logo

иқтисод

СУҒД. Саҳми саноат 50 дарсад

Дар маҷлиси фаъолони вилояти Суғд натиҷаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии вилоят дар соли 2017 мавриди таҳлил қарор гирифтанд.

Назира Ғаффорӣ, муовини раиси вилоят, иброз дошт, ки бо мақсади таъмини рушди устувори иқтисодӣ, пешгирии хавфи эҳтимолӣ вобаста ба таъсири омилҳои беруна ва баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии аҳолӣ дар самтҳои ба кор андохтани иқтидорҳои нави истеҳсолӣ, идомаи таҷдиди сохтори кишоварзӣ, азхудкунии заминҳои нав ва ба гардиши кишоварзӣ дохил кардани заминҳои боир, бунёди мавзеъҳои нави аҳолинишин, барқарорсозии роҳҳо, таҷдиди шабакаҳои обу барқтаъминкунӣ, сохтмони биною иншооти иҷтимоӣ, ҷалби сармоягузории ватаниву хориҷӣ ва дастгирии ташаббусҳои бахши хусусӣ тадбирҳои судманд роҳандозӣ гашта, самари дилхоҳ ба бор оварданд.
Соли гузашта дар вилоят 84 корхонаву коргоҳҳои нав бо таъсиси  1479 ҷойҳои нави корӣ ба фаъолият шурӯъ карданд. Бунёд шудани минтақаи саноатии Тоҷикистону Хитой дар шаҳри Истиқлол ва бо иштироки Пешвои миллат ба фаъолият оғоз кардани Комбинати металлургӣ бо иқтидори истеҳсолии 50 ҳазор тонна металл бо ҷалби 57 миллион доллари амрикоӣ рӯйдодҳои муҳими иқтисодӣ маҳсуб меёбанд. Кушодашавии навбати дувуми корхонаи истеҳсолии халтаҳои полипропилении «Суғд Пак» ва бунёди гармхонаи инноватсионии парвариши сабзавот бо истифода аз усули муосир дар заминаи ширкати «Элегант» ва ҶДММ « Фарм Суғд» дар шаҳри Бӯстон ба афзунгардонии ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунанда мусоидат карда, ба раванди диверсификатсияи истеҳсолоти саноатии вилоят заминаи мустаҳкам  гузошт.
Бори нахуст дар даврони соҳибистиқлолӣ саҳми соҳаи саноати вилоят дар ташаккули ҳаҷми маҳсулоти саноатии ҷумҳурӣ зиёда аз 50 дарсадро ташкил намуд. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 9,9 миллиард сомонӣ расонда, суръати рушд ба 31,5 дарсад баробар шуд. Дастури Сарвари давлат ҷиҳати равона намудани таваҷҷуҳи асосӣ ба истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунанда дар қаламрави вилоят марҳила ба марҳила татбиқи худро ёфта, истеҳсоли маҳсулоти ғизоӣ, масолеҳи сохтмон ва сарулибос афзоиш ёфт.
Аз нақша зиёд пахта, ғалла, сабзавот, мева ва полизӣ истеҳсол шуд. Кишоварзони вилоят дар маҷмӯъ ба маблағи 7,1 миллиард  сомонӣ маҳсулот истеҳсол карданд, ки нисбат ба соли пешӣ 7 дарсад зиёд аст.
Абдураҳмон Қодирӣ, раиси вилоят, ҷиҳати ислоҳи камбудиҳо, иҷрои дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва афзун кардани муваффақиятҳо ба роҳбарони идораю корхонаҳо ва раисони шаҳру навоҳии вилоят супоришҳои  мушаххас дод.
Ҷовиди АШТӢ,  «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 11.01.2018    №: 9    Мутолиа карданд: 83

22.01.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Аслов ва Владимир Воронков

Баргузории ҷаласаи Комиссия оид ба масъалаҳои иқтисодии ИДМ

Боздиди ҳайати кормандони Сафорати Тоҷикистон аз шаҳраки саноатӣ

Ҳамлаи хунин ба меҳмонхонаи Intercontinental дар Кобул

Хазинаи байналмилалии асъор: «Иқтисоди Русия рӯ ба болоравист»

«Ҷабҳат ан – Нусра» дар Идлиб ба муҳосира гирифта шуд

Ба ҳадди рекордӣ расидани пасандози русиягиҳо

Дар Шведсия бокси ҳирфаиро эҳтимол манъ созанд

18.01.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Аслов бо сафири тозатаъйини Озарбойҷон

Ҷамъомади муҳим дар Кумитаи рушди маҳал

Супурдани эътимоднома ба Президенти Беларус

Самтҳои асосии рушди туризм матраҳ гаштанд

Шиносномаи Тоҷикистон дар сархати 81-уми раддабандии байналмилалӣ

Дар Аврупо бидуни Русия сулҳу субот нахоҳад буд

Президенти Миср: «Баҳори арабӣ» ба «хазон шудан» - и 1,4 миллион нафар сабаб гашт»

YouTube тавассути технологияҳои нав 98 дарсади видеоҳои экстремистиро ошкор сохт

Дар баҳри Миёназамин 1400 муҳоҷир наҷот дода шуд

Арманистон минтақаи озоди иқтисодӣ бунёд менамояд

Истифодаи партовҳои электронӣ барои ороишоти заргарӣ

16.01.2018


Мулоқоти Рамазон Раҳимзода ва Найтхарт Хёфер Виссинг

Раҷаббой Аҳмадзода: «Ба бунёди коргоҳҳои истеҳсолӣ таваҷҷуҳ зоҳир карда шавад»

Баргузории конференсияи сайёҳӣ дар Кӯлоб

Озмуни «Беҳтарин тарабхонаи шаҳри Душанбе» баргузор мегардад

ХУҶАНД. Корхонаи истеҳсоли велосипед бунёд мешавад!

Ҷаҳон дар як сатр

Президенти Афғонистон артиши кишварашро бидуни ёрии ИМА нотавон хонд

Сипосгузории Трамп аз Қатар барои «мубориза бо терроризм»

Қазоқистон содироти газро ба Чин афзун мекунад

Испания дувумин кишвари сайёҳии дунё шуд

Дар Арабистони Саудӣ баъди 35 сол кино намоиш медиҳанд

Разведкаи ИМА: «Киштии зериобии «Сан – Хуан» дар они воҳид таркид»

15.01.2018


Баррасии масъалаи содироти маҳсулоти кишоварзӣ ба Қатар

Мулоқоти Маҳмадшариф Ҳақдод ва Леонид Заятс

Ҳамоиш бахшида ба 25 - солагии истиқрори муносибатҳои дипломатӣ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед