logo

иҷтимоиёт

ПАЁМ. БАРРАСИИ САМТҲОИ АСОСИИ ОН МИЁНИ МАРДУМ

Вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндагони сохторҳои гуногуни давлатӣ ба манзури шарҳу тавзеҳи нуктаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари хизматӣ дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ қарор доранд.
Намояндагони сохторҳои давлатӣ дар ҳайати гурӯҳҳои корӣ силсила вохӯриҳои худро бо сокинон 8 январ оғоз намуда, то 17 январ идома хоҳанд дод. Хабарнигорони минтақавии «Ҷумҳурият» иттилоъ медиҳанд, ки муҳимтарин нуктаҳои Паём, аз ҷумла ҳадафҳои сиёсати дохиливу хориҷӣ, зарурати эълон гардидани Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, вазъи воқеии ҷаҳони муосир, рушди иқтисоди миллӣ, боз ҳам баланд бардоштани сатҳи иҷтимоӣ ва дар ин замина зиёд намудани ҳаҷми маоши кормандони соҳаҳои буҷетӣ, пешниҳоди имтиёзҳо барои рушди соҳибкорӣ, ҳифзи амнияти ғизоӣ, истиқлолияти энергетикӣ, бунёди коргоҳҳои истеҳсолӣ, тавсеаи фаъолияти дорусозӣ, дар меҳвари суҳбату мулоқотҳо қарор доранд.
Бино ба иттилои Ҷовиди Аштӣ, хабарнигори “Ҷумҳурият” дар вилояти Суғд, нахустин вохӯрии гурӯҳи ташвиқотӣ бо сокинони Хуҷанд дар бинои раёсати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров доир гардид. Маҳмадалӣ Ватанзода, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ - намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни суханронӣ аз дастури таъсиси Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти давлатии ҳифзи тандурустии аҳолӣ истиқбол намуд. Зеро ба андешаи Маҳмадалӣ Ватанзода, ин иқдом ба ҳифзи сиҳатии омма нигаронда шуда, ворид гардидани молҳои пастсифати хориҷӣ ва ба саломатии инсон зараровар ҷиддан пешгирӣ хоҳанд шуд.
Дар баробари шарҳи тавзеҳи нуктаҳои Паём, ҳамчунин, усулҳои татбиқи дастуру супоришҳои Пешвои миллат дар меҳвари дидору мулоқотҳо қарор доранд, ки мо вобаста ба ин масъала дар шумораҳои минбаъда низ гузориш хоҳем дод.
Мунаввари САФАР,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 10.01.2018    №: 8    Мутолиа карданд: 226

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед