logo

иқтисод

СУҒД. МУНОСИБАТ БО ГАРМХОНАҲО БЕҲБУДӢ МЕХОҲАД!

Иқлими Тоҷикистон имкон медиҳад, ки аҳолӣ тамоми фаслҳои сол доим бо сабзавоти тару тоза таъмин бошаду аз ҳисоби содироти он манфиати хуби иқтисодӣ ба даст ояд. Мутаассифона, мушоҳидаву таҳлилҳо аз он бозгӯйӣ доранд, ки дар ин самт ноҷӯриву камбудиҳо ҳанӯз зиёданд. Хулосаву шарҳи масъулини соҳаи кишоварзии вилоят дар масъалаи парвариши сабзавоти барвақтиву кабудиҳои гармхонаҳои бунёдёфта  дар атрофи 24 - 25 гектар замин аст, ки чанд соли охир қариб тағйир намеёбад. Баъдан, гаронии нархи сабзавоти тару тоза (ҳоло дар бозорҳои маркази вилоят помидор 18-20 ва аз ин ҳам болотар, бодиринг ва қаланфури булғорӣ 8-12 сомонӣ арзиш доранд) аз басандаву  самаранок набудани кори гармхонаҳои вилоят гувоҳӣ медиҳад.  Бино ба  иттилои Хайрулло Бобозода, сардори сарраёсати кишоварзии вилоят, миқдори умумии истеҳсоли помидору бодиринг дар ҳамаи навоҳии вилоят ҳамагӣ 8 тоннаро ташкил медиҳаду халос.
Дар ҷараёни баргузории маҷлиси фаъолони вилоят фаъолияти сусти гармхонаҳои шаҳру навоҳӣ таъкид гардида, пешниҳод шуд, ки мақомоти вилоят ба соҳибкорони хохишманд ҷиҳати бунёди гармхонаҳо бе мушкилӣ қитъаи замин ҷудо кунад.
Аз рӯи мушоҳида ва таҳлилҳо, танҳо  дар ноҳияи Мастчоҳ аз гармхонаҳои мавҷуда то андозае самаранок истифода бурда, ба бозори вилоят маҳсулоти тару тоза  ворид карда мешаваду бас. Вазъ дар дигар шаҳру навоҳӣ беҳбудиро тақозо менамояд. Таҷрибаҳо собит сохтаанд, ки бо ташкили гармхонаҳо ва оқилона ба роҳ мондани парвариши сабзавот метавон ҳам манфиати хуби иқтисодӣ бардошту ҳам ба таъсиси садҳо ҷойҳои нави корӣ муваффақ шуд. Барои ин масъулиятшиносӣ ва ҳавсала зарур аст.
Ҷовиди АШТӢ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 15.01.2018    №: 11    Мутолиа карданд: 458
14.07.2020


ТОҶИКИСТОН. ШУМОРАИ ШИФОЁФТАГОН АЗ КОРОНАВИРУС БА 80 ДАРСАД РАСИД

ХУҶАНД. КОРХОНАИ «СОМОН ГУРӮҲ» БА ФАЪОЛИЯТ МЕПАРДОЗАД

200 000 СОМОНӢ КУМАКИ БОБОИ МУҲИБ БА ТАБИБОНИ РАШТ

ЭНЕРГЕТИКА. НИЗОМИ МУОСИРИ НАЗОРАТ ВА ҲИСОБИ НЕРУИ БАРҚ

НИГАРОНӢ! 25 ҲОЛАТИ МАЙДААВБОШӢ ДАР ЯК РӮЗ

ВАЗОРАТИ АДЛИЯ БА 3916 ШАҲРВАНД ЁРИИ ҲУҚУҚИИ РОЙГОН РАСОНД

ЗАМИНА БА ТУХМИПАРВАРИИ ИБТИДОӢ

ТАДБИРҲОИ ЗАРУРӢ БАРОИ РАФЪ СОХТАНИ МУШКИЛИҲО

“ДАСТ БА ДАСТ”. ФАРДО АЗ ИМРӮЗ БЕҲТАР ХОҲАД БУД

ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲО «МАНЧЕСТЕР СИТИ» ДАР ОН МЕМОНАД

РОССИЯ КАРАНТИНИ ҲАТМӢ БАРОИ ВОРИДШУДАҲОРО БЕКОР КАРД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ТОҶИКИСТОН. 5228 ГИРИФТОРИ БЕМОРИИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

ҚОҲИР РАСУЛЗОДА ДАР НОҲИЯИ ШАМСИДДИН ШОҲИН ВА ШАҲРИ КӮЛОБ

ЁРӢ БА МУАССИСАҲОИ ТАНДУРУСТИИ ВМКБ

ТОҶИКОБОД. ҶАМЪОВАРИИ КАРТОШКАИ БАРВАҚТӢ

ВМКБ. ВУСЪАТИ КОРҲОИ СОХТМОНӢ

ЧЕМПИОНАТИ ТОҶИКИСТОН – 2020. "ИСТИҚЛОЛ" МАРҲИЛАИ АВВАЛРО ДАР САДРИ ҶАДВАЛ ХАТМ КАРД

РОССИЯ ДАР ҶАҲОН НАХУСТИН ШУДА ОЗМОИШИ ВАКСИНАИ COVID - 19-РО АНҶОМ ДОД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

10.07.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ COVID – 19 БОЗ 56 КАС ШИФО ЁФТ

41 000 СОМОНӢ БАРОИ МУБОРИЗА БО COVID – 19

ҚОҲИР РАСУЛЗОДА АЗ ШАҲРИ НОРАК ВА НОҲИЯИ ЁВОН ДИДАН НАМУД

ХОРУҒ. РӮ БА РУШД

ҶОМИ КФО – 2020. БОЗИҲОИ МАРҲИЛАИ ГУРӮҲӢ ДАР ТОҶИКИСТОН ДОИР МЕШАВАД?

09.07.2020


ТОҶИКИСТОН. ШУМОРАИ ШИФОЁФТАГОН АЗ COVID – 19 АЗ 5000 ГУЗАШТ

«ОИЛА, КӮЧА, МАҲАЛЛА, ДЕҲА, ДЕҲОТ ВА ШАҲРАКИ БЕҲТАРИН». ОЗМУНЕ, КИ СОКИНОНИ СУҒДРО БА ОБОДОНӢ ТАЛҚИН МЕКУНАД

ДУШАНБЕ. ТАҲТИ РАЁСАТИ АЗИМ ИБРОҲИМ ҶАЛАСАИ КОРӢ БАРГУЗОР ШУД

ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. КОРҲОИ ФАҲМОНДАДИҲӢ САМАР ДОРАНД

«ОВОЗИ САМАРҚАНД» КИТОБҲОИ ХУДРО РӮНАМОӢ КАРД

ВАНҶ. ОБ АСТ, КИ ОБОДИСТ

ТАБИБОНИ ЛАХШ: «ҒАМХОРИҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА МО НЕРУ МЕБАХШАД»

ФУТЗАЛ. БОЗИИ СУПЕРҶОМИ ТОҶИКИСТОН – 2020 КАЙ БАРГУЗОР МЕГАРДАД?

ТАЪКИДИ СИ ҶИНПИН АЗ ЗАРУРАТИ ҲАМКОРИИ ГУСТУРДАИ ЧИНУ РОССИЯ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед