logo

иҷтимоиёт

ПАЁМ. АЗ РУШДИ САЙЁҲӢ ТО ТАВСЕАИ ҲУНАРМАНДӢ

Тавре ҳамагон шоҳидем, дар Паёми навбатии Пешвои миллат дастовардҳои солҳои охири мамлакат мавриди таҳлили ҳамаҷониба қарор гирифта, дурнамои рушди иҷтимоиву иқтисодӣ барои солҳои наздик ва афзалиятҳои сиёсати минбаъда мушаххас баён гардидаанд. Пешвои миллат аз баланд бардоштани маоши кормандони буҷетӣ, хидматчиёни ҳарбӣ, нафақагирон ва бо ҷои кори доимӣ таъмин намудани шаҳрвандон ҷиҳати некуаҳволии мардум башорат доданд.
Аз ҷумла, бо мақсади тараққӣ додани соҳаи сайёҳӣ, муаррифии имкониятҳои сайёҳии мамлакат ва фарҳанги миллӣ дар арсаи байналмилалӣ, инчунин, ҷалби сармоя ба инфрасохтори он аз ҷониби Сарвари давлат соли 2018 дар Тоҷикистон Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон карда шуд.
Сайёҳӣ яке аз соҳаҳои муҳими муаррификунандаи таъриху фарҳанг, табиат ва анъанаҳои миллӣ ба ҳисоб рафта, дар ин боб табиат ба Тоҷикистон манзараҳои зебову дилписанд, нотакрору мафтункунанда ато кардааст.
Минтақаҳои хуби сайёҳӣ чун Бадахшону Рашту Хатлон, Ҳисору Зарафшон,  мавзеъҳои зебои Сари Хосору Ҳафткӯл, Хоҷаобигарму Шоҳамбарӣ, дараҳои Ромиту Варзоб ба ҳусни кишвар ҳусн мефизоянд. Моро зарур аст, ки баҳри ҷалби бештари меҳмонони хориҷӣ инфрасохтори муосир бунёд карда, сифати хизматрасониро дар сатҳи байналмилалӣ ба роҳ монем.
Тоҷикон аз қадим ҳунарманд буданд. То миёнаҳои солҳои 30 - юми асри гузашта  дар шаҳрҳои тоҷикон, аз ҷумла Хуҷанд, ҳар як маҳалларо бо номи ҳунармандонаш чун «Карбосбофон», «Абрабандон», «Пиллакашон», «Шоҳибофон» мешинохтанд.
Масъалаи дигаре, ки таваҷҷуҳи маро нисбат ба Паёми Пешвои миллат ҷалб кард, норасоии кадрҳои соҳаи фарҳанг мебошад. Фарҳанг муаррифгари таъриху тамаддун ва адабиёту санъати ҳар як халқу миллат ба ҳисоб рафта, таваҷҷуҳи хосса зоҳир намудан ба ин соҳа аз маърифати баланд ва санъатдӯстии Сарвари давлат дарак медиҳад. Ва дар ин ҷода таъкиди Пешвои миллат барои ба муассисаҳои фарҳангӣ  ҳар чи бештар ҷалб намудани мутахассисон ва бо ин роҳ такон бахшидан ба раванди баланд бардоштани сатҳи маърифату маънавиёти аҳли ҷомеа, алалхусус наврасону ҷавонон, боиси дастгирист.
Аз ҷониби Сарвари давлат Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардидани соли 2018 барои пешрафту тараққӣ додани сайёҳӣ ва тақвият ёфтани касбу ҳунарҳои мардумӣ дар мамлакат заминаи мусоид фароҳам меорад. Яке аз ташаббусҳои созанда ҷиҳати дастгириву осон намудани кори косибону ҳунармандон ин аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз пардохти ҳамаи намудҳои андоз озод кардани маҳсулоти ҳунармандӣ мебошад. Аз ин лиҳоз, мебояд барои сари вақт амалӣ намудани иқдомҳои  наҷиби Сарвари давлат камари ҳиммат бандем, зеро бо татбиқи нуктаҳои асосии Паём мо метавонем ба қуллаҳои баланди рушд расем.
Баҳодур САИДОВ,
раиси Ҷамоати деҳоти Эсанбойи ноҳияи Рӯдакӣ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 11.01.2018    №: 9    Мутолиа карданд: 384

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед