logo

иҷтимоиёт

САХОВАТИ ҶАВОНМАРД

Обод намудани як гӯшаи Ватан рисолати ҳар фарди фарзона ва меҳандӯст аст. Хушбахтона, дар тӯли 26 соли соҳибистиқлолии кишвари азиз  на танҳо пойтахт – шаҳри Душанбе симои худро ба куллӣ дигар кард, балки маркази шаҳру ноҳияҳо, шаҳраку деҳот ва дигар гӯшаҳои дурдасттарин низ аз баракати дастони соҳибкорони ҳотамсирату поктинату некрой тағйири шакл намуданд.
 
Агар ҳатто як соли рафтаро бо  имрӯз муқоиса намоем ҳам, маълум мегардад, ки пешравиҳои бузурге дар ҳама соҳаҳо бармало ба назар мерасанд.  Боиси ифтихор аст, ки аксарияти бунёдкориҳо аз ҷониби соҳибкорони ватанӣ анҷом ёфтаанд ва идома низ доранд. Суннатулло Қурбонов - зодаи ноҳияи Ёвон, соҳибкори ҷавон мебошад. Вай корҳои некеро анҷом дода, эҳтиёҷи сокинонро бароварда кардааст. Шуғли дӯстдоштааш тиҷорат аст, аммо мақсадаш некӣ намудан ба насли наврас ва ҷавонони диёр.
Аввалин қадаме, ки барои ободии Ватан гузошт,  дар Ҷамоати деҳоти Ҳасан Ҳусейн сохтани майдончаи варзишӣ буд, ки имрӯз макони чемпионҳои оянда, паҳлавонони асил аст.
- Дар Соли ҷавонон майдончаи варзишӣ туҳфае буд ба ҳамдеҳагон ва имрӯз дар оғози соли 2018 бунёди ҳаммоми замонавиеро анҷом додам, ки ин муассиса низ барои мардуми деҳот зарурист ва чанд нафар соҳиби кори доимӣ шуд, - гуфт Суннатулло Қурбонов.
Ин ҷавонмарди сахӣ ба сохтмони толори варзиш  даст задааст ва мақсад дорад, ки онро дар арафаи Ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ ба истифода диҳад. Барои  сохтмони майдончаи варзишӣ, ҳаммом ва толори варзиш 1 миллион сомонӣ сарф гардидааст.
  Суннатулло Қурбонов нақша дорад, ки баъди ба истифода додани толори варзиш дар ин макон бо ҳама шароиташ боз як майдончаи кӯдакона бисозад. Маконе, ки имрӯз ин соҳибкори хайрхоҳ ба як ҷойи истироҳату фароғат табдил додааст, 1,24 гектар буда, соле пеш ба ҷуз як дашти бекоре дигар чизе набуд. Агар чунин корҳо аз ҷониби дигар соҳибкорони маҳаллӣ низ анҷом дода шаванд, соле баъд пеши чашм шаҳраке ҳувайдо мегардад, ки танҳо диданаш барои кас хушоянд аст.
Лола РИЗОӢ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 11.01.2018    №: 9    Мутолиа карданд: 282

17.12.2018


Баррасии масоили густариши ҳамкориҳо

Ҷамъбасти натиҷаҳои амалиёти «Кӯкнор – 2018»

Вохӯрии Имомуддин Сатторов бо Вячеслав Павловский

ХАТЛОН. Ифтитоҳи 32 бунгоҳи тиббӣ

ШУҒНОН. 2 муассисаи таълимии нав сохта шуд

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Сифати таълим беҳтар мегардад

Қариб 200 кишвар маҷмӯи қоидаҳои созишномаи Парижро ҷонибдорӣ кард

Надя Мурод бо маблағи ҷоизаи Нобел беморхона сохтанист

Масоили марз дар маркази таваҷҷуҳи сарони ҳукуматҳои Ӯзбекистону Қирғизистон

«Зардпӯшҳо» ба Фаронса Ђ10 миллиард зиён оварданд

Дар Россия теъдоди маҳбусон ба ҳадди таърихӣ коҳиш ёфт

14.12.2018


Масъалаи густариши ҳамкориҳо матраҳ гашт

Баргузории ҷаласаи Шӯро оид ба шарикии давлат ва бахши хусусӣ

Машварати сиёсии Тоҷикистону Олмон

Лукашенко: «Бозори Россия барои Беларус якумрӣ кифоят мекунад»

Вазири олмонӣ таҳримоти нави зиддирусиро нахост

Дар Сурия беш аз 30 ҳазор манзилро барқарор намуданд

Таҷлили 90-солагии нависандаи зиндаёд Чингиз Айтматов дар Қирғизистон

Ҷаҳон дар як сатр

Як вохӯрии муҳим

13.12.2018


Иштироки Азим Иброҳим дар Форуми ҳамкории Чин ва Осиёи Марказӣ

Шаҳри Душанбе бо музофоти Хайнан бародаршаҳр гардид

Вохӯрии Заробиддин Қосимӣ бо Абдулазиз ибни Абдулкарим ал-Исӣ

Мадуро вохӯриашро бо Путин таърихӣ унвон кард

Қазоқистон 50 номгӯи маҳсулотро ба содирот баровард

Дабири кулли СММ: «Лағви шартномаи Париж «худкушист»

Голикова: «Собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҳамагӣ 1,4 миллион нафар мондаанд»

Дар Қирғизистон домоди қотил 20 сол зиндонӣ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

12.12.2018


Мулоқоти Низомиддин Зоҳидӣ бо Лю Бин

Таҳкими ҳамкориҳо бо Бонки аврупоии таҷдид ва рушд

Таъсиси шӯрои рушди маориф

Қазоқистон калонтарин дар ИДМ неругоҳи барқи офтобиро ба кор даровард

Дар Қирғизистон ба волидони кӯдакони маъюб маош таъйин мекунанд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед