоят мекунад»

Вазири олмонӣ таҳримоти нави зиддирусиро нахост

Дар Сурия беш аз 30 ҳазор манзилро барқарор намуданд

Таҷлили 90-солагии нависандаи зиндаёд Чингиз Айтматов дар Қирғизистон

Ҷаҳон дар як сатр

Як вохӯрии муҳим

13.12.2018


Иштироки Азим Иброҳим дар Форуми ҳамкории Чин ва Осиёи Марказӣ

Шаҳри Душанбе бо музофоти Хайнан бародаршаҳр гардид

Вохӯрии Заробиддин Қосимӣ бо Абдулазиз ибни Абдулкарим ал-Исӣ

Мадуро вохӯриашро бо Путин таърихӣ унвон кард

Қазоқистон 50 номгӯи маҳсулотро ба содирот баровард

Дабири кулли СММ: «Лағви шартномаи Париж «худкушист»

Голикова: «Собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҳамагӣ 1,4 миллион нафар мондаанд»

Дар Қирғизистон домоди қотил 20 сол зиндонӣ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

12.12.2018


Мулоқоти Низомиддин Зоҳидӣ бо Лю Бин

Таҳкими ҳамкориҳо бо Бонки аврупоии таҷдид ва рушд

Таъсиси шӯрои рушди маориф

Қазоқистон калонтарин дар ИДМ неругоҳи барқи офтобиро ба кор даровард

Дар Қирғизистон ба волидони кӯдакони маъюб маош таъйин мекунанд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед