logo

иқтисод

"СЕМЕНТИ ТОҶИК". ЭЪТИБОР БАЛАНД АСТ

Шаҳру деҳоти ҷумҳурӣ бо биноҳои хуштарҳу замонавӣ рӯз то рӯз ҳусни дигар мегиранд. Дар бунёд ва азнавсозии биноҳо истифодаи самараноки маҳсулоти ватанӣ баръало ба назар мерасад ва ин бурди ҳар истеҳсолгар ва давлату Ҳукумат дар роҳи расидан ба ҳадафҳои рушд мебошад.
Тайи чанд соли охир сементи тоҷик тавонист, ки ба рақобат бо маҳсулоти воридотӣ тоб оварда, талаботи бозори дохилиро қонеъ гардонад ва ҳатто ба кишварҳои ҳамсоя содирот шавад.
Ба гуфтаи Фазлиддин Нақшов, муовини директори СК «Сементи тоҷик, корхона давоми соли сипаришуда 224,2 ҳазор тонна семент истеҳсол кардааст, ки нисбат ба соли пешӣ 1,16 ҳазор тонна зиёд мебошад. Сифати маҳсулот, ки барои дар бозор мавқеъ пайдо кардан аҳамияти аввалиндараҷа дорад, хеле беҳтар шудааст. Ҳоло корхона  сементи навъҳои гуногуни  хушсифат истеҳсол менамояд, ки дар бозори дохилӣ эътибори баланд пайдо карда, талабот ба он торафт меафзояд. Маҳсулоти соли гузашта истеҳсолнамудаи ҶСК «Сементи тоҷик» 154,2 миллион сомониро ташкил дод, ки нисбат ба соли пешӣ 1,3 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Қисми бештари маҳсулот дар бунёд ва азнавсозии неругоҳҳои барқи обӣ ба кор бурда мешавад. Ғайр аз ин, маҳсулот барои сохтмони дигар иншооти муҳим, аз ҷумла бунёди майдончаҳои варзишӣ, истифода бурда мешавад. Воқеан, ҶСК «Сементи тоҷик» бо мақсади саҳмгузорӣ дар ободонии Душанбешаҳр дар ноҳияҳои Фирдавсӣ ва Синои пойтахт ду майдончаи варзишӣ сохт, ки ҳоло мавриди баҳрабардорӣ қарор доранд.
Гарчанде ки дар ҷумҳурӣ корхонаҳои пуриқтидори истеҳсоли семент ба кор шурӯъ карда, дар рушди истеҳсоли маҳсулоти содиротию воридотивазкунанда саҳми назаррас дошта бошанд ҳам, ҶСК «Сементи тоҷик» эътибори баланду пешинаашро дар ин миён устувор нигоҳ медорад ва дар рушди иқтисодию иҷтимоии кишвари азизамон ҳиссаи арзанда мегузорад.
Сафаргул АЛИМОВА, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 18.01.2018    №: 14    Мутолиа карданд: 569

06.12.2019


Боздиди Рустами Эмомалӣ аз варзишгоҳи «Миллий»

Хуҷанд. Бунёди корхонаи истеҳсоли телевизор, яхдон ва кондитсионер

Масъалаи моҳияти сармояи инсонӣ дар рушди инноватсионӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт

Пекин аз Вашингтон кам кардани боҷи молҳои чиниро дархост намуд

ОПЕК истихроҷи нафтро метавонад кам созад

Дар мактабҳои Қазоқистон гузариш ба алифбои лотиниро мавқуф гузоштанд

Коррупсияро дар Қирғизистон тавассути рақамисозӣ бартараф карданианд

Ҷаҳон дар як сатр

05.12.2019


Беш аз ду тонна доруворӣ ба коми оташ рафт

Фестивали филм ва мусиқии Руминия дар Тоҷикистон

Боздиди Рустами Эмомалӣ аз шаҳри Самарқанд

Дар Афғонистон шоҳасари Бобоҷон Ғафуров “Тоҷикон” чоп шуд

Макрон изҳороти НАТО оид ба «таҳдиди русӣ» - ро зери шубҳа гузошт

Боздошти муовини собиқ сарвари «ДИ» Ал - Бағдодӣ дар Ироқ

Андрей шевченко дар мураббигӣ низ муваффақ аст

Ҷаҳон дар як сатр

04.12.2019


Тақвияти ҳамкориҳо дар мубориза бар зидди терроризму экстремизм матраҳ гардид

Ҷаласаи гурӯҳи корӣ оид ба таҳияи намоишгоҳ бахшида ба мероси муштараки фарҳангии Роҳи абрешим баргузор шуд

Китоби Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Теҳрон рӯнамоӣ мешавад

Мирзиёев раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалиро ба ҳузур пазируфт

Департаменти давлатӣ: «ИМА Россияро маблағгузори терроризм намешуморад»

Ҳукумати Албания хисороти заминҷунбии мудҳишро ҳисоб намуд

Москва ва Киев созишномаи 10 – солаи таҳвили нафтро ба имзо расонданд

Ҷаҳон дар як сатр

03.12.2019


Дар пойтахт барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил гузаронда мешавад

Дар майдони «Дӯстӣ» арчаи солинавӣ қомат меафрозад

«Лолаи тиллоӣ» синамогарони тоҷикро ба ҳам овард

Дар Британия намояндагии маҳфили “Ҷавонони дар хориҷи кишвар таҳсилдошта” ифтитоҳ ёфт

Россия ва Беларус қисме аз ваколатҳоро ба ҳукумати ягона медиҳанд

Олимон суду зиёни қаҳванӯширо ном бурданд

Ҷаҳон дар як сатр

САМБО. Медали биринҷии Сорбон дар Қазоқистон

02.12.2019


Дар Бишкек кишварҳои аъзои СААД 15 санад ба имзо расонданд

Эрдуғон кишварҳои арабро ба ёрии Албания даъват намуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед