logo

ҳуқуқ

МАРЗБОНӢ. АЗ МУСОДИРАИ МАВОДИ МУХАДДИР ТО ДАРГИРИҲОИ МУСАЛЛАҲОНА

Дар ҳоле ки паҳншавии маводи нашъаовар ва афзоиши истеҳсоли он дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ҷомеаи ҷаҳон ва кишварҳои минтақаро ба ташвиш овардааст, марзбонони тоҷик соли 2017 дар ҳамкорӣ бо дигар мақомоти қудратии кишвар аз қочоқчиён 1 740 килограмму 335 грамм маводи мухаддир дарёфт ва мусодира намуданд, ки дар сурати пешгирӣ нашудан метавонист, ҷони садҳо ҳазор нафарро дар хатар гузорад.
Аз ҷумлаи маводи мусодирашуда, 27 килограмму 267 грамм  героин,  455 килограмму 629 грамм афюн, 865 килограмму 711 грамм ҳашиш, 386 килограмму 820 грамм бангдона (канабис), 4 килограмму 908 граммро метамфитамин ташкил медиҳанд. Ҳамзамон, дар ин давра 577 507 бех ниҳоли банги ҳиндӣ дар минтақаҳои наздисарҳадӣ бо роҳи сӯзондан нобуд карда шуд.
Дар давоми сол миёни сарҳадбонон ва қочоқчиёни мусаллаҳ 31 ҳодисаи задухӯрди мусаллаҳона, ки аксаран дар марз бо Афғонистон аст, ба амал омадааст. Зимни даргириҳои мусаллаҳона ҳангоми кӯшиши убури ғайриқонунии хати сарҳад 18 қочоқчӣ нобуд ва 20 нафари дигар дастгир шуд. Инчунин, дар натиҷаи амалиёти вижаи хизматчиёни ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадӣ якҷо бо дигар ниҳодҳои қудратӣ 25 адад яроқи оташфишони тамғаҳои гуногун, 605 дона тир, 9 дона норинҷаки дастӣ, 40 адад лавозимоти ҷангӣ дарёфт ва мусодира гардидаанд. Марзбонон дар доираи иҷрои вазифаҳои хизматии худ дар гузаргоҳҳои сарҳадӣ 152 нафареро дастгир карданд, ки аз ҷумлаи афроди дар кофтуков қарордошта мебошанд.
Ҳамчунин, сарҳадбонони тоҷик теъдоди зиёди қочоқи  молу маҳсулоти пастсифат, аз ҷумла 14 800 литр сӯзишвории дизелӣ, 800 литр бензин, 8 500 литр гази моеъ, 43 тонна  ангиштсанг,  20 тонна семент,  10 тонна  гандум,  8 500 килограмм пиёз,  29 650 килограмм меваи хушк,  10 000 килограмм себ,  2 750 килограмм шакар,  17 метри мукааб тахта,  22 370 килограмм пахта, 400 000 дона маводи таркандаи пиротехникии гуногунро пешгирӣ карданд. Вобаста ба қонуншиканиҳои ошкоршуда ба фоидаи Буҷети давлат 500 885 сомонӣ ҷарима ситонда шуд. 
Дар ин бора зимни ҷаласаи ҷамъбастии фаъолияти хизматӣ - ҷангии Қӯшунҳои сарҳадӣ, ки бо иштироки раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал - полковник С. Ятимов баргузор гардид, иттилоъ дода шуд.
Фирӯзи РАҲМОНИЁН,
“Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 11.01.2018    №: 9    Мутолиа карданд: 273

23.06.2018


Мулоқоти Қоҳир Расулзода бо Невен Мимитса

Масоили амният ва суботи минтақа матраҳ гардиданд

Ҳамоиш ба муносибати 21 - солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ

Корхонаи коркарди маҳсулоти ширӣ ба кор шурӯъ кард

13.06.2018


Шиносоии Сарвазири мамлакат бо фаъолияти корхонаҳои пойтахт

12 медали варзишгарони тоҷик дар Ҷоми Ӯзбекистон

Боздиди ҳайати Ӯзбекистон аз НБО Роғун ва мавзеи сайёҳии Варзоб

Ҷаҳон дар як сатр

Вохӯрии таърихӣ - муқаддимаи сулҳ

Дар Муғулистон Маркази байналмилалии тадқиқотии кишварҳои рушдкунанда ташкил шуд

Сарвари Сандуқи байналмилалии асъор аз хатар ба иқтисоди ҷаҳонӣ огоҳ сохт

Бонки миллии Қирғизистон 90 дарсади даромадашро ба давлат медиҳад

12.06.2018


Баргузории ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии СААД

Баимзорасии созишномаи ҳамкорӣ

Вазорати маориф ва илм ба ҷадвали санҷишу имтиҳонҳо тағйирот ворид кард

Баистифодадиҳии корхонаи коркарди санги хоро

Ҷаҳон дар як сатр

СААД ба Тоҷикистон дар таҳкими марз бо Афғонистон ёрӣ мерасонад

Дар Чин сафари Путинро комёбии мутлақ унвон карданд

Баррасии вазъи Афғонистон, Сурия ва Корея дар Алмаато

Мирзиёев хостори "долони озод"-и тиҷоратии СҲШ шуд

Минск аз Чин 800 миллион юан ёрии ройгон мегирад

08.06.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Никлас Линдквист

Форуми байналмилалии рушди сармояи инсонӣ баргузор мешавад

Иди саиди Фитр дар Тоҷикистон 15 июн таҷлил мегардад

Муҳлати бақайдгирии шаҳрвандони хориҷӣ аз 3 то 10 рӯзи корӣ тамдид шуд

Як вохӯрии судманд

РАШТ. Бунёду азнавсозии муассисаҳои таълимӣ вусъат мегирад

МОҲӢ. Афзоиши истеҳсол

Тақвими бозиҳои Ҷоми ҷаҳон

07.06.2018


Баргузории ҷаласаи навбатии кумитаи тадорукот

Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин бо Алӣ Муборак ал-Муҳаннадӣ

Корхонаи парандапарварӣ ба истифода дода хоҳад шуд

Тоҷикистон боз дар мақоми аввал


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед