logo

сиёсат

ПАЁМ. МАРҲИЛАИ НАВИ РУШДИ МУНОСИБОТ БО ҶАҲОНИ МУОСИР

Дар Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ самтҳои асосии сиёсати хориҷӣ ҳамаҷониба таҳлил шуданд. Пешвои миллат дурустӣ, воқеӣ ва судовар будани сиёсати «дарҳои кушода» - ро, ки меҳвари аслии муносибатҳои мо бо ҷаҳони муосир мебошад, таъкид карданд. Зеро ин сиёсат тавонист, ки доираи шарикони стратегиро афзоиш дода, барои таъмини фаъолнокии кишварамон дар созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ заминаи мусоидро фароҳам оварад.
Зимни ироаи Паём ба самтҳои асосии сиёсати хориҷӣ диққати махсус зоҳир гардид, ки минбаъд дар сиёсати байналмилалии кишвар мақоми хос доранд:
Якум, дар сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷониба бо кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Осиёи Марказӣ мавқеи хос дорад. Тавре маълум, соли 2018 Ҷумҳурии Тоҷикистон раёсати ИДМ - ро ба уҳда дорад ва чунонки Пешвои миллат қайд намуданд, «…мулоқоти сарони давлатҳо ва ҳукуматҳои кишварҳои аъзо соли оянда дар Тоҷикистон аз муҳимтарин чорабиниҳои раёсати мо арзёбӣ мегардад...».
Дуюм, 22 марти соли 2018 дар Рӯзи ҷаҳонии об раванди татбиқи ташаббуси нави глобалии Тоҷикистон – Даҳсолаи байналмилалии амал "Об барои рушди устувор, 2018 - 2028" расман оғоз мегардад. Вобаста ба ин, дар мамолики гуногуни ҷаҳон, аз ҷумла кишвари мо, чорабиниҳои муҳим баргузор мешаванд. Баргузории чорабинии мазкур дар мамлакати мо, пеш аз ҳама, имиҷи Тоҷикистонро ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун кишвари ташаббускору башардӯст муаррифӣ менамояд. Гузашта аз ин, дар Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ баргузор гардидани чорабиниҳои сатҳи байналмилалӣ шароит фароҳам меорад, ки имкониятҳои сайёҳӣ ва ҳунарҳои милливу мардумӣ тарғибу ташвиқ шаванд.
Сеюм, соли 2018 ҷаласаи сарони ҳукуматҳои кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор хоҳад гашт, ки аз ҷониби Пешвои миллат хеле муҳим арзёбӣ гардид. Вақтҳои охир дар гӯшаҳои гуногуни олам нооромиҳо торафт паҳн шуда, таҳдиду хатарҳои глобалӣ имрӯз тамоми кишварҳои ҷаҳонро нигарон кардаанд. Махсусан, терроризму ифротгароӣ ва тундгароии хушунатомез дар баъзе кишварҳои узви созмони мазкур ба вуқӯъ пайваста истодаанд. Бинбар ин, аъзои созмони мазкурро зарур аст, ки ба хотири таъмини суботу оромӣ ҳамкориҳои амниятиро тақвият бахшанд.
Чорум, ҳамкориҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистон бо кишварҳои Осиё, мисли Ҷумҳурии Мардумии Чин, ҷумҳуриҳои Афғонистон, Эрон, Покистон, Туркия, Ҳиндустон, Ҷопон, Корея ва ғайра дар сиёсати хориҷӣ авлавият доранд. Мо имрӯз бо аксари ин кишварҳо дар доираи ҳамкориҳои сиёсиву амниятӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангиву илмӣ як қатор қарордоду шартномаҳоро ба имзо расондаем. Чуноне ки Пешвои миллат қайд намуданд, минбаъд низ ҳамкориҳоро дар чунин рӯҳияи созанда бо ҳамаи кишварҳои Осиё идома хоҳем дод.
Панҷум, тавре Пешвои миллат таъкид намуданд, Тоҷикистон хостори барқарор шудани сулҳу субот дар Афғонистон буда, аз ҷомеаи ҷаҳонӣ даъват ба амал меорад, ки барои дастгирии рушди иҷтимоиву иқтисодӣ ва беҳтар намудани вазъи амниятии ин кишвар кумакҳои амалии худро бештар афзоиш диҳанд. Барқарор шудани сулҳу оромӣ дар ин кишвар на танҳо барои минтақаи Осиёи Марказӣ, балки барои кишварҳои минтақаи Аврупову Амрико низ хеле муҳим мебошад.
Шашум, Тоҷикистон кӯшиш менамояд, ки ҳамкориҳои судмандро бо кишварҳои Аврупо ва Амрико минбаъд низ тақвият диҳад. Имрӯз ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ин кишварҳо дар самти дуҷониба ва бисёрҷониба чандин шартномаҳои байниҳукумативу байнипарлумонӣ амалӣ гардида истодаанд. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар чи бештар ҳамкории илмӣ, иқтисодӣ ва сиёсии худро бо кишварҳои минтақаи мазкур тақвият бахшида, ҷалби сармояи хориҷӣ дар соҳаҳои энергетика ва ҷалби мутахассисони баландихтисосро ба соҳаҳои низоми бонкӣ ва маориф ба роҳ монад.
Ҳафтум, масъалаи дигаре, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти сиёсати хориҷӣ таъкид намуданд, ин фаъол намудани муносибат ва ҳамкориҳо бо кишварҳои ҷануби Африқо ва Амрикои Лотинӣ ба шумор меравад.
Ҳамин тавр, Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ самтҳои асосии сиёсати хориҷии мамлакатро матраҳ ва дар навбати худ фаъолияти ниҳодҳои давлатӣ ва, умуман, ҷомеаи моро барои як марҳалаи томи оянда муайян намуд. Иҷрои саривақтии дастуру ҳидоятҳои дар он зикршуда ба рушди устувори мамлакат ва фардои дурахшони кишвар такони ҷиддӣ хоҳад бахшид.

Табассум АЗИМЗОДА,
мутахассиси пешбари раёсати таҳлил ва ояндабинии сиёсати хориҷии
Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 12.01.2018    №: 10    Мутолиа карданд: 365

17.10.2018


РАШТ. Гусели 40 нафар ба хизмати ҳарбӣ

ТОҶИКОБОД. Ду коргоҳи нав дар хизмати сокинон

Вусъати омодагиҳо дар ноҳияи Спитамен

НОҲИЯИ РӮДАКӢ. 414 иншоот бунёд меёбад

ВАРЗИШГАРОНИ ТОҶИК ДАР ҚУВВАОЗМОИИ ҶАҲОНӢ

Бозиҳои олимпии наврасон. МЕДАЛИ НУҚРАИ БЕЖАН

16.10.2018


Тасдиқи нақшаи чорабиниҳо оид ба шинондани ниҳолҳо

Мунтахаби Тоҷикистон дар мусобиқаи "Bangabandhu Gold Cup" ҷои дувумро гирифт

БОЗИҲОИ ОЛИМПИИ НАВРАСОН. Мо соҳиби медал шудем

10.10.2018


Ҷаласаи Шӯрои вазирони мудофиаи кишварҳои узви ИДМ баргузор мешавад

Таҳкими ҳамкориҳои Бонки миллии Тоҷикистон ва БАТР

Дар Душанбе Фестивали байналмилалии «Чакан» доир мегардад

СУҒД. Бунёд ва таъмири 110 иншооти фарҳангӣ

РАШТ. Сохтмони 140 иншоот

РОШТҚАЛЪА. Вусъати созандагӣ

“SLOW FOOD”. Муаррифии гулмоҳии амударёӣ ва оши палов

МУНТАХАБИ ТОҶИКИСТОН ДАР ФИНАЛИ МУСОБИҚАИ "BANGABANDHU GOLD CUP"

09.10.2018


БАЛҶУВОН. Рӯ ба рушд

РАШТ. Авлавият ба ҳифзи муҳити зист

ТАНЗИМ. Қонуншиканон 25 ҳазор сомонӣ ҷарима шуданд

Сипоси сарвари ОПЕК Муҳаммад Баркиндо аз Владимир Путин

Сарони Россия ва Ӯзбекистон ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ карданд

Неруҳои эътилофи байналмилалӣ дар Афғонистон амнияти интихоботро таъмин месозанд

Лондон зери об мемонад?

Ҷаҳон дар як сатр

08.10.2018


Даҳ соли минтақаҳои озоди иқтисодӣ

ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ. Мунтахаби Тоҷикистон – барандаи медалҳои нуқра

ДЗЮ-ДО. Натиҷаҳо аз Ҷоми Президенти Тоҷикистон

"ПАЛАНГИ ТИЛЛОӢ". Ғалабаи Ҷомӣ Ҳасанов

Сафари расмии Владимир Путин ба Ҳиндустон

Трамп ба вохӯрияш бо Путин дар Хелсинки баҳои баланд дод

Дар Туркия ҳамоиши чорҷониба оид ба Сурия баргузор мегардад

Селфи бо марг бозӣ кардан аст

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед