Хабарҳо
Ҷаҳон дар як сатр
АИР Новости. «Дар Кобул ба ҳудуди сафорати Ҳиндустон мушаки идоранашаванда афтид», - гуфт намояндаи расмии Вазорати корҳои хориҷии ин мамлакат Равиш Кумар.
Gazeta.ru. Моҳҳои январ - ноябри соли гузашта содироти мол аз Иттиҳоди Аврупо ба Русия 20,2 дарсад афзуда, ба 79,8 миллиард евро, воридот аз Русия бошад, 23,4 дарсад зиёд шуда, ба 132 миллиард евро расид.
Kommersant.ru. Тӯли панҷ соли охир хисорот аз ҷиноятҳои вобаста ба андоз дар Русия беш аз 220 миллиард рублро ташкил дод.
CNBC. Консерни аврупоии ҳавопаймосозии "Airbus" дар рақобати анъанавӣ бо ширкати машҳури амрикоии "Boeing" пешдастӣ карда, порсол барои сохтани 1109 тайёра фармоиш гирифт, рақибаш бошад, ҳамагӣ 912 фармоиш.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 390