logo

фарҳанг

ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. АЗ ИМТИЁЗҲО САМАРАНОК ИСТИФОДА БАРЕМ!

Тавре ҳамагон шоҳидем, Пешвои миллат дар Паёми навинашон дар баробари дигар самтҳо ба ҳунарҳои мардумӣ ва рушди онҳо таваҷҷуҳи хосса зоҳир карда, соли 2018 - ро - Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон намуданд. Пешвои миллат вобаста ба ин масъала дастуру супоришҳои мушаххас низ доданд.
Аз ҷумла, таъкид доштанд, ки: «Дар ин раванд, Ҳукумати мамлакатро зарур аст, ки барои рушди ҳунарҳои мардумӣ ба соҳибкорон ва ҳунармандон ҷудо намудани  қарзҳои имтиёзнокро тавассути Фонди дастгирии соҳибкорӣ васеъ ба роҳ монад.
Инчунин, бо мақсади ҳавасмандгардонии аҳолӣ ҷиҳати истеҳсоли молҳои  ниёзи мардум дар хона ва рушди  ҳунарҳои мардумӣ аз 1 - уми январи соли 2018 фурӯши чунин мавод аз пардохти ҳамаи намудҳои андоз озод карда шавад».
Ин ташаббуси созанда аз он гувоҳӣ медиҳад, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шахсияти фарҳангдӯстест, ки ба эҳёи анъана ва ҳунарҳои миллӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамояд. Ин раванд, бахусус дар шароити ҷаҳонишавӣ  барои ҳар миллату давлат хеле муҳим аст. Зеро ин раванд солҳои охир беш аз  пеш вусъат ёфта, дар баробари арзишҳо маънавӣ намунаҳои ҳунарҳои мардумӣ низ аз марзи як кишвар фаротар рафта, мавриди истифодаи умум қарор гирифта истодаанд. Ба ин хотир, бо дастгирии бевоситаи Президенти кишвар расму оинҳои мардумӣ ба танзим дароварда шуда, беҳтарин анъанаву суннатҳои аҷдодӣ эҳё гардиданд.
Давоми ду даҳсолаи охир ҳунарҳои  мардумӣ, аз қабили зардӯзӣ, гулдӯзӣ, чакандӯзӣ, кашидадӯзӣ, кандакорӣ, заргарӣ, кулолгарӣ, табақу қошуқтарошӣ, созтарошӣ, қолинбофӣ, адрасбофӣ, алочабофӣ ва дигар суннатҳои миллии қадима ба тарзу услуби нав эҳё шуданд. Ҳоло намунаҳои онҳо дар ҳамаи шаҳру навоҳии кишвар аз воситаҳои  беҳтарини  мусоидат ба инкишофи маънавии ҷомеа ва беҳтар намудани вазъи зиндагӣ ба шумор мераванд.
Бо мақсади рушди ҳунарҳои мардумӣ фестивал - озмунҳои ҷумҳуриявии «Ҷилваи чакан», «Таронаи чакан», «Чакомаи гесӯ», «Оши палав», «Бӯстон», «Андалеб» такони ҷиддӣ бахшиданд. Баргузории чунин  чорабиниҳо аз як тараф боиси дилгармӣ  ба касбу пешаи бобоӣ гардад, аз ҷониби дигар ба таҳкими ваҳдат ва ҳамдигарфаҳмии сокинони кишварамон мусоидат намуданд.
Бо боварии комил метавон гуфт, ки Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардидани соли 2018 ва  аз пардохти ҳамаи намудҳои андоз озод шудани истеҳсолу фурӯши чунин мавод дар рушди минбаъдаи онҳо ва ҳифзу омӯзиши ҳамаҷонибаашон такони ҷиддӣ мебахшад.       
Мухбирҷон КЕНҶАЕВ,
узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон   


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 10.01.2018    №: 8    Мутолиа карданд: 217

23.06.2018


Мулоқоти Қоҳир Расулзода бо Невен Мимитса

Масоили амният ва суботи минтақа матраҳ гардиданд

Ҳамоиш ба муносибати 21 - солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ

Корхонаи коркарди маҳсулоти ширӣ ба кор шурӯъ кард

13.06.2018


Шиносоии Сарвазири мамлакат бо фаъолияти корхонаҳои пойтахт

12 медали варзишгарони тоҷик дар Ҷоми Ӯзбекистон

Боздиди ҳайати Ӯзбекистон аз НБО Роғун ва мавзеи сайёҳии Варзоб

Ҷаҳон дар як сатр

Вохӯрии таърихӣ - муқаддимаи сулҳ

Дар Муғулистон Маркази байналмилалии тадқиқотии кишварҳои рушдкунанда ташкил шуд

Сарвари Сандуқи байналмилалии асъор аз хатар ба иқтисоди ҷаҳонӣ огоҳ сохт

Бонки миллии Қирғизистон 90 дарсади даромадашро ба давлат медиҳад

12.06.2018


Баргузории ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии СААД

Баимзорасии созишномаи ҳамкорӣ

Вазорати маориф ва илм ба ҷадвали санҷишу имтиҳонҳо тағйирот ворид кард

Баистифодадиҳии корхонаи коркарди санги хоро

Ҷаҳон дар як сатр

СААД ба Тоҷикистон дар таҳкими марз бо Афғонистон ёрӣ мерасонад

Дар Чин сафари Путинро комёбии мутлақ унвон карданд

Баррасии вазъи Афғонистон, Сурия ва Корея дар Алмаато

Мирзиёев хостори "долони озод"-и тиҷоратии СҲШ шуд

Минск аз Чин 800 миллион юан ёрии ройгон мегирад

08.06.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Никлас Линдквист

Форуми байналмилалии рушди сармояи инсонӣ баргузор мешавад

Иди саиди Фитр дар Тоҷикистон 15 июн таҷлил мегардад

Муҳлати бақайдгирии шаҳрвандони хориҷӣ аз 3 то 10 рӯзи корӣ тамдид шуд

Як вохӯрии судманд

РАШТ. Бунёду азнавсозии муассисаҳои таълимӣ вусъат мегирад

МОҲӢ. Афзоиши истеҳсол

Тақвими бозиҳои Ҷоми ҷаҳон

07.06.2018


Баргузории ҷаласаи навбатии кумитаи тадорукот

Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин бо Алӣ Муборак ал-Муҳаннадӣ

Корхонаи парандапарварӣ ба истифода дода хоҳад шуд

Тоҷикистон боз дар мақоми аввал


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед