logo

фарҳанг

ХАНДАИ БАХТ. ДАР БОРАИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ

Ҳар боре гузорам ба шаҳри Кӯлоб афтад, пеш аз ҳама, аз ду нафар ёд мекунам. Аз апаи Фарзона Шодмонова, ки ба қавле даҳ ангушташ ҳунар асту дар чеварӣ дасти даҳҳо бонуро рост кардааст. Дигаре амаки Аҳмад Тешаев. Миёни мардуми шаҳр кам иттифоқ меафтад, ки нафаре ӯро надонад. Зеро дар ҳар хонадон чун тифле чашм ба дунё кушоду дар фикри гаҳвора шаванд, аввал ҳамин устои машҳурро ба хотир меоранд.
Аммо ин дафъа барои «хандидани бахт»-и онҳо ва ҷумла ҳунармандони кишвар шод гаштам. Магар бахт нест, ки худи Пешвои муаззами миллат дар Паёми хеш дар баробари сайёҳӣ рушди ҳунарҳои мардумиро муҳимтарин вазифаи мақомоти давлатӣ дар соли равон эълом доштанд?  Ва ин дар ҳоле ки дастгирию ғамхории давлату Ҳукумат аз ҳунарҳои мардумӣ сол ба сол бештар гашта, басо касбу ҳунари волои фаромӯшшуда аз нав эҳё гардид. Дар кулли шаҳру навоҳӣ, аз ҷумла дар Кӯлоб бо ибтикори аҳли ҳунар ва соҳибкорон, дастгирии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ корхонаҳои гуногуни ҳунарҳои мардумӣ арзи ҳастӣ карданд. Онҳо, на танҳо занону духтарони боистеъдодро гирд оварданд, балки боиси ташкили ҷойҳои нави корӣ ва маоши хуб ҳам шуданд. Яъне, аз пайи ҳунарҳои мардумӣ рафтан барои аксар воситаи рӯзгори шоиста ҳам гардид.
Ҳамагон бояд аз Пешвои муаззами миллат сидқан сипосгузор бошем, ки ин ҳама дастгириҳо аз ҳунармандони мардумиро ҳанӯз ҳам кам шумурда, мехоҳанд барои рушди санъату маҳорати онҳо заминаи боз ҳам хубтар фароҳам оварда шавад. Ҳанӯз ҳам дар гӯш ин суханашон садо медиҳад: «Бо мақсади тараққӣ додани соҳаи сайёҳӣ, муаррифии шоистаи имкониятҳои сайёҳии мамлакат ва фарҳанги миллӣ дар арсаи байналмилалӣ, инчунин ҷалби сармоя ба инфрасохтори сайёҳӣ, пешниҳод менамоям, ки соли 2018 дар кишвар Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон карда шавад».
Агар амиқтар мулоҳиза кунем, дар назди Фарзона - апа, Аҳмад - амак ва ҳамкасбону ҳаммаслакони онҳо Сарвари давлат вазифаи нав мегузоранд: аз ин ба баъд он чӣ бо дастони ҳунармандони тоҷик офарида мешавад, бояд дар арсаи байналмилалӣ фарҳанги миллиямонро муаррифӣ карда тавонад.
Дар соли 2018 ду соҳаро тавъам рушд додан боз як мисоли барҷастаи дурандешии Сарвари давлат мебошад. Яъне, пеш аз ҳама, дар худи ҷумҳурӣ ташкил кардани бозори фурӯши маҳсулоти мардумӣ ва ба он ҷалб намудани сайёҳони хориҷӣ.
Аз ин рӯ, бо итминони комил метавон гуфт, ки бо он ҳама имтиёзҳои наве, ки аз ҷониби Ҳукумати ҷумҳурӣ манзур шудааст, соли равон ҳам барои туризм ва ҳам барои ҳунарҳои мардумӣ соли ниҳоят бобарор хоҳад шуд.
Сарвиноз ШОДМОНОВА, 
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 15.01.2018    №: 11    Мутолиа карданд: 215

10.10.2018


Ҷаласаи Шӯрои вазирони мудофиаи кишварҳои узви ИДМ баргузор мешавад

Таҳкими ҳамкориҳои Бонки миллии Тоҷикистон ва БАТР

Дар Душанбе Фестивали байналмилалии «Чакан» доир мегардад

СУҒД. Бунёд ва таъмири 110 иншооти фарҳангӣ

РАШТ. Сохтмони 140 иншоот

РОШТҚАЛЪА. Вусъати созандагӣ

“SLOW FOOD”. Муаррифии гулмоҳии амударёӣ ва оши палов

МУНТАХАБИ ТОҶИКИСТОН ДАР ФИНАЛИ МУСОБИҚАИ "BANGABANDHU GOLD CUP"

09.10.2018


БАЛҶУВОН. Рӯ ба рушд

РАШТ. Авлавият ба ҳифзи муҳити зист

ТАНЗИМ. Қонуншиканон 25 ҳазор сомонӣ ҷарима шуданд

Сипоси сарвари ОПЕК Муҳаммад Баркиндо аз Владимир Путин

Сарони Россия ва Ӯзбекистон ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ карданд

Неруҳои эътилофи байналмилалӣ дар Афғонистон амнияти интихоботро таъмин месозанд

Лондон зери об мемонад?

Ҷаҳон дар як сатр

08.10.2018


Даҳ соли минтақаҳои озоди иқтисодӣ

ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ. Мунтахаби Тоҷикистон – барандаи медалҳои нуқра

ДЗЮ-ДО. Натиҷаҳо аз Ҷоми Президенти Тоҷикистон

"ПАЛАНГИ ТИЛЛОӢ". Ғалабаи Ҷомӣ Ҳасанов

Сафари расмии Владимир Путин ба Ҳиндустон

Трамп ба вохӯрияш бо Путин дар Хелсинки баҳои баланд дод

Дар Туркия ҳамоиши чорҷониба оид ба Сурия баргузор мегардад

Селфи бо марг бозӣ кардан аст

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ. Футболбозони навраси тоҷик дар финал

04.10.2018


Анҷоми озмуни. “Маҳалла ва ташкилоти беҳтарин” дар Бохтар

КОНИБОДОМ. Деҳқонон ғолиби мусобиқа

Баргузории фестивали “Оши палов”

ТАНДУРУСТӢ. Назорат пурзӯр мешавад

Як мулоқоти муҳим

НБО - и "РОҒУН". Корҳои сохтмонӣ вусъат мегиранд

Сафари варзишгарони тоҷик ба Буэнос - Айрес

ТОҶИКОБОД. 31 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед