logo

фарҳанг

ШОМИ ШАНБЕ

Л. Н. ТОЛСТОЙ ВА ҶОИЗАИ НОБЕЛ
Романи «Ҷанг ва сулҳ» - и Лев Николаевич Толстойро барои дарёфти Ҷоизаи Нобел пешниҳод карда буданд. Бар хилофи чашмдошти аксарияти аъзои Академияи Шведсия онро моҳи декабри соли 1901 ба шоири фаронсавӣ Сюлли-Продом доданд.
Як гурӯҳи адибону олимони швед ба ин қарори кумита эътироз баён карданд.
Адиби бузурги рус зарур шумурд, ки ба ин гурӯҳ бо забони фаронсавӣ нома ирсол бинамояд. Дар ин нома, ки 22 январи (4 феврал – мутобиқи солшумории нав) соли 1902 иншо гардида, омадааст: «Ман ниҳоят хушнудам, ки ба дарёфти Ҷоизаи Нобел мушарраф нашудам. Аввалан, ин кор маро аз мушкилоти азими саришта намудани ин пулҳо, ки ба назари ман, чун ҳама гуна пулҳо танҳо бадбахтӣ оварда метавонанд, наҷот дод; сониян, мояи ифтихор ва қаноатмандии афзун аст, ки афроди сершумор, ҳатто онҳое, ки шарафи ошноиашонро надорам, вале зиёд эҳтиромашон мекунам, дилсӯзиву хайрхоҳиашонро ба ман изҳор намуданд».
Бояд зикр кард, ки ин адиби оламшумул ду бор номзад ба ин ҷоиза буд, вале ба дарёфташ мушарраф нагардид.
Таҳияи А. РАҲИМ


999 «ХАТО» Ё РОҲИ ИХТИРОЪ
Физики маъруф Томас Эдиссон барои ихтирои лампочка ҳазор маротиба ва шояд зиёдтар аз ин таҷрибаҳои номуваффақ гузаронда, ниҳоят чароғе, ки пайваста фурӯзон мешаваду муддати зиёд хидмат мекунад, сохт. Барои ин ихтирои нодири хеш, ки дар он замон сару садоҳои бисёре баровард, патент ҳам гирифт.
Рӯзе журналисти кунҷкове аз олим чунин суол кард: «Рост аст, ки шумо барои ихтирои лампочка 999 маротиба хато кардаед?». Томас ҷавоби аҷибе дод: «Не, иштибоҳ мекунед, ман 999 роҳи пажӯҳишро нишон додам, ки тавассути онҳо сохтани лампочка ғайриимкон аст. Пас, физикони оянда метавонанд бо роҳҳои мазкур нарафта, бо тарзу усулҳои хоси худ фурӯзонакҳои дигар ва амсоли онҳоро созанд».
Таҳияи Бузургмеҳри БАҲОДУР


ШОҲИДИ СЕ ДАВРАИ ТАЪРИХӢ
Бино ба омори расмӣ, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 80 нафар куҳансолони синнашон аз 100 боло зиндагӣ мекунанд, ки 50  нафари ин дарозумрон занон ва 30 нафари дигарашон мардон мебошанд.
Фотима Мирзоқулова аз зумраи онҳост.  Ӯ 13 - уми марти соли 1893 дар деҳаи Қаҳрамони ноҳияи Ашт таваллуд шуда,  айни замон сокини деҳаи Даҳанаи ноҳияи мазкур ва  яке аз куҳансолтарин шаҳрванди  Тоҷикистон эътироф гардидааст. 
Ф. Мирзоқулова 125 - сола буда, бе мушкилӣ роҳ меравад ва аз саломатияш шикояте надорад. Ӯ давраи ҷавонияшро ба хотир оварда мегӯяд: «Ман  дар кандани канали Фарғона ширкат доштам ва хушҳолам, ки шоҳиди се давраи таърихӣ - Бухорои амирӣ, Иттиҳоди Шӯравӣ ва Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошам».
 Ӯ соҳиби 8 фарзанд, 56 набера ва 180 абера аст. Чабера низ дорад, аммо шумораи онҳоро дақиқ намедонад, ин зани хушбахт.
Таҳияи Гулнисои САЪДОНШО


БИСЁР ХОНЕД, НАВИСЕД, ФИКР КУНЕД
Китобхонаи “Geisel” дар Донишгоҳи Калифорнияи  шаҳри Сан - Диегои  ИМА воқеъ буда, ҳамчун китобхонаи беназири дунё шинохта шудааст. Бунёди ин китобхона ба солҳои 70 - уми асри гузашта рост омада, дар аввал чун китобхонаи муқаррарӣ қабул гардид. Баъдан, он ба рамзи муассисаи таълимӣ табдил ёфт.
Муҳандисон дар сохтмони ин бино бештар аз унсурҳои  ёдгориҳои  қадима истифода бурда, онро бо шакли дарахт бунёд намуданд.
Номи аввалаи ин китобхонаи машҳур “Китобхонаи марказӣ” буд. Тарҳи нави он  соли 1995, вақте ки таҷдиди  бино ба нақша гирифта шуд, барои бештар ҷалб кардани хонандагону сайёҳон ва замонавӣ шудани он аз ҷониби доктор Сюз пешниҳод гардид.  Ин шахс барои ташаккули фондҳои хониш адабиёти  нодирро ҷамъоварӣ намуда, ба китобхона номи “Дарахти дониш”- ро дод.
Таҳияи С. ГУЛНИСО


ДЕЙЛ КАРНЕГИ
(Идома аз шумораи гузашта)
31. Ақида ва хоҳиши дигаронро бо хушнудӣ бипазиред.
32. Кӯшиш намоед, ки аз нобарорӣ ҳам манфиат бардоред.
33. Ба тақдир тан диҳед.
34. Агар хоҳед, ки камбудиҳои касеро ифшо созед, суханро аз таҳсин ва бартариҳои сифати ӯ оғоз намоед.
35. Ҳаргиз накӯшед, ки феълу атвори атрофиёнатонро тағйир диҳед.  
Таҳияи Меҳрона ЗУВАЙДОВА


ҚАТАР. ГУФТАНИҲОИ НОГУФТА
Аз ҳама мамлакати гармтарин дар ҷаҳон Қатар ба шумор меравад. Он дар қисмати ҷанубу ғарбии қораи Осиё воқеъ гашта, аз ҷануб бо Арабистони Саудӣ ва аз шимолу ғарб бо Баҳрайн ҳамсарҳад мебошад. Дар ин мавзеъ тахминан 40 дарсади сокинони таҳҷоӣ арабҳо буда, ҳамчунин, аҳли Эрон, Ҳиндустон ва Покистон зиндагӣ мекунанд.  Пойтахташ Доҳа буда, 90 дарсади аҳолӣ дар он маскан гирифтааст. Сохти давлатдориаш салтанати мутлақ мебошад.
Қатар аз ҷиҳати захираҳои гази табиӣ дар ҷаҳон ҷойи сеюмро ишғол намуда, бузургтарин содиркунандаи масолеҳи нафтӣ дар олам дониста шудааст. Теъдоди умумии сокинони он ду миллион нафар арзёбӣ мешавад. 70 дарсади сокинонро мардон ва 30 дарсади боқимондаро занон ташкил медиҳанд. Умри миёнаи мардум дар ин кишвар беш аз 70 сол нишон дода мешавад.
Иқлими Қатар хушк буда, дарё надорад ва обаш кам аст. Аз ҳамин лиҳоз, оби баҳрро тавассути филтрҳои махсус ширин менамоянд. Қатар аз минтақаҳои  гармтарини дунё буда, ҳарорати ҳаво ҳатто дар фасли сармо то 25 - 28 дараҷа гарм аст. Тобистон гармии ҳаво наздик ба 50   дараҷа мерасад.
Таҳияи Шаҳбоз АБРОР


ЯК ЁДДОШТ
Аз ёддошти кайҳоннавард Нил Олден Армстронг, аввалин нафаре, ки дар рӯи Моҳ қадам ниҳодааст: «Ман одами эҳсосӣ нестам… Вақте хонаи волидонамро тарк намудам, гиря накардам. Вақте аз завҷаам ҷудо гардидам, гиря накардам ва ҳатто вақте рӯи Моҳ пой гузоштам, нагиристам. Аммо вақте аз рӯи Моҳ ба Замин нигоҳ кардам, гиря гулӯгирам гашт. Бо тардид ба парчаме, ки бояд рӯи Моҳ насб кунам, бозӣ мекардам. Зеро онҷо ғайр аз изи пои ман ва як "хона"-и гирди кабуд дигар чизе вуҷуд надошт. Дастамро сӯи Замин дароз намудам. Он бо ҳамон азаматиаш пушти дастам пинҳон шуд. Ин лаҳза сахт гириста, бо садои баланд дод гуфтам: «Агар чунин аст, пас чаро инсонҳо меҷанганд?»
Таҳияи Қурбон АҲМАДЗОД


АЗ ЗИНДОН БА ИЛМ. Сарнавишти аҷиби собиқ ғоратгари бонк
Барои аз озодӣ маҳрум шудан кӯтаҳие кофист.  Лекин барои аз зиндон ҳамчун адвокат баромада, баъдан профессори донишгоҳ шудан ақли расо ҳатмист. Шон Хопвуди амрикоӣ дар ҷавонӣ ғоратгари бонк буд. Баъди ғорати чор бонк ба даст афтода, 11 сол аз озодӣ маҳрум гашт.  Солҳои тӯлонии зиндонӣ будан вақташро дар китобхонаи маҳбас ба омӯхтани илми ҳуқуқшиносӣ сарф кард.
Баъди бармаҳал аз маҳбас баромадан ӯ дипломи ҳуқуқшинос ва литсензияи ҳимоятгарро гирифт ва акнун дар Донишгоҳи Ҷорҷтаун аз фанни ҳуқуқшиносӣ дарс мегӯяд. Ҳатто то дараҷаи ёрдамчии суди федеролӣ расид. Метавон гуфт, ки  собиқ ҷинояткор ҳаёташро куллан дигар кард.
Хопвуд аз ҳаёти пуртазоди хеш китобе бо номи «Одами қонун» иншо намудааст.
Таҳияи Гулистони ҚАДАМСАИД


17 ПУЛИ НОДИРИ ДУНЁ
12. Пули Акаси
Ҷопонҳо бори дигар тахайюлоти бой доштан ва қудрати иншооти ғароиб сохта тавонис-танашонро собит намуданд. Тимсоли беҳтарини он пули азим аз болои гулӯгоҳи Акаси шуд, ки сохтмонаш баъди даҳ сол, яъне соли 1998 поён ёфт. Барои бунёдаш 4,5 миллиард доллар сарф шуд. Равоқи дукилометра байни манора-такягоҳҳо, ки ҳар кадом аз манораи Эйфел баландтар аст, танобҳои пӯлодӣ бо қутри 1,12 метр ба ин маблағи ҳангуфт арзандаанд. Сими ҷиҳати сохтани онҳо истифодагашта барои 7 маротиба Заминро печондан кифоят мекунад. 
Таҳияи Хуршеди ҶОВИД


ЗИМИСТОН. АЗ БАРФИ САБЗ ТО БӮРОНИ БАРФӢ
Зимистонро на дар ҳамаи мамлакатҳо бо барф ва ях тасаввур мекунанд. Бисёри сокинони сайёраи мо боридани барфро умуман надида дар бораи зимистон ва хунукиҳои он  нашунидаанд.
Мо ин ҷо баъзе делелҳои ҷолиберо дар бораи зимистон меорем, ки ҳама касро ба ҳайрат меорад. Об аз сифр дараҷа хунук шуда наметавонад, аммо ях метавонад ҳарорати пасттар дошта бошад. Дар Антарктида агар пиряхҳо ҳарорати то - 60 дараҷа дошта бошанд, қуллаҳои кӯҳҳои Алп ва Скандинавияро пиряхҳое пӯшонидаанд, ки сардиашон ба сифр баробар буда, дар дами обшавӣ мебошанд.
Дар шаҳри Харбини Чин ҳамасола фестивали ҳайкалтарошӣ аз ях гузаронда мешавад. Соли 2015 дар ин фестивал одами барфие ба намоиш гузошта шуд, ки дарозии он 37,2 метр буд ва вазнаш 6 миллион килограммро ташкил дод.
Барф дар ҳарорати - 2 дараҷа ғиҷиррос мезанад. Ин садои зарраҳои барфест, ки ба ҳам мечаспанд.
Ранги барф аксар вақт аз ранги хок ва ҳаво вобаста аст. Боридани барфи сабз дар Калифорния соли 1955 ва соли 1969 барфи сиёҳ дар Шведтсия ба чашм расидааст. Дар Камчатка соли 2002 барфи ранга боридааст, ки сабаби он тӯфони ғуборолуд буд.
Бӯрони барфӣ дорои қувваи бузурге мебошад, ки дар як вақт метавонад 40 миллион тонна барфро ба замин партояд. Рекорди барфборӣ соли 1913 дар Ҷорчтаунаи Амрико ба қайд гирифта шудааст, ки ғафсии он 1,5 метр буд. Дар Канада соли 1932 барф муддати 9 шабонарӯз беист борида, баъзе хонаҳоро пӯшонида буд.
Таҳияи
Г. МАВЛОНАЗАРОВА


ГОЛФ. ДАҲШАТИ ЯК ЗАРБА
Дар Бакстон (Англия) Найгл Макнотони 30 - сола тӯбчаи голфро бо зарбаи шадид ба масофаи 80 метр дур партофт. Вале, мутаассифона, тӯбча на ба нишон, балки ба тоскулоҳи мототсиклсаворе бархӯрд, ки дар шоҳроҳ бо суръати баланд ҳаракат мекард. Бечора аз нақлиёт ба замин афтод. Хушбахтона, захме набардошт. Тӯбча бошад, аз тоскулоҳ ҷаҳида, ба ойинаи пеши мошини равандае бархӯрд. Ронанда аз тарс идора намудани мошинро аз даст дод ва ба нишебӣ сарозер рафт. Мототсикл дар рӯи роҳ ғеҷида, ба мошини ядакдор бархӯрду онро чапа кард. Хушбахтона, аз ин бархӯрдҳо касе ҷисман зарар надид.
Қурбон МАДАЛИЕВ,
тарҷума аз русӣ


АМАНСИО ОРТЕГА ВА ДИГАРОН
Тибқи иттилои рӯзномаи  ‘’Fоrbes’’ асосгузорӣ  тамғаи  ‘’Zara’’  дар рейтинги имсолаи одамони сарватманди ҷаҳон дар ҷойи аввал қарор дорад. Дороии  ӯ ба 85 миллиард доллар мерасад. Дар ҷойи дувум  асосгузори ширкати ‘’Microsoft’’  Билл Гейтс меистад, ки дороии ӯ нисбати Ортега 200 миллион камтар аст.
Амансио Ортега аллакай бори сеюм аст, дар ин мақом қарор мегирад. Моҳи гузашта (декабри соли 2017)  боигарии асосгузори ‘’Zara’’  ба 1,2 миллиард поён фаромад. 
Дар ин ҳол, дороии Билл Гейтс ва асосгузори ‘’Amazon’’ Ҷефр Везос  низ кам гашт. Ба ҷуз Ортега, Гейтс ва Безос ба рӯйхати 5 - гонаи одамони сарватманди ҷаҳон сармоягузор Уоррен Баффет ва асосгузори ширкати ‘’Facebook’’  Марк Сукерберг шомил гаштаанд.
Таҳияи М. ХОЛМУРОДОВА


НИРАГОНГО ВУЛҚОНИ  ХАТАРНОКТАРИНИ ҶАҲОН
Вулқони Нирагонго яке аз хатарноктарин танӯраи оташфишон дар ҷаҳон ба шумор меравад, ки ҳангоми фаъол гардиданаш метавонад, садҳо манзили зистро несту нобуд намояд.
Вулқони мазкур дар Африқо, дар Ҷумҳурии Конго ҷойгир аст. Ҷамъи гудозаи вулқон, ки наздики 8 миллион метри мукааб арзёбӣ мешавад, то ҳол аз ҷониби мутахассисон ба таври кофӣ омӯхта нашудааст. Дар масофаи начандон дуртар аз вулқон шаҳри Гома воқеъ мебошад, ки дар он зиёда аз 1 миллион нафар зиндагӣ мекунад. Олимон ба хулосае омадаанд, ки наҷотбахшон бояд барои ба ҷои бехавф интиқол додани аҳолии нуқтаҳои маъмурӣ ва рустоҳо дар ҳолати омодабош қарор бигиранд. Сели гудозаи вулқони Нирагонго, ки пайваста фаввора мезанад, метавонад Гомаро маҳв кунад.
Мутахассиси сейсмология Дарио Тедеско, ки муддати 15 соли охир ба омӯзиши Нирагонго машғул аст, диққати ҷомеаи илмиро ба ин мушкилӣ ҷалб кардааст. Ӯ иброз менамояд: «Шубҳае нест, ки оташфишонӣ дар ояндаи наздик рӯй хоҳад дод. Олим қайд кардааст, ки Нирагонго аллакай соли 2002 - ум сабаби садама гашта буд». Он замон вулқон 14 ҳазор биноро валангор намуда, 350 ҳазор сокин маҷбур шуд, ки манзилҳои зисташонро тарк кунанд.
Таҳияи А. ШАҲБОЗ


АСРОРИ ҚАРНҲО «ШАРШАРАИ  ХУНИНРАНГ»
Дар табиат муъҷизаҳое мавҷуданд, ки дидан ва ё шунидани онҳо инсонро ба ҳайрат меорад. «Шаршараи хунинранг», ки аз пиряхи Тейлор ба Антарктида ҷорист, ба ин зумра  шомил мебошад. Ранги ин шаршара ғайриодӣ буда, дар таркибаш хеле зиёд оксиди оҳан дорад. Обаш басо шӯр аст ва аз тарқиши начандон калони пиряхи Тейлор мебарояд. Манбаи «Шаршараи хунинранг» кӯле, ки чанд километр дуртар аз он воқеъ аст ва ғафсии сатҳи яхаш 400 метрро ташкил медиҳад, маҳсуб мегардад.
Шӯрии оби ин кӯл аз шӯрии оби уқёнусҳои олам чор баробар зиёд буда, ҳатто дар 10 дараҷаи зери сифр ҳам ях намебандад.
Таҳқиқоти тозаи анҷомдодаи олимони амрикоӣ аз он далолат медиҳад, ки оби сурхранги аз шаршара меомада дар умқи зери пирях мавқеъ дорад ва синнаш бештар аз як миллион сол мебошад.
Бо вуҷуди он, ки ин назар бовар накарданист, об ҳангоми ях бастан аз худ гармӣ хориҷ менамояд ва яхи сарди атрофро об мекунад.
Таҳияи
Раҷабалӣ ИСМАТУЛЛОЕВ

РУСТАНИҲОИ АҶИБИ ДУНЁ
Рустаниҳои ҳашаротхӯр
Дар боғҳои ботаникии ҷаҳон рустаниҳои дарранда бисёранд. Ҳамаи онҳоро як чиз муттаҳид месозад - усули шикор. Ин навъи рустаниҳо  бо бӯяшон  ҳашаротро ба худ ҷалб мекунанд. Ҳашарот ба дохили гул, ки он аз моеъ пур аст, медарояд ва мунтазам об шуда, ба қотили худ ғизо  дода, як умр он ҷо мемонад.

Нилуфари Виктория
Дар боғи  Кю (Лондон)  ва Боғи  ботаникии  Ню - Йорк парвариш карда мешавад. Ин намуди нилуфар, ки ватанаш обанборҳои на он қадар чуқури  ҳавзаи  Амазонка  мебошад, ба шарафи малика  Виктория  номгузорӣ  шудааст. Баъзе баргҳои рустании азим то 3  метр  қутр доранд ва дар худ то 40 килограмм борро мебардоранд. Аҷибаш ин, ки  гулҳои нимметраи он рӯзи якум сафеданд, вале баъди шаби якум ранги гулобиро мегиранд.
Таҳияи  Фарзона  ФАЙЗАЛӢ


КОРНАМОИҲОИ ҒАЙРИОДИИ ИНСОНҲОИ ОДӢ
4. Ҳесус Гарсия
Корнамоии Ҳесус Гарсияи мексикоӣ аз ёдҳо ҳаргиз фаромӯш нахоҳад шуд. Ӯ дар хатсайри қатораи роҳи оҳани Накозари, Сонора ва Дуглас ба ҳайси кондуктор фаъолият мекард.
7 ноябри соли 1907 яке аз қатораҳо, ки моддаи тарканда дошт, оташ гирифт. Ҳесус Гарсия дарҳол қатораи оташгирифтаро ба самти бехатар ронд ва он шаш километр дуртар аз шаҳри Накозари таркид. Бар асари таркиш ӯ  ҷони хешро бохт, вале шаҳрро аз фоҷиаи ногузир наҷот дод. Ба хотири ин корнамоияш, шаҳрро ба номи ӯ – Накозари де Гарсия гузоштанд.
Таҳияи Ш. ШОКИРОВ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 12.01.2018    №: 10    Мутолиа карданд: 341

16.10.2018


Тасдиқи нақшаи чорабиниҳо оид ба шинондани ниҳолҳо

Мунтахаби Тоҷикистон дар мусобиқаи "Bangabandhu Gold Cup" ҷои дувумро гирифт

БОЗИҲОИ ОЛИМПИИ НАВРАСОН. Мо соҳиби медал шудем

10.10.2018


Ҷаласаи Шӯрои вазирони мудофиаи кишварҳои узви ИДМ баргузор мешавад

Таҳкими ҳамкориҳои Бонки миллии Тоҷикистон ва БАТР

Дар Душанбе Фестивали байналмилалии «Чакан» доир мегардад

СУҒД. Бунёд ва таъмири 110 иншооти фарҳангӣ

РАШТ. Сохтмони 140 иншоот

РОШТҚАЛЪА. Вусъати созандагӣ

“SLOW FOOD”. Муаррифии гулмоҳии амударёӣ ва оши палов

МУНТАХАБИ ТОҶИКИСТОН ДАР ФИНАЛИ МУСОБИҚАИ "BANGABANDHU GOLD CUP"

09.10.2018


БАЛҶУВОН. Рӯ ба рушд

РАШТ. Авлавият ба ҳифзи муҳити зист

ТАНЗИМ. Қонуншиканон 25 ҳазор сомонӣ ҷарима шуданд

Сипоси сарвари ОПЕК Муҳаммад Баркиндо аз Владимир Путин

Сарони Россия ва Ӯзбекистон ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ карданд

Неруҳои эътилофи байналмилалӣ дар Афғонистон амнияти интихоботро таъмин месозанд

Лондон зери об мемонад?

Ҷаҳон дар як сатр

08.10.2018


Даҳ соли минтақаҳои озоди иқтисодӣ

ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ. Мунтахаби Тоҷикистон – барандаи медалҳои нуқра

ДЗЮ-ДО. Натиҷаҳо аз Ҷоми Президенти Тоҷикистон

"ПАЛАНГИ ТИЛЛОӢ". Ғалабаи Ҷомӣ Ҳасанов

Сафари расмии Владимир Путин ба Ҳиндустон

Трамп ба вохӯрияш бо Путин дар Хелсинки баҳои баланд дод

Дар Туркия ҳамоиши чорҷониба оид ба Сурия баргузор мегардад

Селфи бо марг бозӣ кардан аст

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ. Футболбозони навраси тоҷик дар финал

04.10.2018


Анҷоми озмуни. “Маҳалла ва ташкилоти беҳтарин” дар Бохтар

КОНИБОДОМ. Деҳқонон ғолиби мусобиқа

Баргузории фестивали “Оши палов”

ТАНДУРУСТӢ. Назорат пурзӯр мешавад

Як мулоқоти муҳим


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед