logo

сиёсат

ТОҶИКИСТОН. ЭЪТИМОДИ ҶОМЕАИ ҶАҲОНӢ ТАҚВИЯТ МЕЁБАД

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар замони соҳибистиқлолӣ ҳамкории густурдаи минтақавӣ ва байналмилалиро  воситаи муҳимтарини ҳалли масъалаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва таъмини амнияту субот эътироф намуда, ҷонибдори таҳкими муносибатҳои байниҳамдигарӣ бар пояи дӯстӣ ва ҳусни эътимод мебошад.  Ин аст, ки кулли пешниҳодоти Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби бонуфузтарин созмонҳои байналмилалӣ, хосса СММ,  мавриди пуштибонӣ қарор мегиранд. 
Чунонки  ҳамватанони азиз огаҳанд, 22 марти соли ҷорӣ татбиқи ташаббуси нави глобалии Пешвои миллат – Даҳсолаи байналмилалии амал "Об барои рушди устувор, солҳои 2018 - 2028" шурӯъ мешавад. Тавре иттилоъ дода шуд, вобаста ба ин, дар мамолики гуногуни ҷаҳон, аз ҷумла кишвари мо, чорабиниҳои муҳим баргузор мешаванд.
Дар остонаи ин рӯйдоди муҳиму фараҳбахш, бамаврид аст бори дигар аҳамияти онро таъкид созем. Бегуфтугӯ, ин иқдом саривақтӣ буда, татбиқи он барои ҷомеаи ҷаҳонӣ муфид хоҳад буд. Зимни пайгирии масъалаи мавриди назар суханони Дабири кулли СММ Антониу Гутерриш бароям ҷолиб буд.  «Аз дидани асароти тағйири иқлим ба шок афтодам – 30 дарсади пиряхҳои Тоҷикистон об шуданд. Ин ҷо дигар фурсати таъхир барои иқдом дар масъалаи иқлим боқӣ намондааст» («Shocked to see effects of climate change - 30% of Tajikistan's spectacular glaciers melted. There's no time to lose to take climate action»). Ин нигоштаи Антониу Гутерриш дар саҳифааш дар шабакаи иҷтимоии Твиттер, бо нашри се акс дар канори кӯли Сарез, ки баъд аз сафараш ба кишварамон нашр шуда буд,  шояд барои баъзе нафарони «аз ҳама кас ва ҳама чиз норозӣ» падидаи маъмул арзёбӣ шавад.  Чун ин суханонро жарфтар мавриди таҳлил қарор диҳем, ҷанбаҳои дигар падид меояд.
Чун нафари аз назокат ва мушкилоти соҳаҳои обу энергетика  то андозае огоҳ гуфта метавонам, ки  ин андешаи роҳбари ниҳоди бонуфузи ҷаҳонӣ  муҳимияти ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро  собит менамояд. 
Бартар аз ҳама, зимни сафари худ Антониу Гутерриш бобати обшавии пиряхҳо дар кишвари мо  воқеиятро гуфт ва ин омил барои фаъолияти густурда дар ин самт ва ҷалби таваҷҷуҳи бештари ташкилоту созмонҳои байналмилалии зиддахл омили таҳрикбахш хоҳад буд. Тибқи маълумот, аз 14 ҳазор пиряхе, ки дар кишвари мо ба қайд гирифта шудааст, дар давоми 40 соли охир бо сабаби гармшавии иқлим ҳазор пирях аз байн рафтааст ва ин раванд солҳои охир босуръат идома дорад. Бо дарназардошти чунин вазъ, зимни ироаи Паём ба Маҷлиси Олӣ  Пешвои миллат ба Академияи илмҳо супориш доданд, ки Маркази омӯзиши пиряхҳоро таъсис дода, мониторинги доимии пиряхҳо ва дигар сарчашмаҳои обии кишварро ҷиддӣ ба роҳ монад. Муҳимияти масъалаи мавриди назарро Роҳбари хирадсолори мо хеле барвақт дарк карда, дар яке аз суханрониҳои худ қайд намуданд,  ки дар 50 сол захираи пиряхҳои Помир ду маротиба кам гаштаанд.
Бо иттифоқи оро дастгирӣ ёфтани пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бобати эълони Даҳсолаи байналмилалии амал "Об барои рушди устувор, солҳои 2018 - 2028" аз чанд зовия барои кишвари мо муфид аст. Аввалан, далели он ки Тоҷикистон ин навбат низ дар соҳаи  об бо ташаббуси тоза баромад кард, шаҳодат аз он медиҳад, ки то чи андоза Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба об ва истифодаи самараноки он аҳамияти хосса зоҳир менамоянд. Аз ҷониби дигар, Тоҷикистон оид ба масоили об дар арсаи байналмилалӣ бори дигар пешниҳоди муфид намуда, пешсафии худро дар ин ҷода собит кард. Барои мо, хеле муҳим аст, ки ҷомеаи байналмилалӣ аз ин пешниҳодот сабақ омӯхта, ба он пайравӣ намуда истодааст. 
Каримҷони ВАЛӢ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 18.01.2018    №: 14    Мутолиа карданд: 198

21.02.2018


Вохӯрии Сироҷиддин Аслов бо Оле Йоҳан Бёрней

Ҷаласаи ситоди ҷумҳуриявӣ дар Вазорати кишоварзӣ

Баррасии масоили мубрами густариши ҳамкориҳо

Баргузории намоиши «Корвони ҳунар»

Ҷаҳон дар як сатр

СММ Туркияро ба қатъи амалиёти низомӣ дар Африн даъват намуд

Дар ИДМ 90 нафар барои маблағгузории терроризм ба даст афтод

Кушта шудани 24 полис аз дасти толибон

ДИ дар Афғонистон ва Покистон реша медавонад

Венесуэла соҳиби криптоасъори худ шуд

Samsung дроне баровард, ки бо нигоҳ идора мешавад

20.02.2018


Бизнес-форуми доираҳои соҳибкорӣ баргузор мешавад

Хисрав Соҳибзода бо Султон Саъд ал-Мурайхӣ мулоқот намуд

Дурнамои рушди сиёсати давлатии ҷавонон матраҳ мегардад

ҶДММ “Суғуртаи асри XXI” соҳиби иҷозатнома шуд

Ҷаҳон дар як сатр

Вячеслав Володин: «Дар Сурия миёни «ДИ» - ро Русия шикаст»

Гуфтушуниди Чин бо ҷудоихоҳони покистонӣ

Қазоқистон: «Шустан» - и $500 миллион ва 8 сол маҳрумӣ аз озодӣ

Барои барқарорсозии Мехико баъди заминҷунбӣ шаш сол зарур аст

19.02.2018


Сироҷиддин Аслов бо Валбурга Рос мулоқот намуд

Муносибатҳои тиҷоратию иқтисодӣ бо Япония густариш меёбанд

Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ба стандартҳои ҷаҳонӣ мутобиқ мешавад

Барориши нахустини коғазҳои қиматнок ба иқтисоди кишвар 500 миллион доллар ворид намуд

Нуъмон Абдуғаффорзода: "Ба шарофати имтиёзҳои андозию гумрукӣ инфрасохтори сайёҳӣ рушд меёбад"

Ҷаҳон дар як сатр

Масъулияти куштори одамон дар Қизлярро «ДИ» ба зимма гирифт

ИА воридсозии сулҳофарон ба Донбассро воситаи қатъи таҳрими зиддирусӣ мешуморад

Мексика дар 33 мунитсипалитет ҳолати фавқулода роҳандозӣ кард

Садамаи чархбол боиси марги 13 нафар гашт

Дар Венесуэла ҳавопаймо ба болои хона афтид

Варзиш

17.02.2018


Сироҷиддин Аслов бо Ясмин Гуедар мулоқот намуд

Баррасии рушди муносибатҳои Тоҷикистону Озарбойҷон


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед