logo

фарҳанг

“АФСОНА”. ТАЪСИСИ ТЕАТРИ НАВ ДАР ҚӮРҒОНТЕППА

Аввалин бор дар маркази маъмурии  вилояти Хатлон - шаҳри Қӯрғонтеппа театри лӯхтак таъсис ёфт. Ин сеюмин театри лӯхтак дар Тоҷикистон буда, дар ҳошияи Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ба хотири гиромидошт ва рушди ҳунармандӣ ва тарбияи завқи зебоипарастии кӯдакону наврасон созмон дода шуд.
Сарварии Муассисаи давлатии “Театри вилоятии лӯхтаки “Афсона” – ро Хайрулло Давлатов ба зимма дорад. Х. Давлатов яке аз рассомони пуркор ва муваффақи театр мебошад, ки ҳамвора дар саҳифаҳои матбуоти даврӣ бо карикатураҳои ҷолиб ва филмҳои кишвар ба сифати рассому таҳиягару бозигар ширкат меварзад. Ӯ  37 сол дар Театри вилоятии мазҳакаи мусиқии ба номи Ато Муҳаммадҷонов кор кардааст. Нухустин асарҳои арӯсакии хешро низ дар саҳнаи ҳамин театр таҳия намудааст.
Ба қавли ӯ идеяи ифтитоҳи театри лӯхтак дар шаҳри Қӯрғонтеппа ҳанӯз ду сол қабл, зимни баргузории Фестивали байналмилалии “Чодари хаёл” рӯ зада буд. “Ҳарчанд ки бо ду ҳамроҳам он замон мустақиман ҳунарнамоӣ карда будем, дар фестивал кори моро хуб қабул намуданд. Ба рӯйи саҳна овардани якбора 6 лӯхтак ва дар он ҳамвора адо кардани вазифаҳои ҳунарпеша, басаҳнагузоранда ва рассом хеле мушкил буд. Мо бо намоиши худ ҳамтоёни хориҷиамонро мутаассир кардем.  Бинобар ин, ба намояндагони вилояти Хатлон пешниҳод шуд, ки дар асоси дастаи мо дар вилоят театри лӯхтак таъсис дода шавад”, - афзуд Х. Давлатов.
Театр аллакай барномаи худро дорад, ки ба он асарҳои “Подоши амал” - и Абдураҳим Абдураҳмонов, “Кори савоб” ва “Беранҷ наёби ганҷ” - и Хайрулло Давлатов шомил мебошанд. Шумораи ҳунармандони театри навтаъсис, ки тавассути озмун ба кор қабул шуда истодаанд,  26 нафарро ташкил хоҳад дод.
Омода намудани намоишҳои нав ва тайёрӣ ба фестивали “Чодари хаёл” аз вазифаҳои муҳимтарини дастаи ҳунарӣ дар ҳолати кунунӣ мебошанд.  Умед аст, ки театр дар фазои театрии кишвар  мавқеи муҳим пайдо намуда, дар тарбияи зебоипарастии наврасону кӯдакон саҳми босазо мегузорад.
Зокир ҲАСАН, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 16.01.2018    №: 12-13    Мутолиа карданд: 392

18.01.2019


Таҳдидҳои асосӣ ба иқтисоди ҷаҳонӣ номбар шуданд

Гумонбари омодасозии ҳамла ба Қасри сафед ба даст афтод

Дар Чин қаллобонро барои фиреб ҳабси абад карданд

29 миллион сом зарари собиқадорони сохта

Ҷаҳон дар як сатр

17.01.2019


Тамдиди шартномаи ФФТ бо "Сомон Эйр"

60 ДАРАҶА ХУНУКӢ ВА ДАВИ 50 - КИЛОМЕТРАИ ЭКСТРЕМАЛИ МОЛДАВӢ

16.01.2019


Пирӯзии мунтахаби Тоҷикистон бар Эрон

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Роҳандозии моратории дусола дар Тоҷикистон

Нақшаи Brexit дар парламенти Британия рад карда шуд

Кремл роҳи ҳалли буҳрони Украинаро пешниҳод намуд

Ифтитоҳи онлайн-донишгоҳ барои гурезаҳо дар Италия

15.01.2019


Ҷаласаи ҷамъбастӣ таҳти раёсати муовини Сарвазири мамлакат

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Абдулазиз Комилов

Ёдгор Файзов: «Соли 2018 соли таҳкими волоияти қонун дар Бадахшон буд»

ХУҶАНД. 1548 медали варзишгарон дар як сол

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Созишномаи сулҳ – мавзӯи асосии мулоқоти Путин ва Абэ хоҳад шуд

Савдои хориҷии Чин соли 2018 натиҷаи рекордӣ нишон дод

Дар Алмаато гурӯҳи хориҷиёни террорист боздошт шуд

То соли 2024 аҳолии Қирғизистон бо оби ошомиданӣ пурра таъмин мешавад

10.01.2019


Дар Саразм осорхона ва меҳмонхонаи замонавӣ бунёд мешаванд

Вохӯрии Парвиз Давлатзода бо Владимир Норов

Ҷаласаи Шӯрои кор бо ҷавонон

“ГАНҶИ СУХАН” – маҳфили адибпарвар

РӮШОН. Ифтитоҳи маркази дуошёнаи савдо

Муҳаммад Салоҳ – беҳтарин футболбози Африқо

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Самарқанд мизбони нахустмулоқоти «Ҳиндустон – Осиёи Марказӣ»

Баргардондани 47 шаҳрванди Қазоқистон аз Сурия

Остона ба гузарондани Ҳамоиши ҷаҳонии туризми шаҳрӣ омодагӣ мегирад

Дар Беларус бори нахуст ҳукми қатл содир шуд

09.01.2019


Таҷлили 110 - солагии аллома Бобоҷон Ғафуров


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед