logo

ҳуқуқ

ҶИНОЯТ ва ҶАЗО

ҶАРИМАИ ҲАНГУФТ ё ҷазои директори ришваситон

Суди ноҳияи Рашт директори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 68 - и ноҳия Я. Толибов ва омӯзгори ҳамин муассиса Н. Эшоноваро бар асоси чанд моддаи Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор ҳисобида, ба миқдори калон ҷарима кард.
Тибқи иттилои маркази матбуоти Прокуратураи генералӣ, Я. Толибов барои ба Д. Асалзода - духтари омӯзгор Н. Эшонова додани аттестати ғайриқонунӣ айбдор мешавад. Ӯ бо истифода аз ваколатҳои мансабии худ моҳи августи соли 2015 ба ному насаби Асалзода Д.Т. ғайриқонунӣ  аттестат дар бораи таҳсилоти умумии асосӣ дода, дар иваз аз Н. Эшонова ба сифати пора 500 сомонӣ ба даст овардааст.
Директори мактаб дар идомаи амалҳои ҷинояткоронаи  худ моҳи январи соли 2017 бо таҳдиди аз вазифа озод намудани таъмиргари муассисаи мазкур А. Асрориддин бо роҳи тамаъҷӯӣ аз падари ӯ - А. Қуқанов 400  сомонӣ  талаб карда, гирифтааст.
Дар натиҷа бо ҳукми суд ба Я. Толибов ҷазо дар намуди ҷарима ба андозаи 3000 нишондиҳанда барои ҳисобҳо баробар ба 150000 сомонӣ ва ба Н. Эшонова ҷарима ба андозаи 2000 нишондиҳанда барои ҳисобҳо баробар ба 100 000  сомонӣ таъйин гардид.

ПОРА боз як комиссари ҳарбиро ба ҷавобгарӣ кашид
Маркази матбуоти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз боздошти Рустам Бурҳонов, комиссари ҳарбии Комиссариати ҳарбии минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон ба гумони талаби пора хабар дод.
Бино ба иттилои манбаъ, номбурда аз шаҳрванд «А» барои тайёр карда додани шаҳодатнома бар ивази билети ҳарбӣ 3000 сомонӣ талаб намудааст. Дар натиҷа, Рустам Бурҳонов рӯзи 6 январи соли ҷорӣ ҳангоми гирифтани маблағи талабшуда дар дафтари кориаш дастгир шуда, нисбат ба ӯ, тибқи моддаи 319 қисми 1 - и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишоти пешакӣ идома дорад.
 
КӮТОҲАНДЕШӢ. Моҷарои ду ҷавон бо марг анҷом шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд, муноқиша байни ду ҷавони 19-сола бо марг анҷом шуд.
Тибқи иттилои сомонаи ВКД, ин ҳодиса 8 январи соли ҷорӣ дар назди нуқтаи фурӯши сӯзишвории «Аорум ойл», воқеъ дар ҳудуди Ҷамоати деҳоти Унҷӣ рӯх дода, яке аз иштирокчиёни ҳодиса шадидан латукӯб шуда, дар беморхона ба ҳалокат мерасад.
Нафари дигар боздошт ва нисбат ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.
Шуъбаи ҳуқуқи рӯзномаи «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 16.01.2018    №: 12-13    Мутолиа карданд: 332

16.08.2018


Рӯзноманигорони ӯзбек меҳмони Тоҷикистон

15.08.2018


ЛЕВАКАНТ. Пастравии сатҳи ҷинояткорӣ дар байни ноболиғон

БАЛҶУВОН. Бунёди 14 иншоот

САНОАТ ДАР НОҲИЯИ МИР САЙИД АЛИИ ҲАМАДОНӢ КОҲИШ МЕЁБАД,ЧАРО?

КИШОВАРЗӢ ДАР НОҲИЯИ ТЕМУРМАЛИК АФЗАЛИЯТ ДОРАД

14.08.2018


ТОҶИКИСТОН – ҚАЗОҚИСТОН. Нахустҷаласаи Шӯрои корӣ ва ҳамоиши соҳибкорон

МАҚОМОТИ СУДӢ ВА ВАО. Иқдоме барои таҳкими ҳамкориҳо

"ЗЕБОНИСО". Аввалин чемпиони Тоҷикистон оид ба футбол миёни бонувон

ММТ: "Беш аз 50 ҳазор довталаб донишҷӯ шуд"

10.08.2018


Қабули нусхаи Эътимоднома аз сафири Туркманистон

Ҷаласаи Шӯрои ИДМ оид ба сайёҳӣ оғоз ёфт

Ҷаласаи Шӯрои марказии Ҷамъияти ихтиёрии мусоидат ба артиши ИДМ

Ҳамоиши тиҷоратии соҳибкорони Тоҷикистону Қазоқистон

ХАТЛОН. Нахустин форуми тиҷорати маҳсулоти боғдорӣ доир гардид

СУҒД. 90 ҳазор сомонӣ барои ғолибони озмуни "Маҳаллаи беҳтарин"

Семинари муфид

09.08.2018


Туҳфаи ФФТ ба варзишгарони Хоруғ

МАОРИФ. Имконияти нав ба як гурӯҳ довталабон

КӮЛОБ. Истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ афзудааст

Ғолибони ҷоизаи Зебунисо Рустамова муайян шуданд

07.08.2018


ДУШАНБЕ. Таъсиси ҷойҳои махсус барои забҳи чорво

Шӯрои сайёҳии давлатҳои аъзои ИДМ дар Душанбе

Пресс-тури рӯзноманигорони агентиҳои иттилоотии ИДМ

«Сомон Эйр». Роҳандозии парвозҳо ба самти Бухоро

Буҷети давлатӣ 2,4 миллиард сомонӣ афзуд

ММД. Афзоиши воқеии он 7,2 дарсадро ташкил дод

ММТ. “Пешномнависӣ” кори довталабро осон кард

Роҳхати 28 варзишгари дигар ба бозиҳои Осиё

06.08.2018


Вохӯрии Абдуҷаббор Раҳмонзода бо аҳли ҷомеаи Данғара

Аввалин гурӯҳи зоирони тоҷик ба Арабистони Саудӣ сафар кард

Душанбе. Ярмаркаҳои мактабӣ ташкил мешаванд

03.08.2018


Мулоқоти Абдуҷаббор Раҳмонзода бо сокинони шаҳри Кӯлоб

Боздиди Раҷаббой Аҳмадзода аз намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва маҳсулоти кишоварзӣ

Ҷамъбасти Намоишгоҳи якмоҳаи ҳунарҳои мардумӣ дар Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед